Вале бар ивази раҳпаймоиву шиорпароканӣ, ташаббускорони эътироз аз занҳое, ки дар хориҷа соҳиби иҷозатномаи ронандагӣ шудаанд, даъват карданд, ки савори мошин ба хиёбонҳо бароянд.
Занҳое, ки рӯзи ҷумъа ба хиёбонҳои Арабистони Саудӣ рехтанд, аз ҳукумати шоҳигарӣ танҳо як талаб доштанд.
Хости онҳо ин аст, ки барояшон ҳаққи нишастан сари чанбари мошин фароҳам оварда шавад. Ҳарчанд дар ин кишвар ҳеҷ қонуни вижаи манъкунандаи ронандагии занҳо вуҷуд надорад, вале мақомоти Саудӣ зери таъсири рӯҳониёни ваҳҳобӣ, занҳои кишварро аз чунин ҳақ маҳрум кардаанд.
Баҳонае барои ташкили чунин як намоиши эътирозии сулҳомез ҳамин шуд, ки моҳи гузашта як зан навори видеоии ронандагии худро сабт карда дар сайти интернетии ю-тюб нашр кард. Ин зан барои чунин кор ба нӯҳ рӯзи зиндон маҳкум шуд.
Дар Риёз раиси иттиҳодияи ҳуқуқи сиёсиву шаҳрвандӣ дар Саудӣ Маҳаммад Ал-Қаҳтонӣ дар ин замина мегӯяд: “Мо дар ин кишвар бояд дар баландтарин сатҳ ҷасорати худро нишон диҳем. Раҳбарияти сиёсиии ин кишвар, донишмандон бояд ин масъаларо пурра ҳал кунанд, то ки занҳо аз ҳуқуқи оддии худ маҳрум нашаванд.”
Хонум Умми Абдулло, ки дар Ҷидда ба сар мебарад, мегӯяд, набуди ҳақи иҷозаи ронандагӣ кори ҳамарӯзаи ӯро душвор мекунад: “Хуб мешавад, агар занҳо ронандагӣ кунанд. Чаро? Чунки мо ҳоло дучори мушкил ҳастем. Масалан, мо бо таксӣ, бо ронандаҳо, бо нерӯи кории хориҷӣ мушкил дорем. Ин ҷо масъала дар пул нест, ин бештар мушкили равонӣ аст.”
Бонувони дигари Саудӣ ба ин назаранд, ки ин ҷо бештар нигарониҳои амниятӣ ва бехатарӣ матраҳ аст: “Агар ман худам ронандагӣ кунам, зарурате пеш намеояд, ки як хеши мард маро барои анҷоми корҳои хонаву ба мактаб расондани кӯдакон ва дигар корҳо ҳамроҳӣ кунад. Ман бояд бидуни мушкил ба корҳои ҳамарӯзаам расидагӣ кунам ва зарурате барои нишастан ба таксӣ, ки ронандааш як марди бегона буда пеш намеояд, то худро дар дохили мошинаш ноамн ҳис накунам.”
Пурсишҳо нишон медиҳад, ки дар миёни мардҳои сокини Саудия низ тарафдорони бекоршавии муқаррароти манъи ронандагии занҳо кам нестанд. Онҳо бештар аз сабук шудани масъулиятҳои ҳамарӯзаи худ дар баробари хонавода сӯҳбат мекунанд.
Вале ба андешаи бархе занҳои дигар, ҳатто дар сурати ба фоидаи бонувон ҳал шудани масъалаи бекоршавии монеи ронандагӣ, дар ҳаёти ҳамарӯзаашон занҳои Саудӣ бо фишору маҳдудиятҳои хеле зиёд рӯбарӯ ҳастанд.
Муно Ан-Носир, як сокини Ҷидда мегӯяд: “Тасаввур кунед, ки агар чархи мошини ман суст шаваду ман дар роҳ бозистам, фикр мекунед, ки мардҳои бегона ба ман кор нахоҳанд дошт? Баръакс, онҳо омада ба ман гап мепартоянд. Ҳатто агар ман бо падарам берун равам, онҳо азиятам мекунанд. Агар ман танҳо сари чанбар шинам, чӣ мешавад? Зиёд азиятам мекунанд.”
Аз назари таҳлилгарон, эътирози занҳо дар Арабистони Саудӣ аз як сӯ, аз таҳаввулоти ҷаҳони Араб илҳом мегирад. Ҳоло, мегӯянд мунаққидон, мақомоти Саудӣ аз ду роҳ якеро бояд интихоб кунанд, ки эътирози занҳоро саркӯб карда бо маҳкумиятҳои ҷомеаи байналмилалӣ рӯбарӯ шаванд ва ё қадаме ба сӯи тағйир додани тафаккури рӯҳониёни суннатии ваҳҳобимазҳаб, ки ҳамеша мухолиф бо ислоҳот будаанд, гузоранд.