Шаҳрдории Душанбе эълом кардааст, ки беш аз 25 ҳазор сокинон барои дарёфти иҷозаи сохтмони манзил ба идораи шаҳрдорӣ муроҷиат кардаанд.
Қарор аст, ҳукуматҳои маҳаллии ноҳияҳои ҳукумати пойтахти Тоҷикистон дар ихтиёри эҳтиёҷмандон 3 -сотихӣ замин дар маҳаллаи Ховарон ҷудо кунанд. Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон 1338 ширкати сохтмонӣ фаъол аст ва солона ҳудуди 980 ҳазор метри квадратӣ манзили истиқоматӣ ба истифода медиҳанд. Вале масъалаи муҳим дастрасии мардум ба ин хонаҳо аст.
Аксарияти мӯҳтоҷон ба манзили зист тавони хариди ин хонаҳоро надоранд ва мехоҳанд замин гирфта худашон хона созанд. Ба гуфтаи бархе аз коршиносон, ба далели болоравии қимати маводи сӯхт, нархи масолеҳи сохтмонӣ низ боло рафтааст. Аммо Муҳаммадсолеҳ Кабиров, раиси ширкати сохтмонии «Бинокорсервис» мегӯяд, ки болоравии қимати манзил ба ин далел мушоҳида нашудааст:
«Дар сохтмон то агар ширкатҳои хонасоз ноилоҷ нашаванд, қиматро боло намебаранд. Ин раванд метавонад аз як сол бештар тӯл кашад».
Ба гуфтаи ҷаноби Кабиров, хонаҳое, ки ин ширкат месозад як метри квадратиаш 500 доллари амрикоӣ қимат дорад. Як манзили 50 метри квадратӣ 25 ҳазор доллар арзиш дорад, ки нисбат ба хонаи худсохт арзонтар аст. Пас ин суол матраҳ аст, ки ба чӣ далел мардум барои хариди хонаҳои сохтаи ширкатҳои сохтмонӣ алоқамандӣ ё талош надоранд.
Раиси ширкати «Бинокорсервис» дар посух ба ин суол гуфт: «Далели аслӣ ин нобоварии мардум ба ширкатҳои сохтмонист, ки дар бархе аз маврид фиреб мехӯранду пули худро гирифта наметавонанд. Ба ин далел мардум фикр мекунад, ки замин гирифтану хона сохтан баэътимодтар аст. Моҷарои ахири ширкати сохтмонии Мовҷароун наҳр» боз ин нобоварии мардум ба ширкаҳои сохтмониро зиёдтар кардааст».
Муҳаё Аҳмадова, сокини шаҳри Душанбе ду фарзанд дорад ва дар хонаи модараш ба сар мебарад. Вай дар сӯҳбат бо РО гуфт, ман бидуни кӯмаки шавҳарам ду фарзандамро мехӯронам ва дар ин ояндаи наздик аз тавони хариди хона бархӯрдор намешавам:
«Агар раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе лутф кунаду ба ман замин бидиҳад, ман дар давоми чанд сол бо кумаки хешовандонам метавонам хона созам. Шавҳари ман гарчанде, ки маро суроғ намекунад, вай ҳам имкони хонахарӣ надорад».
Тибқи меъёерҳои таъинкардаи бархе аз ҳукуматҳои маҳаллӣ дар деҳот ба хонаводаҳое замин дода мешавад, ки дар хонаи падару модар чор фарзанди хонадоршуда якҷоя зиндагӣ кунанд.
Ба гуфтаи таҳлилгарон, далели дигари мӯҳтоҷии зиёди мардум ба хона ин серфарзандӣ ва ба нақша нагирифтани ташкили хонавода бо дар назар гирифтани тавони молии падару модар аст.
Ба қавли ҳамин таҳлилгарон, далели дигар фасоди молӣ дар миёни мақомоти давлатӣ дар тақсими ноодилонаи замин ва ғайриқонунӣ фурӯхтани замин аст.