Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарҳо ба фаъолияти СҲШ


Дар шаҳри Остона даҳумин солгарди таъсиси Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, ки дар раъси он Чин ва Русия қарор доранд, таҷлил мешавад.

Ба ин манзур сарони кишварҳои узви ин созмон дар пойтахти Қазоқистон гирди ҳам омада ва ҷаласаи 10-умин солгарди ташкили Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор мекунанд.

Баъд аз ин ҷаласа раёсати давраии ин созмон аз Қазоқистон ба Чин мегузарад. Созмони мазкурро соли 2001 дар ҳамоише 5 кишвар Русияву Чин, Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон таъсис доданд. Аммо дар остонаи ҷашни 10-солагии СҲШ, назари таҳлилгарону коршиносон ба фаъолияти ин созмон чӣ гуна аст?

«УЗВИЯТИ УЗБАКИСТОН БА СҲШ ИШТИБОҲ БУД»

Раҳмон Улмасов, устоди Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия:

Созмони Ҳамкориҳои Шанхай воқеан як ташкилоти минтақавист ва то ҷое ҷойгоҳи худро дорад. Ин созмон дар минтақа бештар рӯи масоили иқтисодӣ ва ба хусус кӯмак ба кишварҳои ҳамсояи Чин таваҷҷӯҳ кардааст. Аммо заъфи ин созмон он аст, ки дар ҳалли муноқишоти минтақавӣ кори муассиреро анҷом надод. Ба хусус дар ҳаводиси Қирғизистон. Аз сӯи дигар ихтилофоти кишварҳои узвро натавонистааст, ки ҳал кунад. Манзур ихтилофи миёни Узбакистон бо Тоҷикистон, Узбакистон бо Қирғизистон ва ғайра. Ба фикри ман узвияти Узбакистон ба Созмони ҳамкориҳои Шанхай иштибоҳ буд. Чаро, ки бо ворид шудани ин кишвар ба ин созмон, фаъолияти ин созмон кунд гардид ва мушкилоти фаровоне пешорӯ омад, ки ҳамакнун кишварҳои узв аз он берун шуда наметавонанд.

Аз сӯи дигар заъфи Созмони ҳамкориҳои Шанхай он аст, ки ин созмон натавонист мисли Иттиҳодияи Аврупо ҳамоҳангиҳои воҳидеро, ба мисли фазои ягона, ҳамонгуна, ки Иттиҳодияи Аврупо дорои фазои ягонаи Шенгенӣ аст, дошта бошад. Агар дар воқеъ ин созмон бихоҳад то на танҳо дар минтақа, балки дар ҷаҳон ба унвони созмони қавӣ шинохта шавад, бояд манофеи сиёсиро канор гузорад ва барои ба ҳам омадани ҳама кишварҳои узв талош кунад.

«ЧИН ВА РУСИЯИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛИРО КАНОР ГУЗОРАНД»

Раҳматулло Абдуллоев, коршиноси Маркази мутолеоти Афғонистон ва минтақа:

Албатта даҳ ва ё 15 соли фаъолият, нишондиҳандаи тавонмандиҳои як ташкилоти байналмилалӣ нахоҳад буд. Созмони ҳамкориҳои Шанхай низ дар марҳалаи феълӣ давраи ташаккулёбии худро пушти сар мекунад. Аммо дар ин созмон ду кишвари абарқудрати минтақа ва ҷаҳон -Чин ва Русия шомил ҳастанд, ки самти асосии сиёсати созмонро онҳо муайян ва мушаххас мекунанд. Ва рӯшан аст, ки ин ду давлат ҳимояи манфиатҳои миллии худро боло мегузоранд. Маҳз ин яке аз сабабҳои кундии фаъолияти СҲШ маҳсуб меёбад. Ба ғайр аз ин, бештар ҷанбаи сиёсии фаъолияти СҲШ ҳоизи аҳамият дониста мешавад.Зеро дар оламе, ки диктат ва ё фармонфармоии Ғарб дар ҳама соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ низомӣ ва фарҳангӣ мегузарад, ташаккул ёфтани як қутби дигари сиёсати байналмилалӣ ин худ дар ҳамин симои СҲШ мушоҳида мешавад, ки мутаассифона ҳанӯз наметавонад бо Ғарб рақобат кунад.

«ТАЪСИРИ ОМИЛҲОИ БЕРУНӢ- ЗАЪФИ СҲШ»

Ҳикматулло Сайфуллозода, муовини раиси Маркази таҳлилии «Диалог»:

СҲШ дар сурати шомил кардани кишварҳои дигари минтақа, назири Ҳинд ва Эрон метавонад дар тасмимгириҳои байналмилалӣ таъсиргузор бошад. Заъфи ин созмон низ дар он аст, ки то ҳол ба омодагии кишварҳои алоқаманд посухи мусбат надодааст. Албатта маълум аст, ки таъсири омилҳои берунӣ монеъи пазируфтани Эрону Ҳинд аст. Чун Чин ба унвони қудрати ин созмон ҳамкориҳои дигари беруниеро дорад, ки ба хотири онҳо то ҳол дар ҷиҳати пазируфтани Эрон тасмими қотеъро нагирифтааст. Дуруст аст, ки бархе аз кишварҳои узв, монанди Тоҷикистон хоҳони пайвастани Эрон ба СҲШ аст, аммо набуди ҳамоҳангии воҳид ва аз сӯи дигар бархӯрд ба ин масъала, аз лиҳози манфиатҳои хеш тавассути абарқудратҳои созмон ин қазияро ба дарозо кашондааст. Танҳо ва танҳо ба узвияти СҲШ пазируфта шудани дигар аз кишварҳои алоқамади минтақа, назири Эрон, ки моил ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ аст, метавонад ба дурнаоми фаъолияти ин созмон дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон таҳарруки чиддие бидиҳад.
XS
SM
MD
LG