Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши қимати гуфтугӯҳои телефонӣ бо Русия


Хадамоти зидди инҳисории давлати Тоҷикистон қимати гуфтугӯҳои телефонӣ бо Русияро боло бурдааст.

Ин иқдом дар ҳолест, ки ҳоло болоравии қиматҳо дар бештари соҳоти иқтисод ва иҷтимои Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад. Ба таъкид коршиносон, ин болоравӣ метавонад, теъдоди муштариёни ширкатҳои мобилиро коҳиш бидиҳад.

Ҳамакнун қимати гуфтугӯи телефонӣ бо Русия ҳудуди 50 дар сад афзоиш хоҳад ёфт. Қосим Ҷамилов, сокини шаҳри Душанбе дар Маскав бо тиҷорат машғул асту дар Душанбе панҷ фарзандашро мехӯронад ва харҷи чаҳор телефони мобилро пардохт мекунад.

Ҷаноби Ҷамилов дар бораи харҷи пардохти телефонҳои дар Душанбе доштааш гуфт: «Ман дар Маскав барои ҳар як телефон ҳафтае сад рублӣ пардохт мекунам ва дар Душанбе 3 доллар ба ҳисоби телефонҳои хонаводаи ман ворид мешавад. Агар 12 сенти амрикоӣ қимати гуфтугӯ бо Русия боло шавад, ман маҷбурам ду телефони хонаводаамро хомӯш кунам, то харҷам зиёд нашавад.»



Воқеан гуфтугӯҳои садҳо ҳазор нафар сокинони Тоҷикистон бо Русия ба ҳамин шева сурат мегирад ва ба гуфтаи таҳлилгарон, агар қимати гуфтугӯи телефонӣ бо Русия то 12 сенти амрикоӣ барои як дақиқа боло равад, дар он сурат имкон дорад, ширкатҳои телефонҳои мобил ҳудуди 50 ё каму зиёд муштариёни худро аз даст бидиҳанд. Пас суол ин аст, ки ширкатҳои мобилӣ аз болоравии қимати гуфтугӯ чӣ нафъ ба даст меоранд?

ЧАРО НАРХИ МУКОЛАМА БОЗ ҲАМ АФЗОИШ ЁФТ?

Ғафур Эркаев, раиси асотсиатсияи ширкатҳои телефонии мобил дар Тоҷикистон дар посухи ин суол гуфт: «Хадамоти зидиинҳисории ҳукумати Тоҷикистон ин иқдомро ба хотири фароҳам кардани шароити яксон ва рақобати солим дар миёни ширкатҳои телефонӣ бардоштааст. Мо илоҷи дигар надорем. Бубинед, ҳама навъҳои хидматрасонӣ ба далели болоравии қимати маводи сӯхт афзоиш ёфтааст. Вале ширкатҳои мобил талош мекунанд, ки болоравии қимати гуфтугӯ якбора ба вуҷуд наояд. Ҳатто бархе аз ширкатҳо талош доранд, аз ҳисоби захираҳои худ ин пардохт ба давлатро пӯшиш бидиҳанд.»

РАҚОБАТИ НОСОЛИМИ ШИРКАТҲО

Агар Хадамоти зиддиинҳисории давлати Тоҷикистон нархномаи яксон барои ҳама ширкатҳои телефонҳои мобилро рақобати солим дониста бошад, Давлатмурод Ҷумаъев, раиси Асотсиатсия рушд ва пуштибонӣ аз соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ба ин нукта розӣ нест. Ба гуфтаи вай рақобати носолим он аст, ки як ё ду ширкат бозори алоқа ё дигар бахшро монополия кунанд.

Ҷаноби Ҷумаев афзуд: «рақобат рушди бозор ва пойин овардани қиматҳост, на балки боло бурдани он. Нархномаи яксон рақобатро аз байн мебарад. Барои мисол ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ бо хат-сайрҳои чартерӣ муҳоҷирони тоҷикро арзон мебаранд. Дар ҳоле, ки ширкатҳои ҳавопаймоии Сомонэйр ва Тоҷикэйр, ки аз як даст раҳбарӣ мешаванд, ин бозорро монополия кардаанд ва қимати билети онҳо таҳмилист ва болотарин дар ҷаҳон ба ҳисоб меояд. Ин магар рақобати солим аст?»

Тирамоҳи соли гузашта ширкатҳои мобилии Русия эълом доштанд, ки қимати гуфтугӯро боло мебаранд, вале ба ширкатҳои тоҷикистонии вобаста ба Русия дар Тоҷикистон имтиёз доданд, ки ин нархи гуфтугӯро то 6 сенти амрикоӣ нигоҳ доранд.

Ширкатҳои телефонии Тоҷикистон дар ин иқдом ба қавле рақобати носолимро диданд, ки гӯё ба зиёд шудани муштариёни ширкатҳои телефонии вобаста ба Русия дар Тоҷикистон мунҷар мешавад. Ба ин далел нархномаи 12 сентӣ барои гуфтугӯи як дақиқаӣ рӯи кор омад.

"ГӮР СӮЗАДУ ДЕГ ҶӮШАД"

Давлатмурод Ҷумъаев, иқтисоддони тоҷик далели ин амрро ҷунин тавзеҳ дод: «Ҳама масъала сари он аст, ки як кор карда ба буҷа пул резанд. Ин ҳама як навъ худнамоӣ аз сӯи раҳбарони беҳунар, амсоли Бег Зуҳуровичу Кумитаи андозу дигару дигарон аст, ки бо ин кор мехоҳанд бигӯянд, ки мо кордонем, вале оқибати онро фикр намекунанд. Ба қавле «гӯр сузаду дег ҷӯшад» ва курсиҳои худро аз даст надиҳанд.»

Ба гуфтаи ҷаноби Ҷумъаев, эъмоли андози аксизи 3 дарсадӣ барои телефонҳои ҳамроҳ низ аз ҳамин қабил ибтикори раҳбарони беҳунар буд, ки оқибат ба болоравии нархи гуфугӯҳои телефонӣ мунҷар шуд ва то 12 сенти амрикоӣ боло бурдани қимати гуфтугӯ мушкилоти дигареро дар оянда дар пай хоҳад дошт, ки на барои зиндагии ҳамин қабил раҳбарон, балки барои мардуми оддӣ, мушкил эҷод хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG