Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи дипломдорон ба Аврупо боз шуд?


Тибқи санади имзошуда миёни Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо, дипломи донишгоҳҳои Тоҷикистон дар қаламрави ин иттиҳодия бояд эътироф шавад.

Хуршед Зиёёев, сардори Хадамоти давлатии назорат дар вазорати маорифи Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, ки тарҳи ин санад қаблан аз тарафи вазорати корҳои хориҷӣ ба вазорати маориф пешниҳод шуда буд ва дар ҷараёни сафари ахири раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо ба имзо расид.

"ДИПЛОМҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД, ДОНИШ ҲАМ ЛОЗИМ АСТ"

Оғои Зиёев меафзояд, ки ҳамакнун бар пояи ин санад, дипломҳои мактабҳои олии кишвар дар ҳудуди кишварҳои аъзои Иттиҳодия Аврупо пазируфта мешаванд. Аммо, эътирофи дипломҳои Тоҷикистон дар кишварҳои Аврупо маънои онро надорад, ки хатмкунандагони мактабҳои олии кишвар дар хориҷ бо чашми пӯшида, бидуни дар назар гирифтани малакаи ихтисос ба кор гирифта шаванд.

Оғои Зиёев меафзояд: «Эътирофи ҳуҷҷати таҳсил ин эътирофи малакаи маҳорати касбӣ аст, вақте дипломдорони мо дар кадом ташкилоте, ки ба кор гирифта шаванд, малакаи онҳо дар қатори диплом, мадди назар гирифта мешавад. Мутаассифона мо хатмкунандагоне дорем, ки дар қатори маҳорати касбии хуб надоранд, ҳатман ин омилҳоро ҳам ба назар мегиранд, ин ба тариқи техникӣ ба кор қабул карда намешаванд. Боз ҳам хатмкунандагоне дорем, ки малакаи онҳо ҷавобгӯи ҷаҳонӣ аст ва онҳо мутахассисони хуб ҳастанд.»

Конвенсияи баробарарзишӣ санади хатми таҳсилоти байналмилалӣ, ҳанӯз соли 1960 байни як қатор давлатҳои амрикоӣ ва аврупоӣ ба имзо расида буд. Баъди парокандашавии Иттиҳоди Шӯравӣ ё суқуқти низоми сотсиалистӣ, кишварҳои ИДМ ба ин санад имзо гузоштанд. Ва ҳоло 175 кишвари дунё зери он имзо гузоштаанд ва ҳамакнун хатмкунандагони Тоҷикистон ҳам имкон пайдо карданд, ки дар қаламрави ин кишварҳо пайи касбу кор раванд.

НИЁЗИ ТОҶИКИСТОН БА МУТАХАССИСОНИ ХУДӢ

Дар ин санад барои довталабони кор ба кишварҳои Аврупо, ягон талабот пешниҳод нашудааст ва ягон имтиёз дода намешавад. Ҳуқуқҳои довталабони кор монанди муҳоҷирони корӣ дар кишварҳои хориҷ дар асоси қонунгузории ҳамон кишвар ҳимоя ва риоя мешаванд.

Дипломҳои Тоҷикистон ба бозори Аврупо дар ҳоле роҳ меёбанд, ки худи кишвар мушкили мутахассис ё кадрӣ дорад ва сарусадоҳо атрофи ба меъёрҳои муосир ҷавобгӯ набудани сифати таълим ҳам кам нест. Афзун бар ин, камии маош ва вазъи сахти иҷтимоӣ, кадрҳои лаёқатмандро водор ба он кардааст, ки ба хотири маоши хуб ва таъмини иқтисодии хеш, аз кишвар фирор кунанд.

"БА ДАРДИ ҶАВОНОНИ ДИПЛОМДОР НАМЕХӮРАД"

Эраҷи Амон, як ҷавони тоҷик бар ин назар аст, ки имзои чунин санадҳо ба дарди бекории ҷавонони дипломдори тоҷик намехӯрад. Зеро барои ба Аврупо рафтан ва санади иқомат дарёфт кардан, маблағи калон ва талошҳои зиёдро талаб мекунад: «Аз донишгоҳҳои техникӣ кадрҳое баромаданд, ки хориҷ талабгори онҳо аст, аммо дар Тоҷикистон ба қадри онҳо намерасанд ва маъмулан кадрҳо бар пояи маҳал ва хешу табор дастгирӣ мешаванд.»

Махфират Акрам, устоди яке аз донишгоҳҳои Тоҷикистон бар ин назар аст, ки роҳ ёфтани ҷавонони дипломдори кишвар дар хориҷ то ҷойе метавонад, ки завқи ҷавононро ба дониш омӯхтан зиёд кунад ва ҳам имиҷи кишварро боло барад.

Дар вазорати маориф ба Озодӣ гуфтанд, ки айни ҳол дипломҳои то соли 1993 мактабҳои олии Тоҷикистон дар ҳавзаи Иттиҳои Давлатҳои Мустақил эътироф мегардад. Аммо баъди соли 1993 дипломҳои Тоҷикистон танҳо дар асоси меъёрҳои баробарзишии дохили кишварҳо эътироф мегардад.

САДҲО ДИПЛОМДОРИ ТОҶИК ДАР АҚСОИ ГЕТӢ

Айни ҳол беш аз 1000 нафар хатмкунандагони кишвар дар Русия, Ҳиндустон, кишварҳои арабӣ ва он ҳам умдатан дар бахши тиб ва улуми дақиқ кору фаъолият доранд.

Таҳлилгарон мегӯяд, ки дар сурати боз шудан дари Аврупо ба руйи мутахассиони тоҷик, эҳтимол меравад онҳое, ки ихтисоси хуб доранд ва бо маоши ночиз дар дохил кор мекунанд, бо ҳадафи расидан ба шароити мусоиди иқтисодӣ ва рӯзгори шоиста, аз кишвар берун шаванд ва Тоҷикистон дигарбора ба бӯҳрони кадр рӯ ба рӯ шавад.

Дар ҳоле, ки коршиносон эътибор пайдо кардани дипломҳои Тоҷикистонро дар Аврупо расидан ба орзуҳои маоши муносиб ва ҳаёти муосир маънидод мекунанд, таҳлилгарони хориҷӣ ва рус дар ҳошияи имзои ин санад мегӯянд, ки Русия ва кишварҳои ИДМ чанд сол қабл зери ин санад имзо гузошта буданд, аммо то ба ҳол ин фурсат барои дипломдорон ё ихтисосамандони ин кишварҳо дар ёфтани ҷойи кории муносиб мусоидат накардааст.
XS
SM
MD
LG