Ҷаннатулло Абдураҳмонови 49-сола, ки қаблан се дафъа суд шудааст, дар моҳи ноябри соли гузашта аз сӯи кормандони кумитаи амнияти миллӣ боздошт шудааст. Ба иддаои мақомот, вай узви фаъоли «Ҷамоати таблиғ» мебошад, созмоне, ки фаъолияташ аз ҷониби додгоҳи олии Тоҷикистон экстремистӣ шинохта шуда ва расман мамнӯъ эълон гардидааст.
МАҲКУМИЯТ БАРОИ ФАЪОЛИЯТҲОИ ИФРОТГАРОЁНА
Ҳасан Мӯъминов, додраси мурофиаи Абдураҳмонов дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, маҳкумшуда Абдураҳмонов барои ташкили фаъолиятҳои ифротгароёна, яъне бар асоси моддаи 307-и кодекси ҷиноии Тоҷикистон, маҳкум ба зиндон шуд: "Абдураҳмонов қаблан ҳам
се маротиба бо моддаҳои 111 (қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ), 112 (қасдан расонидани зарари сабук ба саломатӣ) ва 116 (латукӯб) суд шудааст. Ин дафъа ӯро барои бо аъзои дигари «Ҷамоати таблиғ» дар масҷиди Навободи ноҳияи Бохтар ва масҷиди яке аз маҳаллаҳои Қӯрғонтеппа амри маъруф ва даъватҳои хилофи қонун карданаш дастгир ва суд шуд. Мӯҳтавои амри маъруф ва даъватҳои ӯ ба қонунҳои ҷории кишвар мухолифат карда, асосан даъват ба тағйири сохти конститутсионии давлат ва мисли ин буд. Вай дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ гуноҳи худро иқрор кард ва ин чиз зимни эълони ҳукм ба инобат гирифта шуд."
НОРОЗИГӢ АЗ ҲУКМИ ДОДГОҲ
Ва аммо Сулаймон Султонов, вакили мудофеъи ҳуқуқи Абдураҳмонов, ба ҳукми додгоҳ норизо буда мегӯяд, дар кирдорҳои нафари таҳти ҳимояташ таркиби ҷиноят вуҷуд надоштааст. Ба иддаои ӯ, додгоҳ як идда нуқсҳои ошкоршудаи кори муфаттишони парвандаро ошкор кард ва мебоист мурофиаро бозмедошт, аммо чунин нашуд: «Ман чунин мепиндорам, ки нахуст худи «Ҷамоати таблиғ» созмони экстремистӣ нест ва нафари зерҳимояи ман набояд ҳамчун ҷинояткори ифротгаро маҳкум ба зиндон мешуд. Зеро исбот нашудааст, ки дар фаъолияту зиндагиаш Абдураҳмонов фаъолияти ифротӣ, даъват ба нооромии давлат,
дигаркунии сохти конститутсионӣ, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ ва мисли ин бо ташкили гурӯҳ ё маслиҳатҳою нақшакашиҳо (он гуна, ки қонун «экстремизм» ва «амали экстремистӣ»-ро шарҳ додааст), умуман дида намешавад. Абдураҳмонов худаш амри маъруф накардааст, балки ба ҷавонон насиҳат кардааст, даъват ба эҳтироми роҳбарияти давлат ва қонунҳои кишвар кардааст, онҳоро ба ҳурмати волидон ва иззату икроми одамон таблиғ кардааст, на ягон мавзӯъи сиёсӣ ё халалдоркунандаи амнияти миллӣ. Масъалаи дар гузашта суд шуданаш ба муноқишаҳои оилавӣ иртибот дошта, вай ҷазои шартӣ гирифтааст.»
" ОЁ ҶАМОАТИ ТАБЛИҒ ХАТАРЗО АСТ"
Дар парвандаи Ҷаннатулло Абдураҳмонов ишора шудааст, ки вай аз ҷумлаи даҳҳо аъзои созмони мамнӯъи «Ҷамоати таблиғ» мебошад. Дар моҳи майи соли гузашта додгоҳи вилояти Хатлон 36 узви ҳамин гурӯҳро ба мӯҳлатҳои гуногун равонаи зиндон кард.
Ҳуқуқшиносони Мушовараи адвокатҳои вилояти Хатлон масъулияти ҳифзи ҳуқуқи беш аз 40 узви «Ҷамоати таблиғ» дар мурофиаҳои додгоҳиро ба дӯш доштааст.
Ғулом Бобоев, раиси мушовараи мазкур гуфт, «Ҷамоати таблиғ» ва пайравони ин созмон дарвоқеъ ба амнияти Тоҷикистон хатарзо ҳастанд:
«Бо такя ба таҷрибаи бисёрсолаи кориам мегӯям, ки воқеан, ин гурӯҳи хатарнок аст ва ҳадафашон тағйири сохти давлатдорӣ ва мафкураи аҳолии кишвар мебошад. Бисёре аз пайравони ин созмон дар мактабҳои махсуси хориҷ аз кишвар таҳсил кардаанд ва бо ақидаю мақсадҳои муайян ба Тоҷикистон омадаанд. тирпарронию одамрабоӣ ва дигар чизҳоро машқу тамрин кардаанд. Ҳатто нафароне, ки дар мурофиаи судӣ онҳоро ҳимоя мекардам, вақте бо ман сӯҳбат мекарданд, ошкор мегуфтанд, ки роҳи бозгашт надоранд
ва аз кардаи худ пушаймон нестанд. Ақидаҳои зиддидавлатӣ доранд.
Озодӣ: Шумо мегӯед, ки масъулияти беш аз 40 гумонбар дар пайравии «Ҷамоати таблиғ»-ро адвокатҳои шумо ба дӯш доштанд. Агар ба ин андеша пойбанд ҳастед, ки нафарони зерҳимояти шумо ҳатман гунаҳкору хиёнаткор ҳастанд, чаро ба ҳимояи онҳо розӣ шудед?
Бобоев: Инҳо зидди давлати конститутсионӣ кор мебаранд ва мехоҳанд, ки давлати исломӣ таъсис бидиҳанд. Талаботи қонун ҳамин аст, ки бояд адвокат ҳуқуқу манфиатҳои гумонбарро ҳимоя кунад, то мавриди шиканҷаю латтукӯб қарор нагирад, ғайриқонунӣ боздошт нашавад. Ман аз зерҳимояҳо пурсидам, ки агар шумо мехоҳед ҳаёти мазҳабӣ дошта бошед, чаро ба ҳизби характери динидоштаи наҳзати исломӣ аъзо намешавед, ки расман фаъолият дорад. Гуфтанд, ки «ин ҳизб ба ҳукумат наздик аст, аз сиёсати давлат дастгирӣ мекунад». Барои ҳамин ман фикр мекунам, ки бисёре аз маҳкумшудаҳо, ки дар мактабҳои махсуси Покистону Ҳиндустон таҳсил кардаанд, ҳатман ҷазои сазовор гирифтаанд…»
Дар зарфи як соли ахир дар Тоҷикистон наздик ба 100 нафар бо ҷурми узвият ё пайрави аз созмони «Ҷамоати таблиғ» маҳкум ба зиндон ё дигар ҷазоҳои шартӣ шудаанд. «Ҷамоати таблиғ» бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2006-ум ҳамчун созмони ифротгаро шинохта шуда, фаъолияти он дар қаламрави кишвар расман манъ гардидааст.