Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баробарӣ баробари бародарист


Кӯдак будам. Дар синфи 4 ё 5 мехондам. Дарси адабиёти рус буд. Муаллимамон сарқонуни собиқ Иттиҳоди Шӯравиро бо русӣ мехонду ба тоҷикӣ ба мо тарҷума мекард. Мо бо диққат гӯш мекардем. Билохира дар ҷое омад, ки он ҷо навишта шуда буд: «Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ихтиёрона аз ҳайҳати Иттиҳоди Шӯравӣ барояд». Бо хондани ин ҷумла аввалин бор гиря гулӯгирам намуд. Фикр кардам, ки наход рӯзе Тоҷикистон аз ҳайати ин давлати абарқудрат, қашангу зебо ва мӯнису ғамхори мо барин ятимону бепарасторон, пирони барҷомондаву меҳнаткашон ҷудо мешавад. Он лаҳза рӯзҳои наҳси ҷудошавии Тоҷикистон аз Иттиҳоди Шӯравиро тасаввур мекардаму мегиристам. Мегиристам, зеро дар оғӯши гарми падаронаи ин давлат худро ятим ҳис намекардам, зар мактаб ва ҷомеа маро аз дигарон азизтар медоштанд.

Телевизион тамошо мекардаму кадом минтақаи Иттиҳоди Шӯравиро, ки нишон намедоданд, мо фахр мекардем ин ватани мост. Ҳатто боре тариқи телевизион дар бешазори Сибир санҷоби сапеди зебоеро нишон доданд ва ман дилпурона ба хоҳарчаам ваъда кардам, ки ба аскарӣ рафта ҳатман чунин як санҷобаки зеборо барои ту аз бешазори Сибир гирифта мебиёрам ва ин орзуии доимии ман буд.

Синфи 8-умро тамом кардам. Дар таътили тобистона мо гурӯҳе аз наврасонро барои ҷалб кардан ба корҳои ҷамъиятӣ ба ш.Волгоград бурданд. Ҳар ҷое, ки қатораи мо меистод, моро бародарвор пешвоз мегирифтанд. Аз Тоҷикистону тоҷикистонӣ будани худ фахр мекардем. Беш аз ҳама фахр мекардем, ки ин ватани мо асту мо шаҳрванди СССР астем. Ҳарҷое, ки мерафтем бо сари баланд ва ғурури кӯҳистонии худ гап мезадем. Касе бо мо кордор намешуд. Ва аз ҳама аҷиб он буд, ки қариб ҳамаи мо бо забони русӣ гап задану гап фаҳмиданро метавонистем, зеро он вақтҳо ба ин забон баробари забони тоҷикӣ дар мактабҳо диққати асосӣ медоданд ва бисёре аз урусзабонҳо дар ҳамсоягии мо зиндагӣ мекарданд ва бо ҳам робитаи хеле хуб доштем.

Дар ш.Волгоград расидем. Баробари истодани қатораи мо пионербачаҳои шаҳри мазкур бо гулу гулдастаҳо ба пешвози мо омаданд. Моро оғӯш гирифтанд, оғӯши гарм аз муҳаббат ва нарм аз садоқат. Тӯли 3 рӯз мо ҳамроҳи ҳамсолонамон тамошои ин шаҳри аҷоиб, шаҳри ёдгориҳои таърихӣ кардем. Дар меҳмонхона хоб намерафтем. Ҳар яки моро ба ҳамсолони волгоградӣ вобаста карданд ва мо ҳамроҳи онҳо дар хонаҳояшон зиндагӣ мекардем.

Волидайни онҳо низ моро фарзандвор қабул карданд. Ҳатто бархе аз моро писархонду духтархонд гирифтанд. Мо барои онҳо дар бораи Тоҷикистону кӯҳҳои осмонбӯсаш нақл мекардему онҳо дар бораи Россияву ҷангалзорҳои бекаронаш. Мо дар бораи Саъдиву Ҳофиз мегуфтему онҳо дар бораи Пушкину Есенин.

Се рӯзи сайру гашт дар Волгоград се рӯзи биҳиштии зиндагии ман буд. Ончиро, ки Фирдавсии Тӯсӣ дар тӯли сӣ сол дар “Шоҳнома” тасвир намуд, ман дар се рӯз дар Волгоград дидам ва аз сар гузаронидам.

Аз ҳама фаромӯшнашаванда он буд, ки мани бачаи кӯҳистонӣ, ки ширинии зиндагиро ҳанӯз дар хӯрдану пӯшидан медонист, нахустин бор лаззати ишқи нахустин ва бӯсаи оташинро маҳз дар он ҷо аз лабони як духтари дӯстдоштаам -- Елена чашидам. Аввалин дарси муҳаббатро ман аз ӯ омӯхтам.

Пас аз се рӯз моро ба деҳот бурданд. Дар деҳот ба колхозчиён дар ҷамъоварии ҳосили картошка баробари коллективҳои меҳнатӣ ва аскарбачаҳо кӯмак мекардем. Дар миёни аскарбачаҳо ҳатто ҳамдеҳагонамонро дучор шудем, ки низ бемуҳубот хизмати ватан мекарданд. Аз саҳар то бегоҳ кор мекардем. Бегоҳӣ бошад баъди хӯроки шом ҳама новобаста аз миллат гирди гулханҳои дӯстӣ ҷамъ шуда, рақсу бозӣ мекардем.

Елена низ ҳамроҳи мо буд. Бе ӯ як нафасам шаби маҳшарро мемонд. Охируламр пас аз 30 рӯз моро боз ба ш. Волгоград оварданд. Муҳаббат ба диёр ва хешу табор аз як тараф ва ишқу садоқати Еленаву ин кишвари афсонаҳо аз тарафи дигар маро ғам медоданд. Ночор лаҳзаи видоъ фаро расид. Вокзали роҳи оҳану ману нимаи ман -- Елена. Ҳамдигарро оғӯш гирифта мегиристем. Ӯ аз ман ҷудо шудан намехосту ман аз ӯ. Оқибат модари Елена -- Наталя Максимовна омада, ҳардуи моро тасаллӣ дод ва дуо намуд, ки рӯзе ба мурод хоҳем расид.

Ман ваъдаи қатъӣ додам, ки ҳатман баъди тамом кардани мактаб ба Волгоград омада ӯро ба занӣ мегирам ва ҳамроҳи худам ба зодгоҳам --Тоҷикистон мебарам. Ӯ розӣ шуд. Аз гардани хеш мӯҳраи ёдгорӣ аз падарашро, ки низ чун ман дар тифлӣ аз даст дода буд, бигирифт ва бар гардани ман овехт ва гуфт: «Ин рамзи муҳаббати ман аст, ки дар ҳамаи лаҳзаҳои зиндагӣ балогардони ту хоҳад буд»…

Ба Тоҷикистон омадам.Солҳои тӯлониро дар ёди ӯву Волгоград шуморида-шуморида паси сар кардам. Қариб ҳар ҳафта ба ӯ мактуб менавиштам ва аз ӯ мактуб мегирифтам. Хулоса соли 1991 мактабро тамом кардам. Ягона умеди ман ба висоли Елена расидан буд. Ба ӯ мактуб навиштаму хабараш расонидам, ки ҳозир ҳатман пеши ӯ меоям. Ҳатто ҷавоби шодиёна низ гирифтам,аммо…

Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон сар шуд. Иттиҳоди Шӯравӣ аз байн рафт. Алангаи ҷанг кошонаи висоли ману Еленаро оташ зад. Охирин номаи мо ба ҳамдигар номаи сиёҳи муҳаббати мо гардид. Тоҷикистон низ аз Иттиҳоди Шӯравӣ ҷудо шуд…

Як субҳи баҳорӣ болои кӯҳтеппа баромадаму пинҳон аз дигарон зор-зор гиристам. Мардонавор гиристам. Гиристам бар худу бар сарнавишти худ. Кӯдакиву санҷобаки зеборо ба ёд оварда, наврасиву Еленаи дӯстдоштаамро ба хотир оварда, гиристам ва бо килки мижжаҳову сиёҳии ашки худ ба афсонаи «Санҷобаки сапед», қиссаи «Ишқи нотамом» ва достони «Баробарӣ баробари бародарист» нуқта гузоштам.

Мӯҳраи ёдгории Еленаро аз гардан фуруд овардам ва болои кӯҳтеппа ба хок гӯраш кардам. Гӯиё ҷавонӣ, ишқу муҳаббат ва тамоми умеду орзуҳои ҷавониамро гӯр кардам. Гӯр кардаму бар тахтасанге он ҷо ба ёдгор навишта кардам:

З-он пештар, ки марги танам даррасад зи роҳ,
Марги дилам зи мурдани сад орзу расид.

Алидодов Хушомад.
ш.Хоруг. ВМКБ.
XS
SM
MD
LG