Аз назари таҳлилгарон, ин ҳодисаҳо бо таҳдиди Толибон вобаста аст. Пас аз қатли Усома бин Лодин, раҳбари шабакаи Ал-Қоида, шӯришиён таҳдид карданд, ки ҳамлаҳои худро болои Ғарб ва муттафиқони он
афзоиш медиҳанд.
Мақомоти Афғонистон гурӯҳи Толибонро дар он муттаҳам карданд, ки кӯдаконро барои анҷоми амалиёти террористӣ тамрин медиҳанд.
Дар ҳоле ки барои бисёр инсонҳо таркиши бомба баробар ба маънои марг ва фоҷиа аст, барои баъзе атфоли нодони Покистон ва Афғонистон садои таркиши бомба мафҳуми ҷаннату осоишро дорад.
"ГУФТАНД, КИ БА ҶАННАТ МЕРАВЕМ..."
Ӯ нақл кард, ки ба Кундузи Афғонистон барои иҷрои супориши маргталабонае сафар кардааст: "Онҳо гуфтанд, ки мо ба ҷаннат меравем. Онҳо гуфтанд, ки он ҷои хеле зебову бошукӯҳ аст. Аз ҳамин хотир, ман ҳам розӣ шудам. Ман як дафъа барои ин кор розӣ шудам ва аммо дигар ҳеҷ гоҳ ба чунин кор даст намезанам."
Як мақоми амниятии Кундуз ба радиои "Озодӣ" гуфт, ин наврас ҳамроҳ бо як донишҷӯ бо исми Муҳаммад Фарид ва раҳнамояшон пеш аз он ки рисолати бомбгузории худро анҷом диҳанд, боздошт ва безарар гардонида шуданд.
АНГУШТИ ИТТИҲОМ БА СӮИ ТОЛИБОН
Мақомоти Афғонистон дар анҷоми ин гуна амалҳо Толибонро гунаҳгор мекунанд. Сухангӯи хадамоти амниятии Афғонистон, Латифулло Машъал, Толибонро барои ҷалби кӯдакон ба сафи худ ва омӯзиши роҳи анҷоми таркишҳои интиҳорӣ муттаҳам кард.
Гузориши нашрияи шотландии “Дейли Рекорд” ҳокист, ки тифли нӯҳсола бо исми Ғулом Фаррух, ки ҳоло дар боздоштгоҳи наврасони Кобул нигаҳдорӣ мешавад, нақл кардааст, ки чӣ тавр ӯ ва кӯдакони дигар роҳи истифода аз миёнбанди таркандаро дар як масҷиди Хайрободи наздики Пешовар омӯхтаанд.
ЧАРО КӮДАКОН ХУДРО ҚУРБОН МЕКУНАНД?
Инчунин ба ин наздикиҳо як навори видеоие дар Интернет гардиш дошт, ки дар он гурӯҳи кӯдакон роҳи тарконидани худро тамрин мекарданд ва ин тамринро чун “бозии таркиши интиҳорӣ” ба забон меоварданд. Ҳарчанд мушаххас нест, ки ин сабт моли кист, вале эҳтимол меравад, ки кӯдакон афғону покистонӣ мебошанд.
Ҳоло бовар меравад, ки на камтар аз 25 кӯдаки то 18-сола, ки бояд таркиши интиҳорӣ анҷом медоданд, дар боздоштгоҳҳои наврасони Афғонистон нигаҳдорӣ мешаванд. Бар пояи баъзе маълумот, соли 2010 беш аз 20 ҳодисаи тамрин ва истифодаи кӯдакон дар таркишҳои интиҳорӣ қайд шудааст.
Ҳанӯз мушаххас нест, ки чӣ сабаб мешавад, ки ин атфол барои қурбон кардани ҷони худ розӣ мешаванд. СММ ва ҳукумати Афғонистон бо такя ба шаҳодати баъзе наврасони боздоштшуда, ки аз мактаби таркишҳои интиҳории кӯдакон гузаштааст, мегӯянд, ин кори Толибон мебошад.
ИСТИФОДА АЗ АТФОЛИ ЯТИМУ БЕСАРПАНОҲ
Як таҳлилгари маъруфи покистонӣ Аҳмад Рашид мегӯяд, табиати барои ҷангҳои Афғонистон бегонаи кушторҳои интиҳорӣ дар чандин соли охири ҷанги зиддитеррор пайдо ва афзоиш ёфтааст. Маъмулан, мегӯяд ӯ, дар ин гуна корҳо, атфоли ятиму бесарпаноҳ истифода мешаванд, ки нафаре надоранд, ки аз онҳо муроқибат кунад.
РӮҲОНӢ: "БОМБГУЗОРОНИ ИНТИҲОРӢ БЕСАВОДАНД"
Мулло Раҳимдод, аз рӯҳониёни покистонӣ, ки дар як мадрасаи Покистон дарс мегӯяд, аз ин гуна иттиҳомот хеле нороҳат мешавад: "Мо, рӯҳониён, дар бораи таркишҳои интиҳорӣ мешунавем, вале ингуна маълумот бештар аз забони мақомот пахш мешавад. Мо зидди ин корҳо ҳастем. Бомбгузорони интиҳорӣ афроди бесавод ҳастанд ва пеши роҳи онҳо бояд гирифта шавад. Онҳо номи дини Исломро доғдор мекунанд, дар асл мусулмони воқеӣ ҳеҷ гоҳ ба ин кор даст намезанад."
Таҳлилгарон мегӯянд, азбаски тифл шахсияти мустақил буда наметавонад, гурӯҳҳои ифротгарои ҷиноятпеша онҳоро аз роҳ мезананд ва азбаски онҳои интихоби беҳтаре дар зиндагии фақру нодори худ надоранд, пешниҳоди ингуна афродро баосонӣ мепазиранд.
Онҳо гуфтанд, ки мо ба ҷаннат меравем. Онҳо гуфтанд, ки он ҷои хеле зебову бошукӯҳ аст...
афзоиш медиҳанд.
Мақомоти Афғонистон гурӯҳи Толибонро дар он муттаҳам карданд, ки кӯдаконро барои анҷоми амалиёти террористӣ тамрин медиҳанд.
Дар ҳоле ки барои бисёр инсонҳо таркиши бомба баробар ба маънои марг ва фоҷиа аст, барои баъзе атфоли нодони Покистон ва Афғонистон садои таркиши бомба мафҳуми ҷаннату осоишро дорад.
"ГУФТАНД, КИ БА ҶАННАТ МЕРАВЕМ..."
Шакируллоҳ, ҷавоне, ки ҳамлаҳои интиҳориро тамрин карда, соли 2008 аз сӯи нерӯҳои интизомии Афғонистон боздошт шудааст...
Як навраси 15-сола, ки бояд худ таркиши маргталабонае анҷом медод, баъд аз боздошташ дар моҳи апрели имсол бо хабарнигори радиои "Озодӣ" ҳамсӯҳбат шуд. Ин наврас, ки аз гуфтани номаш худдорӣ мекунад, нақл кард, ки дар яке аз мадрасаҳои Пешовар таълим гирифта, баъд бо супорише ба шимоли Афғонистон рафтааст.Ӯ нақл кард, ки ба Кундузи Афғонистон барои иҷрои супориши маргталабонае сафар кардааст: "Онҳо гуфтанд, ки мо ба ҷаннат меравем. Онҳо гуфтанд, ки он ҷои хеле зебову бошукӯҳ аст. Аз ҳамин хотир, ман ҳам розӣ шудам. Ман як дафъа барои ин кор розӣ шудам ва аммо дигар ҳеҷ гоҳ ба чунин кор даст намезанам."
Як мақоми амниятии Кундуз ба радиои "Озодӣ" гуфт, ин наврас ҳамроҳ бо як донишҷӯ бо исми Муҳаммад Фарид ва раҳнамояшон пеш аз он ки рисолати бомбгузории худро анҷом диҳанд, боздошт ва безарар гардонида шуданд.
АНГУШТИ ИТТИҲОМ БА СӮИ ТОЛИБОН
Мақомоти Афғонистон мегӯянд, гурӯҳҳои террористӣ дар ҳамлаҳои интиҳорӣ бештар аз ҷавонон ва наврасони бесаробон истифода мекунанд...
Ҳафтаҳои охир ҳодисаҳои таркишҳои маргталабона дар Афғонистон афзоиш ёфтааст, дар миёни онҳо, таркиши як кӯдаки нӯҳсола ва дигаре, инфиҷори писари 12-солаи покистонӣ аст, ки ҷони бисёриҳоро гирифт.Мақомоти Афғонистон дар анҷоми ин гуна амалҳо Толибонро гунаҳгор мекунанд. Сухангӯи хадамоти амниятии Афғонистон, Латифулло Машъал, Толибонро барои ҷалби кӯдакон ба сафи худ ва омӯзиши роҳи анҷоми таркишҳои интиҳорӣ муттаҳам кард.
Гузориши нашрияи шотландии “Дейли Рекорд” ҳокист, ки тифли нӯҳсола бо исми Ғулом Фаррух, ки ҳоло дар боздоштгоҳи наврасони Кобул нигаҳдорӣ мешавад, нақл кардааст, ки чӣ тавр ӯ ва кӯдакони дигар роҳи истифода аз миёнбанди таркандаро дар як масҷиди Хайрободи наздики Пешовар омӯхтаанд.
ЧАРО КӮДАКОН ХУДРО ҚУРБОН МЕКУНАНД?
Инчунин ба ин наздикиҳо як навори видеоие дар Интернет гардиш дошт, ки дар он гурӯҳи кӯдакон роҳи тарконидани худро тамрин мекарданд ва ин тамринро чун “бозии таркиши интиҳорӣ” ба забон меоварданд. Ҳарчанд мушаххас нест, ки ин сабт моли кист, вале эҳтимол меравад, ки кӯдакон афғону покистонӣ мебошанд.
Ҳоло бовар меравад, ки на камтар аз 25 кӯдаки то 18-сола, ки бояд таркиши интиҳорӣ анҷом медоданд, дар боздоштгоҳҳои наврасони Афғонистон нигаҳдорӣ мешаванд. Бар пояи баъзе маълумот, соли 2010 беш аз 20 ҳодисаи тамрин ва истифодаи кӯдакон дар таркишҳои интиҳорӣ қайд шудааст.
Ҳанӯз мушаххас нест, ки чӣ сабаб мешавад, ки ин атфол барои қурбон кардани ҷони худ розӣ мешаванд. СММ ва ҳукумати Афғонистон бо такя ба шаҳодати баъзе наврасони боздоштшуда, ки аз мактаби таркишҳои интиҳории кӯдакон гузаштааст, мегӯянд, ин кори Толибон мебошад.
ИСТИФОДА АЗ АТФОЛИ ЯТИМУ БЕСАРПАНОҲ
Як таҳлилгари маъруфи покистонӣ Аҳмад Рашид мегӯяд, табиати барои ҷангҳои Афғонистон бегонаи кушторҳои интиҳорӣ дар чандин соли охири ҷанги зиддитеррор пайдо ва афзоиш ёфтааст. Маъмулан, мегӯяд ӯ, дар ин гуна корҳо, атфоли ятиму бесарпаноҳ истифода мешаванд, ки нафаре надоранд, ки аз онҳо муроқибат кунад.
Нахустин ҳамлаи интиҳорӣ дар Тоҷикистон соли гузашта дар бинои Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВУД дар шаҳри Хуҷанд сурат гирифта ва чаҳор кушта ва беш аз бист захмӣ ба ҷой гузошта буд...
Мақомоти Афғонистон мегӯянд, мавҷи афзояндаи кушторҳои интиҳорӣ бори дигар нақш ва мақоми мадрасаҳоро дар Афғонистон ва ба вижа Покистон зери суол мебарад, ки дар ҳолатҳои хеле зиёд ба маҳалли тарбияи ситезаҷӯён ва террористон табдил мешаванд. Албатта, шумори хеле зиёди онҳо бо рисолати аслии худ, яъне таъмини дониши илоҳӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ машғул мешаванд.РӮҲОНӢ: "БОМБГУЗОРОНИ ИНТИҲОРӢ БЕСАВОДАНД"