Саброна дар ин синну сол тавонистааст, ки аз худ истеъдоди забондониро нишон диҳад. Ӯ дар баробари забони англисӣ, забони русиро низ хуб медонад.
Дар Тоҷикистон онҳое, ки мисли Саброна истеъдод доранд, кам нестанд, аммо то ҳол омори дақиқ дар бораи кӯдакони фавқуллода ё боистеъдод мавҷуд нест ва пажӯҳиши тозае ҳам анҷом нашудааст.
Дар Душанбе ягона "Маркази рушди истеъдодҳо" фаъолият дорад, ки дар он беш аз 300 навраси сину соли мактабӣ аз навоҳии пойтахт ба омӯзиши иловагӣ фаро гирифта шудаанд.
Масъулони марказ мегӯянд, шогирдони онҳо аз хонаводаҳои мухталиф буда, ҳатто бепарасторони хона-интернатҳои тарбиявӣ ҳам дар ин марказ ҳастанд.
"ХОНАВОДАҲО БОЯД ҲИМОЯТ КУНАНД"
Гулсара Саидова, як масъули ин марказ мегӯяд, солҳои охир теъдоди шогирдони боистеъдоди навраси марказ бештар шудааст ва дар тарбия ё рушди ин наврасон хонаводаҳо бояд, ки масъулият эҳсос кунанд. Зеро, ба гуфтаи ӯ, наврасони соҳибистеъдод бидуни дастгирии хонаводаҳо дар ин синну сол барои такмили қобилияти фитрии худ талош карда наметавонанд.
Ба бовари хонум Саидова, дар ин марказ наврасони боистеъдод ҳатто аз хонаводаҳои камбизоат ҳам ҷалб шудаанд ва истеъдод доштан ин модарзодӣ аст ва он низ ба такмил ва тарбия ниёз дорад: "Барои рушд додани истеъдод пеш аз ҳама назорати падару модар нақш мебозад. Зеро вақту соати кӯдак аз волидайн вобаста аст ва вақти онҳоро тақсим кунанд ва дар назди устодон ба шогирдӣ гузорад. Аммо вақте ки истеъдоди кӯдак бе назорат мемонад, вай рушд карда наметавонад."
МЕЪЁР КАДОМ АСТ?
Пажӯшигарони соҳаи маориф мегӯянд, фаъолияти марказҳои рушди истеъдодҳо дар маҳаллот камранг аст ва маъмулан истеъдодҳои деҳот ва навоҳии дурдаст аз такмили истеъдоди худ дур мемонанд.
Асалмоҳ Шотемурова, омӯзгори собиқадор мегӯяд, ки солҳои охир истеъдоди наврасон аз рӯи "меёърҳо"-и моливяӣ дар Тоҷикистон чен карда мешавад, на аз рӯи меъёри зеҳнӣ.
Хонум Шотемурова афзуд, тарбия ва ҳимоят аз наврасони дорои қобилияти фавқулода бояд, ки як ҷузъи асосии барномаи давлатӣ бошад ва ин қишр аз овони наврасӣ дар зери қаноти давлат қарор бигирад. Аммо, воқеият ин аст, ки даҳҳо навраси боистеъдод дар деҳот тӯъмаи нодорӣ ва муҳоҷират мешаванд: "Давлат бояд, ки барои наврасони боистеъдод кӯмакҳо кунад, онҳоро ҳамчун захираи зеҳнии худ барои рушди илму ҷомеа истифода намояд. Аммо дар мо дар мактабҳои миёна ва дар хонавода ба наврасони фаъол аҳамият намедиҳанд."
"ИСТЕЪДОД ДОРАД, АММО ШАРОИТ НЕСТ..."
Салима, як модари ҷавон, мегӯяд, тарбия ва дастгирии фарзанди фавқулода ба вазъи иқтисодии хонавода ва ҷомеа, вобастагӣ дорад. Хонум Салима мегӯяд, ки писараш Муҳаммад бозичаҳои гуногун месозад ва ба расмкашӣ шавқ дорад, аммо барои таълими иловагии писараш маблағи кофӣ надорад. Ба гуфтаи вай, барои ҳар соат таълими иловагӣ аз 10 то 15 сомонӣ талаб карда мешавад.
Маркази дигаре, ки наврасонро ба омӯзиши иловагӣ фаро мегирад, "Маркази кӯдакон ва наврасон"-и берун аз мактабии шаҳри Душанбе мебошад. Дар ин Марказ феълан бештар аз 30 маҳфил ва 1 ҳазор нафар кӯдакони соҳибистеъдод ба таълим фаро гирифта шудаанд.
Ғиёсиддин Қараев, роҳбари ин марказ мегӯяд, заминаи таълимии ин даргоҳ барои амалан омӯхтани фанҳои таҳсилкардаи кӯдакон, мусоид аст ва кӯдак имкон пайдо мекунад, ки сатҳи саводнокии худро такмил диҳад.
"БАРНОМАИ ВИЖАИ ДАВЛАТӢ ЗАРУР АСТ"
Бобоҷони Қаюм, равоншиноси тоҷик бар ин назар аст, ки барои рушди насли боистеъдод, таҳияи барномаҳои вижаи давлатӣ зарур аст. Ба гуфтаи ҷаноби Қаюм, дар кишварҳои хориҷӣ, давлатҳо барои тарбияи ин насл сармояҳои ҳангуфтро пешниҳод мекунанд ва кӯдакони соҳибистеъдод дар мактабҳои махсус ба таълим фаро гирифта мешаванд.
Вазорати маорифи Тоҷикистон соли 2010 иттилоъ дода буд, ки беш аз 5 ҳазору 500 наврас аз мактаб дар канор мондаанд. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 1-уми июни соли ҷорӣ дар ҷашнворае бахшида ба Рӯзи ҳифзи кӯдакон аз вазъи имкониятҳои тарбиявии кӯдакон изҳори нигаронӣ кардааст. Раисиҷумҳур гуфтааст: "Мутаассифона, имрӯз имкониятҳои тарбиявии оила то андозае суст шуда, шумораи кӯдаконе, ки аз муомилаи ноадолатонаи падару модар азият мекашанд, афзудааст."
Эмомалӣ Раҳмон иброз доштааст, ки 35 дарсади сокинони кишварро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд, аммо ЮНИСЕФ, як созмони зертобеи Созмони Милали Муттаҳид соли 2010 иттилоъ дода буд, ки беш аз 40 дарсади аҳолии Тоҷикистонро кӯдакон ташкил медиҳанд, ки онҳо қишри осебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд.