Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи Омбудсмени тоҷик ба суолҳои хонандагони “Озодӣ”


Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон
Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон

Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон тақрибан ба сад суоли хонандагон посух дод.

Дар як моҳи гузашта ба унвони ҷаноби Ализода даҳҳо савол дар робита ба мушкили хонаводаи Атовулло Рақибов, сокини рустои Заркамари ноҳияи Файзобод, фаъолияти Омбудсмени тоҷик ва вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон саволҳо расиданд.

Аз ҷумла бархе аз хонандагон аз Зариф Ализода дар бораи маҳбусони сиёсӣ дар Тоҷикистон низ пурсидаанд.

ПОСУХҲОИ ЗАРИФ АЛИЗОДАРО АЗ ИН ҶО БИХОНЕД

Ҷаноби Ализода дар посух ба як суол дар ин мавзӯъ, гуфт: "Дар кодекси ҷиноятии Тоҷикистон мафҳуми ҷиноятҳои сиёсӣ мавҷуд нест ва шахсоне, ки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд, кирдорҳои ҷиноятӣ содир кардаанд."

Аз ин рӯ, ба гуфтаи Зариф Ализода наметавон гуфт, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон маҳбусони сиёсӣ ҳастанд.

Зариф Ализода, нахустин намояндаи ваколатдори ҳуқуқи инсон ва ё Обмудсмени Тоҷикистон аст, ки аз моҳи майи соли 2009 ба ин сӯ, ин вазифаро ба ӯҳда дорад.

Посухҳои Омбудсмени тоҷик
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:32 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG