Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъхир дар гузариш ба низоми таҳсили 12-сола


Вазорати маорифи Тоҷикистон Консепсияи марҳилаи гузариш ба низоми нави таҳсилро то се соли дигар ба таъвиқ андохт.

Марҳилаи гузариш, ки мебоист аз соли 2012 то соли 2017 идома кунад, то соли 2020 мавқуф гузошта шуд.

Марҳабо Ҷабборова, раиси Кумитаи илм, маориф ва фарҳанги Маҷлиси намяондагон зимни муҳокимаи тарҳи Консепсияи низоми навим таълим гуфт, ки вакилони парлумон ва мақомоти соҳаи маориф дар мавриди омодагии Тоҷикистон ба низоми нави таҳсили 12-сола, пажӯҳиши
Марҳабо Ҷабборова, вакили Маҷлиси Намояндагон

муштараке анҷом додаанд, ки барои гузаштан ба ин навъи таълим, 17 ҳазору 400 устод, беш аз 800 мактаби нав, 132 номгӯи китоби дарсӣ бо тирожи 15,2 миллион адад ва таҳияву чопи дастуру низомномаҳои ҷадид лозим аст.

"Ҷустуҷӯи роҳҳои нави тайёр кардани кадрҳо ва сафарбар намудани хатмкунандгон ва донишҷӯёни курсҳои болои ба кори омӯзгорӣ, зарур мебошад. Омӯзиш ва таҳлили вазъи корҳои омодагӣ дар маҳалҳо нишон дод, ки мақомоти иҷрояи маҳалии ҳокимияти давлатӣ ба иҷрои талаботи Консепсияи гузариш муносибати ҷиддӣ намуда дар аксарияти маҷолиси вакилони халқи ноҳия муҳокима намуда, дар ин замина қарорҳои дахлдор қабул карданд",-афзуд ӯ.

Хонум Ҷабборова афзуд, айни ҳол дар кишвар беш аз 3 ҳазор мактаби таҳсилоти умумӣ фаъол буда, 841 мактаб дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Афзун бар ин, теъдоде аз мактабҳо ба меъёрҳои Вазорати маориф ҷавобгӯ набудаанд.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:49 0:00
Линки мустақим


"ИСЛОҲИ НИЗОМИ ТАҲСИЛ ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ"

Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маориф мегӯяд, анҷом додани ин барномаҳо фурсати зиёд ва сармояи зиёдро тақозо мекунад. Ба қавли ӯ, "ба хотири рушди зеҳнияти хонандагон, соҳаи маориф ислоҳоти низоми нави таҳсилро пеш гирифт ва гузариш ба ин навъи таҳсил тақозои замон аст."

Ҷаноби Раҳмонов афзуд, дар назар дошта шудааст, ки тибқи Барномаи гузариш аз соли 2012 то соли 2017 барои хароҷоти чопи китобҳои дарсӣ тақрибан 111 миллион сомонӣ ҷудо мешавад, ки ин аз ҳисоби буҷет зиёда аз 8 миллион, сармояи хориҷӣ 53,7 миллион,иҷораи китобҳои
Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон

дарсӣ 41,7 миллион ва Маркази идораи лоиҳаи қарзӣ зиёда аз 7,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи вазири маориф, дар буҷети давлатии соли 2011–ум 981 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби маблағҳои махсус 15,8 миллион сомонӣ барои чопи китобҳои дарсӣ пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон дар буҷети маҳаллии соли 2011-ум ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, барои таҳсили ҳатмии даҳсола, 6,6 миллион сомонӣ муқаррар шудааст.

Яке аз ҳадафи аслии гузариш ба низоми 12-солаи таҳсил дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ, мутобиқ сохтани низоми маорифиТоҷикистон бо меъёрҳои байналмилалӣ унвон шуда буд.

НИЗОМИ НАВ 110 МИЛЛИОН ДОЛЛАР ТАҚОЗО ДОРАД

Дар ҳамин ҳол вазорати молия мегӯяд, ки барои иҷрои тарҳи гузариш ба низоми таҳсили 12-сола Тоҷикистон ба 512 миллион сомонӣ ё беш аз 110 миллион доллар ниёз дорад. Муовини Вазири молия Ҷамшед Норинов мегӯяд, ки барои гузариш 1504 синфхона сохтан лозим аст, ки маблағи умумии он 45,1 миллион сомониро ташкил медиҳад. Маблағи мазкур аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва донорҳо пардохт мешавад.

Ҷамшед Норинов, муовини вазири молияи Тоҷикистон
Ҷаноби Норинов гуфт: "Гузаштан ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ раванди хеле душвор буда аз ҳалли як қатор масоили ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва молиявӣ иборат аст ва амалӣ намудани он то соли 2020 муқаррар шудааст."

Ба гуфтаи вазири маориф, соатҳои дарсӣ дар низоми нави таълим ҳам мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ будааст. Дар Консепсияи низоми нави таълим, соатҳои дарсӣ барои хонандагони синфҳои як то чаҳор 9 фан, барои толибилмони синфҳои панҷ то нӯҳ 22 фан ва барои хонанадгони синфҳои даҳ то ёздаҳ, 15фан ба нақша гирифта шудааст.

БАҲСИ ВАКИЛ БО ВАЗИР

Муҳиддин Кабирӣ, вакили мардумӣ аз Ҳизби наҳзати исломӣ бо назардошти мушкили камбуди омӯзгорон ва ҷойи нишасти хонандагон, 101 мактаб дар вагонҳо, 138 мактаб дар манозили шахсӣ ва 1200 мактабе, ки ба меъёрҳои стандартӢ ҷавобгӯ нест, 600 мактаб дар ҳолати садамавӣ қарор дорад аз вазири маориф суол кард, ки беҳтар он нест, ки ин мушкилиҳо рафъ шаванд ва ҳоло, ки низоми нав миллион-миллион сомонии дигар талаб мекунад, бо ҳамин низоми имрӯза боқӣ монем то вақти муайян ва ба шароити мусоид расидан.

Ҷаноби Кабирӣ афзуд: "Ҳоло, ки Консепсияи гузариш ба таҳсилоти нави 12- соларо пешбинӣ карда истодаем ва якчанд ҷадвал ба мо пешниҳод шуд, ки хароҷоти иловагӣ мехоҳад. Модоме, ки мо ба ин
Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ

будааш имкон надорем, ки таъмин кунем, чигуна мо як Консепсияи нави гузаришро матраҳ карда истодаем? Қазоқистон ва Белорусия бо вуҷуди имконоти бештар доштан, фикр карда истодаанд, ки гузарем ё не? Вале мо ба як масъалаи муҳими байналмилалӣ даст задаем, ки ба фикри ман имкони амалӣ карданаш дар солҳои наздик нест."

Вазири маориф дар посух ба ин суол гуфт, ки Консепсияи низоми нави таҳсил мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ва ИДМ аст ва барои тарбияи хонандагон нақши муассир дорад ва вазорат дар садади дарёфти роҳҳои баланд бардоштани маоши омӯзгорон қарор доранд ва рӯзҳои наздик ин тасмимҳо ба иҷро хоҳанд даромад.

Дар вазорати маориф ба Озодӣ гуфтанд, тамдид ёфтани марҳилаи гузариш бар пояи супориши раиси ҷумҳур ҷиҳати беҳ гардидани вазъи иҷтимоии омӯзгорон, яъне баланд бардоштани маоши онҳо сурат гирифтааст.

Созмони Ҷаҳонии Бӯҳрон дар пажӯҳиши тозаи худ гуфтааст, ки бахши аъзами ҷомеаи Тоҷикистонро кӯдакон ва ҷавонон ташкил мекунанд. Кӯдакон ва ҷавононе, ки дар сояи мушкилоти иҷтимоӣ чандон рушди чашмрасе надоранд.
XS
SM
MD
LG