Шаҳрдории Душанбе, ки ин нархномаро дар як ҳафтаи пеш тасдиқ карда буд, гуфт, бо дарназардошти афзоиши нархи маводи сӯхт дар кишвар, қимати роҳкироро боло бурдааст.
Дафтари матбуоти шаҳрдори Душанбе мегӯяд, бар пояи дастури Маҳмадсаид Убайдуллоев, аз 1-уми июни соли 2011 дар даҳ хатсайри микроавтобусҳои рақами 5, 11, 12, 21, 22, 24, 26, 34, 55 ва 67, ки масофаи хизматрасониашон то 9 километрро дар бар мегирад нархи роҳкиро бетағйир боқӣ монда, 1 сомонӣ аст.
Аммо 19 хатсайри микроавтобусҳои рақами 1, 2, 3, 4, 8, 10, 13, 14, 15, 16, 17, 19, 25, 28, 33, 44, 52, 54,79, ки масофаи хизматрасонияшон то 18 км-ро фаро мегирад, ба ду хатсайри алоҳида тақсим шуда, ба ҷои 19 хатсайр 38 хатсайри нав таъсис дода хоҳад шуд, ки нархи хизматрасонии онҳо 80 дирам муқаррар шудааст.
Сомонаи шаҳрдори Душанбе навиштааст, дар автобусҳои хатсайри 3-«а», 11, 14, 20, 23, 26, 27, 30 нархи хизматрасонияшон бетағйир боқӣ монда 60 дирам аст, вале хатсайрҳои 1, 2, 6, 7, 8, 8-«а», 13, 18, 28 ва 41 бо нархи 1 сомонию 20 дирам фаъолият хоҳанд кард.
Дар зимн, шаҳрдорӣ дастур додааст, ки баҳри ҳимояи ҳуқуқи мусофирон, дар ҳама навъи нақлиёти ҷамъиятӣ аз 1-уми июни соли 2011 фурӯши чиптаҳо ҷорӣ ва назорати қатъии ҷамъиятӣ аз болои фаъолияти тамоми хатсайрҳо таъмин карда шавад.
Масъулони шаҳрдории Душанбе мегӯянд, дар сурати риоя нагардидани сатҳу сифату фарҳанги хизматрасонӣ ва пайиҳам ворид шудани се шикоят ва тасдиқ ёфтани он, хатсайр аз ҷамъият ё корхонаи коммуналӣ гирифташуда ба дигар ширкатҳои литсензияи фаъолиятдошта вобаста карда мешавад.