Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Стивенсон: "Ғарб пуштибони "Роғун" аст."


Страун Стивенсон, узви парлумони Аврупо ҷиҳати ошноӣ бо сохтмони "Роғун" бори дуввум ба Тоҷикистон омадааст.

Ҷаноби Стивенсон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ҳадафи сафарашро ин гуна шарҳ дод: "Мехоҳам дигарбора ба Роғун равам, то бубинам, ки аз моҳи сентябри соли гузашта - ҳангоми сафари аввалини ман - то ба ҳол чӣ пешрафтҳо ҳосил шудааст. Азбаски ба қарибӣ ман дар парлумони Аврупо дар бораи ин тарҳ ва вазъи об дар кишварҳои болообу поёноби Осиёи Марказӣ суханронӣ
Ҷаноби Стивенсов ҳини гуфтугӯ бо хабарнигори "Озодӣ", Фарҳоди Милод

хоҳам кард. Ҳамчунин, барои ман мулоқот бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳафтаи оянда ба парлумони Аврупо, ба Страсбург меояд, хеле муҳим аст. Ҳамчун узви парлумон бар мулоқот бо ҳампешагонам дар парлумони Тоҷикистон низ таваҷҷӯҳи вижа дорам."

Струан Стивенсон пас аз мулоқот бо раисиҷумҳури Тоҷикистон ба аъзои Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони ин кишвар гузориши 350-саҳифагии худро дар бораи масоили обӣ ва ҳамкорӣ дар бахши обии Осиёи Марказиро муаррифӣ кард. Дар ин гузориш, ки ба супориши Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо омода шудааст, махсусан, дар бораи нерӯгоҳи Роғун сӯҳбат мешавад.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:02 0:00
Линки мустақим


АҲАМИЯТИ МИНТАҚАВИИ "РОҒУН"

Ин узви парлумони Аврупо гуфт, аз сохтмони нерӯгоҳи Роғун тамоми кишварҳо суд хоҳанд бардошт ва пирӯзии ҷомеаи байналмилалӣ дар мубориза алайҳи терроризм ва қочоқи

маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистону Покистон ба нерӯгоҳи Роғун бастагии зич дорад: "Дар гузоришам гуфтаам, ки Тоҷикистон ҳамчун як кишвари кӯҳистонӣ барои камбуди захираҳои обӣ ва дастрасии маҳдуд ба об масъул нест. Аммо ҳамчун кишвари болооб пеши кишварҳои поёноб ӯҳдадориҳо дорад. Масоили истифодаи об дар минтақа манбаи ташаннуҷ шудаанд ва сари сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҳам мухолифатҳо меафзоянд. Узбакистон мухолифи тарҳ аст ва далелҳои худро дорад. Аммо ман зикр кардам, ки ин бархӯрди манфӣ соддалавҳона аст. Узбакистон ва дигар кишварҳо бояд мунтазири ташхиси Бонки ҷаҳонӣ бимонанд. Аммо бардошти шахсии ман аз ин тарҳ ин аст, ки он безарар ва ба нафъи тамоми минтақа хоҳад буд."

"ТОҶИКИСТОН БОЯД КИШВАРИ КАЛИДӢ БОШАД"

Ҷаноби Стивенсон афзуд, дар мукотибаҳои шахсӣ бо сарвазири Британиё, Девид Камерон ва дигар раҳбарони аврупоӣ навиштааст, ки Тоҷикистон бо аҳамияти вижааш бояд кишвари калидии ҳамкори Ғарб дар Осиёи Марказӣ бошад.

Рустам Латипов, раиси Комиссияи экологии парлумони Тоҷикистон мегӯяд, мавқеи узви парлумони Аврупо бо мавқеи ин комиссия ва дар кул Тоҷикистон комилан мувофиқат мекунад: "Мо ҳам бар инем, ки ҷонибҳои дигар, ҷумҳуриҳои ҳамсоя бояд дар ин самт бо мо ҳамкорӣ кунанд. Ҷаноби Стивенсон мегӯяд, ки ҳама нафъ мебинанд, ки дуруст аст. Боло рафтани иқтисоди Афғонистону Покистон як зарбаи ҷиддӣ ба терроризму
Рустам Латифов

қочоқи маводи мухаддир аст. Узбакистон ва дигар кишварҳои поёноб аз захираҳои мо истифода мекунанд."

Струан Стивенсон, узви парлумони Аврупо аз Бритониё ва яке аз аввалин сиёсатмадорони Аврупо аст, ки рӯйрост аз тарҳи нерӯгоҳи Роғун ҷонибдорӣ мекунанд. Қаблан, Ҷон Керри, сенатори амрикоӣ низ ҳамчунин ҷонибдориашро аз нерӯгоҳи Роғун изҳор дошта буд. Коршиносон ҳам бар ин нуқта ишора мекунанд, ки ахиран Тоҷикистон муваффақ мешавад дар хориҷи кишвар ва миёни давлатҳои "соҳиби гап" пуштибонҳои худро пайдо мекунад.

ҒАРБ АЗ ТОҶИКИСТОН ПУШТИБОНӢ МЕКУНАД

Гул Шералӣ
Имрӯзҳо Гул Шералӣ, вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи байналмилалии сарбандҳои бузург ё ICOLD дар шаҳри Лютсерни Шветсария ширкат дорад. Ҳафтаи оянда Эмомалӣ Раҳмон як сафари чандрӯза ба Аврупо дорад, ки интизор меравад, бо як қатор роҳбарони он мулоқот анҷом диҳад.

Струан Стивенсон, узви парлумони Аврупо ҳам бар ин аст, ки мушорикати Тоҷикистон дар равандҳои байнулмилалӣ бар нақши он дар минтақа афзуда ва ба бовари ӯ, дар Ғарб ҳам ба ин расидаанд, ки аз ин кишвар пуштибонӣ кунанд.

БЕШТАР БИХОНЕД:

Стивенсон: "Даъвои Узбакистон дар бораи Роғун сиёсӣ аст."

XS
SM
MD
LG