Мақомоти Сербия мегӯянд, дар задухӯрдҳои хиёбонии тазоҳуркунандагони тарафдори Ратко Младич ва нерӯҳои полис зиёда аз 30 нафар маҷрӯҳ ва беш аз 100 нафар боздошт шудаанд. Ба гуфтаи вазири умури дохилии Сербия, Ивитса Дачич 111 нафар боздошт шуда, 10 шаҳрванд ва 26 корманди полис захмӣ гаштаанд.
Чанд ҳазор нафар аз миллатгароёни дастиростии серб алайҳи боздошти гумонбари ҷиноятҳои ҳарбӣ Ратко Младич дар Белград тазоҳурот барпо карданд. Ҳизби Радикали Серб азс озмондиҳандагони ин раҳпаймоӣ мебошад. Яке аз фаъолони он, Слободан Божич гуфт:
“Ратко Младич як фармондеҳи ҳарбии давлати серб аст ва ҳабси ӯ барои мардуми серб ва барои давлат як шармсории бузург аст. Вай қафрамонест, ки миллати моро ҳифз кард ва биноан, ҳамаи мо бояд ба хиёбонҳо резем ва пуштибонии худро аз ӯ намоиш диҳем.”
Тазоҳуркунандагон ҳукумати эътилофии президенти Сербия, Борис Тадичро ба хиёнат муттаҳам карданд ва хостори интихоботит зудрас шуданд. Телевизиони Сербия теъдоди ширкаткунандагони раҳпаймоиро 10 ҳазор нафар тахмин зад. Хабаргузориҳо мегӯянд, дар поёни тазоҳурот миёни полис ва тазоҳуркунандагон даргирӣ ба вуқӯъ пайвастааст.
Ҳамчунин наздик ба 3 000 нафар, ки аксарияти онҳо сарбозони собиқи артиши сербҳои Боснӣ буданд, дар як гирдиҳамоӣ дар зодгоҳи Младич, деҳаи Калиновик мухолифати худро ба боздошти Младич баён доштанд.
Дар ин байн писари Ратко Младич ба хабарнигорон
гуфт, падари ӯ дар қатли оми мардуми деҳаи Сребренитсаи Боснӣ дар соли 1995 даст надорад. Дарко Младич ин изҳоротро дар ҳоле кард, ки аз падари худ дар маҳбаси Сербия дидан кард. Интизор меравад, ин ҳафта, Ратко Младич аз ин ҷо ба додгоҳи ҷиноятҳои ҳарбӣ дар Ҳайги Нидерланд, ки вобастаи Созмони Милал аст, интиқол дода хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки боздошти генерал Ратко Младичро сарони ҷаҳон гарм истиқбол карда, хостори муҳокимаи байналмилалии ӯ шудаанд.
Раисиҷумҳури Амрико, Барак Обама гуфтааст, “ҳарчанд мо тавони баргардондани мардуми кушташударо надорем, Младич акнун бояд ба қурбониҳои худ, ба дунё ва ба додгоҳи қонун посух бигӯяд.”
Обама афзуда, ки Амрико чашм ба роҳи истирдоди зуди Младич ба додгоҳи Ҳайг хоҳад нишаст. Раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ боздошти Младичро қадами дигари Белград ба сӯи пайвастан ба узвияти Иттиҳоди Аврупо номидааст.
Дабири кулли Созмони милал, Бан Ки-мун низ боздошти гумонбари асосӣ дар ҷиноёти ҷанг ва ҷиноёт алайҳи башарият дар солҳои ҷанги Боснияро “як рӯзи таърихӣ” барои тантанаи адолати байналмилалӣ хондааст.
Ратко Младич ба созмондиҳии қатли оми мусулмонон дар Сребренитса, ки дар натиҷаи он ба камияш 7000 нафар кушта шуданд ва ҳамчунин дар дигар ҷурмҳои ҷангии солҳои 1992-1995 дар Боснӣ айбдор мешавад.