Дар Русия солҳост, сиёсатмадорон ва коршиносон масъалаи истифодаи дастгоҳи дурӯғсанҷ ё детектори дурӯғро барои фош кардани фасоду ришвати мансабдорони давлат баҳс мекунанд.
Ин дар ҳолест, ки ба ҳайси таҷриба як сол ба ин сӯ
шаҳрдории Қазон дар ҷумҳурии Тотористони Русия санҷиши, зоҳиран, ихтиёрии мансабдоронро дар дастгоҳи дурӯғсанҷ ба роҳ монда, дар ин муддат чандин нафарро фош ва аз вазифаашон барканор кард.
ДИЛИ ИНСОН ДУРӮҒРО ФОШ МЕКУНАД
Маъмури баландпояи шаҳрдории Қазон дар як ҳуҷраи назарногир нишастааст ва ба симу ноқилҳое менигарад, ки ба даври дастон ва сари синааш насб шудаанд.
Рӯи миз китобе дида мешавад, ки «Моҳияти ташхиси дурӯғ» ном дорад.
Ҳукумати шаҳр масъули ин имтиҳон аст, то бубинад, корманди он пора гирифтааст ё бегуноҳ аст.
Раиси шӯъбаи зидди фасоди шаҳрдорӣ, Олег Новиков шахсан ба озмоиш раҳбарӣ мекунад ва ба натиҷаҳои он бовари комил дорад:
“Ин ҷо ман тапишаки дилро мебинам. Касе ба зарба фикри худро нишон медиҳад. Худро фиребидан номумкин аст. Барои дастгоҳи беҷон фарқ надорад, шумо мард ҳастед ё зан, мансабдори калонед ё корманди одӣ. Он фақат вокуниши ҷисмонии Шуморо дар посух ба суолҳои ман сабт мекунад.”
Баҳси корбурди дастгоҳи дурӯғсанҷӣ ё ташхиси дурӯғ дар мубориза бо фасод солҳост, дар Русия идома дорад ва тадриҷан ба фоидаи чунин санҷиш майл мекунад.
ҶАНБАЪҲОИ ҚОНУНӢ ВА ҲУҚУҚӢ
Зимни барномаи ислоҳи полис, ки президенти Русия, Дмитрий Медведев, пеш гузошт, ҳоло ҳамаи кормандони ниҳодҳои умури дохилӣ аз чунин
санҷиш мегузаранд. Аввали моҳи май Медведев шаш мансабдори баландпояи ин вазоратро бино ба нокомиашон дар озмоиш аз вазифа барканор кард.
Вазири умури дохили Русия, Рашид Нургалиев, ба хабарнигорон гуфт, худи вай низ аз чунин имтиҳон гузаштааст.
Шаҳрдории Маскав низ эълом дошт, ки санҷиши кормандонашро дар дастгоҳи ташхиси дурӯғ ба талаботи ҳатмӣ табдил хоҳад дод. Тарҳи қонуни имтиҳони мақомоти аршади ҳукумат, дар соли 2009 ба Думаи давлатӣ пешниҳод шуда, мавриди баррасӣ мебошад.
Як ҳомии ҳуқуқи инсон, раиси созмони “Агора” дар Қазон, Павел Чиков мегӯяд, ин як масъалаи хеле мушкил аст: “Дар Русия, бо вуҷуди истифодаи густардаи дурӯғсанҷ, ҷойгоҳи ҳуқуқии он ва мақоми ҳуқуқии хулосаи ташхисгарон маълум нашудааст.”
Намояндагони шаҳрдории Қазон мегӯянд, ширкат дар имтиҳони дастгоҳи ташхиси дурӯғ барои кормандони ҳукумати шаҳр ихтиёрист, аммо дар ҳоле маҷбурӣ мешавад, ки ин ё он мансабдор ба ришват гумонбар шавад.
МАЪРАКА Ё ФАРОЯНД?
Ба гуфтаи Олег Новиков дар як соли охир 12 корманди баландпояи давлатӣ пас аз нишондодҳои дастгоҳ ба хилофкорӣ иқрор карданд ва аз курсиҳои худ маҳрум шуданд. Ҳоло муҳокимаи парвандаи ду нафар дар додгоҳ идома дорад.
Аммо ҳомии ҳуқуқ, Чиков, мегӯяд, истифода аз дастгоҳи дурӯғсанҷ танҳо яке аз чанд василаи мубориза бо фасод буда метавонад. Вай ҳарос дорад, ки он ба як маъракабозӣ ва шиори ҳокимон дар ҷанги алайҳи фасоду ришват табдил хоҳад ёфт:
“Сардорон, одатан, медонанд, ки кадом корманд “тоза” аст ва кадоме на. Сардорон аксаран бо кормандони порагир робитаи хуб доранд. Ман метарсам, ин маъаракаи мошини дуруӯғсанҷ фақат як василаи пинҳон доштани фасод ва поку қонунӣ нишон додани раҳбарон дар чашми мардум хоҳад шуд. Ҳамааш ҳамин аст ва чандон рабте ба муборизаи зидди фасод надорад.”
Фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, ҳеҷ тазмине нест, ки мансабдорон баъд аз бо баҳоио хуб супурдани имтиҳони дастгоҳи дурӯғсанҷ бо суистифода аз эътимод даст ба фасод назананд. Зеро фасод дар дастраси онҳост ва сари ҳар қадам онҳоро ба васваса меандозад. Танҳо ба ҳадди охир коҳиш ёфтани фасод ва покиза шудани фазои мудирият метавонад, вазъро тағйир диҳад.

Барои дастгоҳи беҷон фарқ надорад, шумо мард ҳастед ё зан, мансабдори калонед ё корманди одӣ...

Дар Русия, бо вуҷуди истифодаи густардаи дурӯғсанҷ, ҷойгоҳи ҳуқуқии он ва мақоми ҳуқуқии хулосаи ташхисгарон маълум нашудааст...