Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парчамдорӣ ва ватандорӣ


Баландтарин ҷойгоҳи як парчам дар ҷаҳон ё ба камияш дар қораи Осиё, сӯҳбатҳои мусбат ва манфиеро ба бор овард.

Вақте, ки парчами бузурги миллии Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбеи ин ҳафта бо дарозои 60 ва паҳнои 30 метр дар милаи 165-метра барафрошта шуд, аз тамоми нуқоти Душанбе ба чашми бинанда мерасид.

Ва ҳар нафар бо дидани он ба андешае дода мешуд. Зоҳиран сутуни фавқулодда баланд монанди марзе онҳоро дар ду қутб қарор дода буд.

Бархе аз мардум, вақте огоҳ мешаванд, ки ин парчам баландтарин дар ҷаҳон аст бо ифтихор ва як хушҳолӣ сӯҳбат мекунанд. Аз ҷумла Мӯътабари Раштӣ, раиси созмони ғайридавлатии Оштии миллӣ дар Тоҷикистон, ки мегӯяд: «Чун амрикоиҳо, ки новобаста аз нажоду мавқеи сиёсӣ

дар манзилу ҷои корашон парчами Амрикоро доранд, ман ҳам чун бонуи тоҷик аз ин парчами миллиамон ифтихор мекунам ва дар утоқи кориам парчам дорам ба наберагону фарзандонам ҳамеша талқин мекунам, ки дар ҳар куҷое, ки ҳастанд, парчами миллиро эҳтиром ва ҳифз кунанд.»

Манор ё худ сутуне, ки дар он парчам овехта мешавад, бо баландии 165 метр дар канори чапи қасри "Миллат" дар маркази пойтахт ва дар мавзеи баланде ҷой дода шудааст, ки ин имкон медиҳад аз дурдастарин мавзеъи шаҳр низ дида шавад.

НАРХИ ИФТИХОР

Дафтари матбуоти раёсатҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ки то кунун баландтарин сутуни парчам дар Озарбойҷон буд, ки 162 метр баландӣ дорад. Ва дар ҷаҳон баландтарин парчам дониста мешуд.

Қабл аз зуҳури милаи баланд дар Озарбойҷон, баландтарин сутуни парчам дар Кореяи Шимолӣ (160 метр), дар Туркманистон (133 метр), дар Урдун (127 метр), дар Амороти Муттаҳидаи Араб (123 метр), Малайзия (100 метр) ва Бразилия (100 метр) мавҷуд буд.

Парчами осмонбӯси Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:30 0:00
Линки мустақим


Акнун Тоҷикистон дар байни ҳамаи онҳо мақоми аввалро ишғол хоҳад намуд. Оғози сохтмони пояи сутуни парчами Тоҷикистон ҳанӯз аз моҳи ноябри соли 2010 сар шуда, онро кормандони ширкатҳои “Алюминбинокор” ва "Trident Support" сохтанд.

Сутуни мазкур аслан аз оҳан сохта шуд, ранги сафед дорад, ки ҳам дар шаб ва ҳам дар рӯз аз масофаи дур дида мешавад. Созандагони он аз ифшои маблағе, ки барои бунёди ин сутун сарф шудааст, худдорӣ мекунанд. Аммо торнамои Eurasianet.org ба нақл аз манобеи худ менависад, барои сохтани ин сутун 32 миллион доллари амрикоӣ сарф шудааст.

Расонаҳои ҳамагонии байнулмилалӣ гуфта буданд, ки Озарбойчон барои сохтмони сутуни парчами миллӣ бо иртифои 162 метар зиёда аз 20 миллион доллар сарф карда буд.

ФОЛИ НЕКИ ОЯНДА?

Исмоил Талбаков, вакили МН аз ҲКТ
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Исмоил Талбаков мегӯяд, ки баландиву паҳнои ин парчам дар зеҳни мардум ҳисси ифтихори миллиро баланд мекунад, ҳарчанд мардуми Тоҷикистон ба эҳтироми парчами миллӣ мисли мардуми кишварҳои дигар ба монанади амрикоиҳову олмониҳову дигарон одат накардаанд, дидани ин парчами бузург бинандаро ташвиқ мекунад: «Дар рӯзҳои истиқлолияти кишвар дар моҳи сентябр барафрошта шудани байрақи миллӣ барои Тоҷикистон фоли нек аст. Шумо медонед, ки масалан амрикоиҳо чӣ хурду чӣ бузург ҳар субҳ қабл аз он, ки ба кор раванд, аввал ба парчами милии худ таъзим мекунанду берун мешаванд. Мо роҳи дигарро пеш гирифтем, азбаски сутуни парчами мо баланд аст, вақте ки мардум барои кору зиндагӣ берун мераванд, ҳатман чашмашон ба он меафтад ва албатта ин муҳаббати онҳоро бештар хоҳад кард»

Вале бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, ки чунин шеваи парчамафрозиро аслан кишварҳое дӯст доранд, ки бештар равиши авторитарӣ ва ё султагароӣ доранд. Шеваи парчамдории амрикоиҳо ва кишварҳои дигари Аврупо комилан аз кишварҳои мисли Тоҷикистону Озарбойҷону дигар давлатҳо фарқ дорад.

ИФТИХОР Ё ХУДНАМОӢ?

Ба унвони намуна Амрико кишварест, ки аз кӯчактарин ҳуқуқи иқтисодию иҷтимоӣ то ҳуқуқи инсонии шаҳрвандро дар ҳар гӯшаи ҷаҳон пуштибонӣ мекунад, вале дар Тоҷикистон чӣ?

Нуралӣ Давлат, рӯзноманигори тоҷик
Ба назари рӯзноманигори тоҷик Нуралӣ Давлат, дар Тоҷикистон ин тарзи парчамдорӣ як навъ зоҳирпарастӣ аст. Ҳукумат бо харҷу сарфи чунин як сутуни баланд беҳтар мебуд барои беҳбуди зиндагии иҷтимоии мардум талош кунад: «Ман фикр мекунам, ки ин як зоҳирпарастӣ аст, яъне, ки нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон ба истиқлолияти 20-сола расидааст, медонед дар солҳои 60-ум як ибора пайдо шуда буд, кишварҳои «муфтхӯр» ном бурда мешуданд. Шумо бинед, ки дар Тоҷикистон чӣ истеҳсол мешавад?60 фоизи маводи истеъмолӣ аз берун ворид карда мешавад, вазъи иҷтимоии мардум бисёр сангин аст. Мо аз лиҳози равонӣ парчамдориро ба мардум фаҳмондем.»

Замоне, ки парчами калони миллӣ барои озмоиш барафрошта мешуд, рӯзи чаҳоршанбеи ҳамон рӯз раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара бо ҷалби намояндагони ҳукуматҳои вилоятҳои кишвар аз тариқи шабакаҳои телевизонии ҷумҳурӣ, аз вазъи танги иҷтимоӣ

изҳори нигаронӣ кард ва роҳбарони идораҳои ҳукумати худро дар фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ барои мардуми кишвар сарзаниш кард. Мансабдорони худро даъват кард, ки аз ҳисоби мардум зистанро хотима диҳанд: «Вай раиси ҳукумат аст, вазир аст, раиси кумита аст ва дигар хизматчиёни давлатӣ аз вазир сар карда дигар мадомоти давлатӣ аз президент сар карда касе набошад дар кабинет нишаст зиндагӣ кардан хато мекунад. Фаромӯш кунед. Мардуми кишвар қариб 8 миллион, аъзои ҳукумат 24 нафар аст. Мардум ба умед аст, ки президент дорад, вазир дорад ва як рӯзи мабодо соҳибияш мекунад. Имрӯз мо ба роҳбар ниёз дорем, ба ташаббускор ниёз дорем.»

"ТО ИҶЛОСИЯИ ХУҶАНД ПАРЧАМ НАДОШТЕМ"

Президент дар ин суханронӣ борҳо мардумро ба нангу номус ва ифтихори миллӣ доштан даъват мекард. Президент Раҳмон афзуд, ки Тоҷикистон то иҷлосияи 16-уми Хуҷанд парчам надошт, нишони миллӣ ва суруди миллӣ надошт зеро ҳама гирифтори нооромиҳо буданд. «Ноябри соли 1992 маро сарвари давлат интихоб карданд, як сол гузашта буд мо парчами миллӣ надоштем, ҳамчун кишвари соҳибистиқлол нишони миллӣ надоштем, мо суруди миллӣ надоштем ва баъди чаҳор соли кашмакашҳо соҳиби суруди миллӣ шудем, барои он, ки дар кашмакашҳо ғӯтида будем.»

Тоҷикистон дар замони шуравӣ соҳиби герб парчам ва суруди миллӣ буд, ки бар пояи сиёсати коммунистӣ сохта шуда буданд.

ҚАНОАТ: "МО ПАРЧАМ ДОШТЕМ"

Аммо шоири халқии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат мегӯяд, ки ҳукумати вақт дар соли 1991, яъне то марҳилаи ба сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон дар назди Академияи илмҳои
Муъминшоҳи Қаноат, шоири саршиноси тоҷик

Тоҷикистон як комиссияи давлатӣ таъсис дод ва дар назди он се вазифа гузошт, ки бо дарназардошти арзишҳои миллӣ герб, парчам ва суруди миллиро мушаххас кунад: «Баъд аз ба даст овардани истиқлолият бо фармоиши ҳукумати он замон аз ҳисоби рассомону шоирону донишмандон парчам, герб суруди миллӣ таҳия ва дуруст карда шуд ва дар иҷлосияи Хуҷанд расман пазируфта шуданд. Дар мавриди гербу парчами миллӣ баҳсҳо сурат гирифта буд. Ва маҳз дар ҳамин иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон сардори давлат интихоб шуд ва ҳамин парчами миллиро бӯсид.»

То кунун ин парчам на аз лиҳози шакл ва ё рангу нишона иваз карда нашудааст.

Ба назари Академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, ки баҳсҳо дар атрофи рамзҳои миллиро дар ёд доранд, мегӯянд рангҳои таҳия, хусусан парчам рангу арзишҳои мардуми ориёинажод, ки сурху сафеду сабз ҳастанд ва аз замони бостон то кунун расидаанд ба эътибор гирифта
Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, донишманди шаҳири тоҷик

шудааст. Устод Шакурӣ меафзоянд, ки парчами миллиро меписанданд: «Тоҷу ҳафт ситора ва рангҳои сафеду сурху сабз бисёр зебову баҷост. Ман дар он солҳо як мақола ҳам навишта будам.»

ПАРЧАМИ МИЛЛӢ ЧИСТ?

Парчами миллии Тоҷикистон, ки аз рангҳои сурху сафеду сабз ва як тоҷу ҳафт ситора иборат аст, дар қатори суруди миллӣ ва нишон яке аз рамзҳои давлатдорӣ ба ҳисоб меравад.

Парчами Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад, рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни парчам бо тоҷи зарҳалӣ ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст.

Низомнома дар бораи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 декабри соли 1999 бо Қарори № 892 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.

Бо мақсади бештар кардани рағбати мардум ба рамзи миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, соли 2009 санадеро ба имзо расониданд, ки бар пояи он ҳамасола рӯзи 24-уми ноябр рӯзи парчами миллӣ дар Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.
XS
SM
MD
LG