Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Роғун" дар миёни манфиатҳои Русия ва Амрико


Бунёди нерӯгоҳи Роғун ва иҷрои тарҳи КАСА-1000, мавзӯи аслии гуфтугӯҳои ҷониби Тоҷикистон ва ИМА будааст.

Дар мулоқоти Ҷефри Пайат, муовини аввали ёвари котиби давлатӣ ё худ вазири корҳои хориҷии Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ бо Маҳмудҷон Собиров, муовини аввали вазири умури хориҷии Тоҷикистон, ба иловаи иҷрои тарҳои муҳими энержӣ, инчунин масоили ҳамкориҳо дар таъмини бехатарии марз ва рушди тиҷорат миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

ПУШТИБОНИИ ИМА АЗ ТАРҲҲОИ ЭНЕРЖӢ

Ба таъкиди Ҷефри Пайат, равобити Амрико бо Афғонистон ба як марҳилаи ҷадид ворид шудааст ва Амрико барои татбиқи сулҳу осоиштагӣ ва рушди Афғонистон иҷрои барномаҳои иқтисодӣ дар ин кишварро пиёда ва тақвият хоҳад кард ва Тоҷикистон метавонад дар пиёда сохтани ин барномаҳо, аз ҷумла тавсеаи зербино ва бо нерӯи барқ таъмин кардани Афғонистон кӯмак кунад. Ба навбаи худ, муовини аввали вазири умури хориҷии Тоҷикистон низ изҳори умедворӣ кард, ки Амрико дар иҷрои барномаҳои энержӣ, бахусус, сохтмони нерӯгоҳи Роғун ба Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард.



Ба эътиқоди таҳлилгарон, бо таваҷҷӯҳ ба ин, ки дар ҳоли ҳозир Бонки Ҷаҳонӣ дар робита ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун машваратҳоро бо кишварҳои минтақа ба роҳ мондааст, пуштибонии бевоситаи Амрико аз иҷрои тарҳи Роғун барои Тоҷикистон аз аҳамияти фавқулода бархӯрдор аст.

"ТОШКАНД НАМЕТАВОНАД МАВҚЕИ АМРИКОРО НОДИДА БИГИРАД"

Узбакистон машваратҳои ҷамъиятӣ дар ин замина дар Алматои Қазоқистон баргузоршударо сарфи назар кард. Мақомоти Узбакистон гуфтаанд, ки бо вуҷуди баррасиҳои мусбати зистмуҳитии ин нерӯгоҳ аз сӯи коршиносони байналмилалӣ, мухолифи сохтмони Роғун аст.

Абдуғанӣ Маҳмадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон дар ин бора гуфт: “Мо метавонем ба Амрико такя кунем. Аз замоне ки Амрико консепсияи Осиёи Марказии бузургро пешниҳод кард, ҳадаф Афғонистон буд. Ва се моҳи пеш Ҷон Керрӣ, сенатори саршиноси ИМА, ки номзад ба президенти ин кишвар буд, изҳор дошт, ки аз барномаҳои энержии Тоҷикистон пуштибонӣ мекунад. Яъне, сохтмони нерӯгоҳ ва иҷрои барномаи КАСА-1000. Ба назари ман, сарусадои аз Амрико хеста
Абдуғанӣ Маҳмадазимов, сиёсатшиноси тоҷик
барои Тоҷикистон муҳим аст ва Тошканд низ метавонад мавқеи Амрико дар ин заминаро нодида бигирад.”

Аммо Узбакистон ягона кишвари мухолиф ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун нест ва ба эътиқоди таҳлилгарон, мухолифати Узбакистон дар робита ба Роғун, ба сиёсати Русия дар мавриди захираҳои оби Тоҷикистон гиреҳ хӯрдааст. Русия ба ҳеч ваҷҳ намехоҳад, ки Тоҷикистон бидуни саҳму ширкати Русия ин нерӯгоҳро бисозад ва контроли захираи об дар минтақаро аз даст бидиҳад.

ОЁ АМРИКО РУСИЯРО МУТАҚОИД МЕКУНАД?

Вале Давлатмурод Ҷумъаев, коршиноси бахши иқтисод мутмаин ҳаст, ки Амрико метавонад низ Русияро мутақоид кунад.

Вай афзуд: “Амрико бисёр фишангҳо дар даст дорад, ки ба ин кишварҳо таъсир расонад. Ҳамчунин Амрико метавонад Русияро низ мутақоид созад, ки сохтмони ин нерӯгоҳ ба нафъи кишварҳои минтақа аст, ки дар хиттаи сиёсати Русия қарор доранд ва дар ин ҷо манфиатҳои геополитикии Русия матраҳ аст.”

Ин дар ҳолест, ки Бонки Ҷаҳонӣ талошҳои худ дар робита ба муҳаё кардани шароит дар сохтмони ин нерӯгоҳ дар минтақаро идома медиҳад. Ва бонки Ҷаҳонӣ пас аз баргузории машваратҳои ҷамъиятӣ дар шаҳри Алматои Қазоқистон, рӯзи душанбе эълон кардааст, ки то бистуми июни соли ҷорӣ давлатҳои кишварҳои минтақаи ҳавзаи Амударё метавонанд назарҳои худро дар робита ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун ба Бонки Ҷаҳонӣ ирсол кунанд.

Бонки Ҷаҳонӣ машваратҳои ҷамъиятӣ дар Алматои Қазоқистон баргузоршударо оғози гуфтугӯ ва баррасиҳои тарҳи Роғун бо кишварҳои минтақа хондааст.
XS
SM
MD
LG