Дарозии матои ин парчам, ки аз ҳар кунҷу канори пойтахти Тоҷикистон намудор аст, 60 ва бари он 30 метрро ташкил медиҳад. Вале манобеи расмӣ мегӯянд, баландтарин парчам ҳоло ба таври ғайрирасмӣ ва барои санҷиш боло карда шудааст.
Ин парчам рӯзи 9-уми сентябри соли ҷорӣ, 20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон расман боло карда хоҳад шуд. Бино ба иттилои мақомот, сохтмони баландтарин парчами дунё дар Тоҷикистонро ширкати байналмилалии “Trident Support” ба ӯҳда дорад.
Вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, соли 2009 санадеро аб имзо расониданд, ки бар пояи он ҳамасола рӯзи 24-уми ноябр рӯзи парчами миллӣ таҷлил мешавад.
Тоҷикистон баъд аз Туркманистон дуввумин кишвари Осиёи Марказист, ки иди парчами худро ҷашн мегирад. Вале ба фарқ аз Туркманистон Тоҷикистон ин рӯзро рӯзи таътил эълон накардааст.
Парчами миллии Тоҷикистон, ки аз рангҳои сурху сафеду сабз ва як тоҷу ҳафт ситора иборат аст, дар қатори суруди миллӣ ва нишон яке аз рамзҳои давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Ва ин парчам ҳанӯз 19 сол пеш дар ҷаласаи Шӯрои олии Тоҷикистон қабул шудааст.