Аммо то даҳ соли пеш шумори мавҷгирҳои моҳвораӣ дар Тоҷикистон хеле андак буд ва на ҳар сокини кишвар тавони харидории ин мавҷгирҳоро дошт.
Вале акнун бозори Тоҷикистон моломол аз маҷвгирҳои чинии арзонқиммат шудааст, ки тақрибан ҳар сокини кишвар тавони харидории онро дорад.
Ба ҷанбаҳои хубу бади густариши фарҳанги истифода аз моҳвора намепардозем. Аммо иллати густурда шудани истифода аз мавҷгирҳои моҳвораӣ ба назар мерасад, ин бошад, ки шабакаҳои телевизонии маҳаллӣ натавонистанд, ниёзҳои мардум ба дарёфти иттилоотро посухгӯ бошанд.
ТАСВИРИ БЕШТАР ИН ҶОСТ
Аз замони Шӯравӣ то кунун фазои иттилоотии Тоҷикистонро расонаҳои телевизонии Маскав умдатан шакл медоданд. Шабакаи телевизонии "РТР" ва "Вести планета" ҳанӯз ҳам манбаи аслии хабарӣ барои сокинони Душанбе боқӣ мондааст.
Аммо густариши моҳвора чандин шабакаи диргарро ба фазои иттилоотии Тоҷикистон таъсиргузор кард. Шабакаи "Тулӯъ" ба далели пахши филмҳои ҳиндӣ ва туркӣ бо тарҷумаи хуби дарӣ, шабакаи "Евронюс"-и Аврупо ва шабакаи "Хабар"-и Эрон ба далели пӯшиши хабарии ҳаводиси ҷаҳон аз телевизонҳои пурбинада дар Тоҷикистон ҳастанд.
Шабакаҳои телевизонии Узбакистон низ то ҷое фазои холии телевизонии Тоҷикистонро пӯшиш медиҳанд.
Ҳатто дар чойхона ва маҳаллаҳои ҷамъиятӣ низ истифода аз моҳвора ва тамошои шабакаҳои телевизионии хориҷӣ расм шудааст.
Тоҷикистон акнун чор шабакаи телевизонии саросарӣ дорад. Шабакаи аввал, "Сафина", "Баҳористон" ва "Ҷаҳоннамо". Аммо бештари вақти эфири ин шабакаҳо, ба истиснои "Ҷаҳоннамо", сарфи нашри барномаҳои мусиқӣ мешавад. Ҳар чор шабакаи саросарӣ давлатӣ ва саргарми таблиғи сиёсати давлат ҳастанд.
Бино ба таҳқиқотҳо, пурбинандатарин барномаи телевизиони Тоҷикистон барномаи хабарӣ аз Шабакаи аввал дар соати ҳаштуними шом аст. Он ҳам ба далели ахбори расмӣ. Телевизони "Сафина" ҳам агар бозии футболи мусобиқоти Аврупо ва ё Русияро аз ягон шабакаи аврупоӣ ё русӣ ҳамзамон пахш кунад, бинандаи зиёдеро дар назди оинаи худ ҷамъ мекунад.
Аммо лаълиҳои хурду бузурги болои бомҳои Душанбе ҳамчунон нишони камтаваҷҷӯҳии бинандагон ба чаҳор шабакаи саросарии дохилӣ боқӣ мемонад.
Лаълиҳои хурду бузурги болои бомҳои Душанбе ҳамчунон нишони камтаваҷҷӯҳии бинандагон ба чаҳор шабакаи саросарии дохилӣ боқӣ мемонад...