Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Айб дар доруҳои бесифат ё табибони ғайриҳирфаӣ?


Бархе аз волидон аз он шикоят мекунанд, ки доруҳои бесифат боис ба марги кӯдакони онҳо шудааст.

Нигина 15 рӯз пеш дар беморхонаи Қарияи Боло бо бачаи 3-моҳааш бистарӣ буд. Нигина он афсӯс мехӯрад, ки тифли худро дар хона табобат накард ва ба назди табибон бурд.
Дари бемористони Қарияи Боло ба рӯи хабарнигорон бастааст ва мудирони бахши бемориҳои кӯдакона барои гирифтан ё додани иттилоъ ба хабарнигрон, роҳи Вазорати тандурустиро нишон медиҳанд...


“Вақте доруҳоро супориш медоданд, харида мебурдем. Онҳо мегузарониданд ва кӯдак хунрав мешуд. Табибон мегуфтанд, ки мумкин ягон доруе аст, ки ба "стандарт" ҷавобгӯ нест. Онҳо таъкид мекарданд, ки вақте доруро мехаред, пурсед, ки оё сертиификат дорад ё не”,-афзуд ӯ.

Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, як зане, ки ҳамроҳи ӯ дар беморхона буд, табобатро қатъ кард ва бачаашро аз беморхона берун бурд. Идомаи табобат дар хона ҷараён гирифт ва бачча ҷон ба саломат бурд.

ДАРҲОИ БАСТА БА РӮИ ХАБАРНИГОРОН

Хонум Нигина мегӯяд, агар кӯдакашро сари вақт ба хона мебурд, шояд ӯ зинда мемонд. Нигина гуфт, ки дар давоми ду буду боши ӯ дар бемористон, борҳо шоҳиди мавориди марги кӯдакон шудааст. АммоВазорати тандурустӣ мегӯяд, мизони маргумири кӯдакон дар семоҳаи соли ҷорӣ коҳиш ёфтааст.



Дари бемористони Қарияи Боло маъмулан ба рӯи хабарнигорон бастааст ва мудирони бахши бемориҳои кӯдакон барои додани иттилоъ ба хабарнигрон, роҳи Вазорати тандурустиро нишон медиҳанд.

Дар вазорати тандурустӣ ба «Озодӣ» гуфтанд, ки дар семоҳаи соли ҷорӣ 965 нафар кӯдаки то яксола аз дунё гузаштаанд. Ба қавли манобеи ин вазорат, дар ин муддат 190 кӯдаки аз 1 то 4 сола фавтиданд ва ин рақам нисбат ба семоҳаи соли 2010 ҳамагӣ се нафар зиёд аст. Нишондоди фавти кӯдакони то панҷсола ҳудуди 800 нафар будааст.

ТОҶИКИСТОН - ПАРТОВГОҲИ ДОРУҲО?

Бо ин вуҷуд Вазорати беҳдошти кишвар аз омилҳои хатарзои марги кӯдакон маълумоти мушаххас намедиҳад. Шикояти модарон дар мавриди истифодаи нодурусти доруворӣ дар табобатхонаҳоро вазорат инкор мекунад.

Аммо шаҳрвандоне, ки ҳолатро таҷруба кардааст, кам нестанд. Арафмоҳ, як пизишки 34-солаи тоҷик, мегӯяд, ки ҳоло Тоҷикистон ба истилоҳ ба як партовгоҳи доруворӣ табдил ёфтааст ва ҳама навъи дору ба ин кишвар ворид мешавад, ҳатто ба таври қочоқ.

Вай мегӯяд, "аксар мардум шикоят мекунанд, ки бо маблағи калон дору мехаранд ва табобат мекунанд, аммо сиҳҳат намешаванд. Зеро сифати доруҳо паст ва назорат аз болои доруҳои воридшуда суст аст. Назорат ё санҷишҳо дар дорухонаҳо гузаронида шуд, аммо ҳолатҳои паст будани сифати дорувориро ошкор накарданд. Дар рафти санҷиш ёфтанд, аммо боз бо ҳам додани пора ва ҳолатҳои дигар масъулин ин ба истилоҳ асрорро пӯшониданд. Ҳол он ки ин ҷинояти вазнин аст."

БЕИТТИЛОӢ АЗ НАТИҶАИ САНҶИШҲО
UNIСEF бо интишори гузорише чаҳор кишвари минтақа - Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Қирғизистонро дар радифи кишварҳои номусоид барои кӯдакон қарор дод...


Вазорати тандурустии Тоҷикистон то ҳол аз натиҷаи санҷиши дорухонаҳо ва сифати дорувориҳои бозорҳои кишвар иттилое пахш накардааст. Аммо иддае аз табибон мегӯянд, ки санҷишҳо дар доираи вазорат ва сохторҳои марбута дар нуқтаҳои доруфӯрушӣ бештар ҳолатҳои кӯҳна будани дорувориро ошкор кардааст.

Мутаасифона кӯшишҳои мо барои дарёфти посух ба ин суол, ки оё вазорат гузорише вежае дар ин робита омода кардааст, бенатиҷа буд.

"КИШВАРИ НОМУСОИД БАРОИ КӮДАКОН

Моҳи феврали соли ҷорӣ UNIСEF бо интишори гузорише чаҳор кишвари минтақа - Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Қирғизистонро дар радифи кишварҳои номусоид барои кӯдакон қарор дод. Дар ин гузориши дафтари кӯдаки СММ омадааст, ки "дар Тоҷикистон аз як ҳазор кӯдак 64 нафар бештар аз 5 сол умр намебинанд."

Гуфта мешавад беш аз 40 дарсади аҳолии Тоҷикистонро кӯдакон ташкил медиҳанд ва онхо қишри осебпазири ҷомеа ба шумор мераванд. Бар асоси омори расмӣ аз 1000 кӯдаки зиндатаввалуд то 28-рӯзагӣ 39 нафари онҳо мемиранд, ки иллати марги беш аз 60 дарсади онҳо камхунӣ ва фишори шарёни модарон будааст.

Аммо ҳоло модарон ва коршиносон сабабҳои дигари марги кӯдаконро боз як омили дигар, яъне истифодаи доруҳои бесифат ё тақаллубӣ медонанд.
XS
SM
MD
LG