Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ал-Қоида раҳбари нав пайдо кард


Тибқи гузориши хабаргузориҳо, Сайф-ул-Адл раҳбари муваққатии шабакаи Ал-Қоида интихоб шудааст.

Сайф-ул-Адли 48-сола мисритабор буда дар рӯйхати афроди матлуби хадамоти истихборотии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қарор дорад. Ҳадс зада мешавад, ки ӯ узви ҳаракати «Ҷиҳоди исломии Миср» мебошад, ки раҳбарии онро фарди дуввуми Ал-Қоида дар замони раҳбарии Усома бин Лодин, Айман Завоҳирӣ ба ӯҳда дорад. Инчунин ин тахмин вуҷуд дорад, ки ӯ раҳбарии Ҷабҳаи исломии Либияро низ ба ӯҳда доштааст.

Мақомоти Амрико Сайф-ул-Адлро дар бамгузориҳои хунини сафоратхонаҳои ин кишвар дар Кения ва Танзания дар соли 1998 гумонбар медонанд, ки мунҷар ба кушта шудани даҳҳо нафар шуда буд.

Гуфта мешавад, ки Сайф-ул-Адл тамрингоҳҳои Ал-Қоидаро дар Афғонистон ва Судон таъсис дода ба дунболи амалиёти низомии НАТО дар Афғонистон, ба хоки Эрон паноҳ бурд ва тавассути мақомоти ин кишвар дар ҳабси хонагӣ нигоҳ дошта мешуд. Ҳамзамон як сол қабл вай озод шудааст ва ҳоло макони дақиқи будубоши ӯ маълум намебошад.

Баргузидани Сайф-ул-Адл ба ҳайси раҳбари муваққатии шабакаи Ал-Қоида, ба дунболи кушта шудани Усома бин Лодин дар ҳудуди ду ҳафта пеш аз сӯи нерӯҳои вижаи артиши Амрико дар Аббатободи Покистон сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG