Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикоят болои шикоят. Додгоҳҳо ба ислоҳот ниёз доранд?


Ахиран шикоят ва норизоятӣ аз фаъолияти додгоҳҳо дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.

Бино ба омори расмӣ,дар соли 2011 додгоҳҳои Тоҷикистон танҳо як маврид қарор ё ҳукми сафекунанда содир кардаанд. Дар ҳоле, ки шаҳрвандони зиёде аз ҳукми додгоҳҳо норозиянд ва аз болои қарори онҳо ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Кумитаи ҳуқуқи башари СММ муроҷаат мекунанд. Зарурати шаффоф сохтани фаъолияти додгоҳҳо ҳатто дар паёми як моҳи пеши раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба парлумон низ таъкид шуд.

САРСОНИҲОИ ЯК СОКИНИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ

Мамад Қосимов, як сокини деҳаи Якатути ноҳияи Рӯдакӣ, ки ду марҳилаи Додгоҳи Олии Тоҷикистон даъвои ӯро рад кардааст, акнун интизори додхости худ ба Раиси ҷумҳур нишастааст.

Мамад Қосимов мегӯяд, бар ивази як муомилаи пулӣ ё гирифтани қарз
Мамад Қосимов
хонаи худро аз даст додааст. Бо вуҷуди он, ки 15 ҳазор доллар қарзашро низ ба даъвогар пардохт намудааст. Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ ҳалномаи аввалиро дар ин баҳс ба нафъи Мамад Қосимов содир намуда, аммо ду марҳилаи додгоҳи олӣ ин қарори додгоҳи ноҳияи Рӯдакиро беэътибор сохтаанд. Агар ин ҳукми додгоҳи олӣ иҷро шавад, Мамад Қосимов ба гуфтаи худаш бо 15 нафар узви оилааш дар кӯча ва бесарпаноҳ хоҳанд монд.

Ин сокини ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд, аз шаҳрванде бо номи Қурбоналӣ Аҷиков 15 ҳазор доллар қарз хоста ва хонаи худро бар ивази он ба гарав гузоштааст, аммо зимни таҳияи аснод дар идораи ноториалӣ, ҳуҷҷатҳои хона на чун гарав ба қарздиҳанда дода мешавад, балки ҳаққи моликияти Аҷиков ба хона аз сӯи Қосимов эътироф шудааст. Акнун Қосимов мегӯяд, ки ӯ он вақт фиреб хӯрдааст ва хонаро ба гарав гузоштаааст, на чун ҳаққи молкият ба қарздор додааст. Дар марҳилаи аввали догоҳӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, қазия ба нафъи Қосимов ҳал шудааст. Аммо Додгоҳи олӣ ва марҳилаи таҷдиди назари ин додгоҳ, қазияро ба нафъи қарздиҳанда ҳал кардааст.



Акнун Мамад Қосимов мегӯяд, ки умеди ӯ барои ҳалли ба гуфтаи ӯ одилонаи қазия дигар ба додгоҳҳо намонда аст ва фақат ба раиси ҷумҳур аст.
Ӯ мегӯяд: «Мо мехоҳем, ки раиси ҷумҳур ба ҳамин мушкили мо расидагӣ кунад ва қазияи мо ҳал шавад. Дигар касе ба доди мо нарасид. Вай мегӯяд, ки МВД меравед, прокуратура меравед, адлия меравед, суди олӣ меравед ҳама ҷода хешу табори манай, ҳичи кор карда наметавонед, ту беҳуда надав.»

Бар асоси қарори додгоҳ, акнун Мамад Қосимов бояд хонашро холӣ кунад ва ба ихтиёри қарзталаб вогузор намояд. Аз сӯи дигар ҳамсараш аз болои ӯ ба додгоҳ шикоят бурдааст, ки чаро бе иҷозаи ӯ хонаеро, ки ӯ низ ба он ҳаққ дорад ба каси дигар бахшидааст ё фурӯхтааст. Аммо додгоҳ аризаи ҳамасари
Қосимовро қабул намекунанд.

"НОШАФФОФИ"-И КОРӢ ДОДГОҲҲО

Қиматгул Рустамова, ҳуқуқдон ва вакили мудофеъи тоҷик мегӯяд, ки бо қазияи мазкур ва бисёр дигар чунин қазияҳо ошно аст ва онро навъе ношаффофии кори додгоҳҳо медонад. Хонум Рустамова мегӯяд: «Баррасии ҳамин қазия нишон медиҳад, ки ман шинос шудам бо парванда, қарори қонунии додгоҳи ноҳияи Рудакӣ бекор шудааст. Ҳоло он, ки дар он ба ҳамаи тарафҳо баҳои ҳуқуқӣ дода шуда буд. Дар ҳалномаи дуввум ба ин тарафҳои қазия баҳои ҳуқуқии дуруст дода нашудааст. Бе иштироки даъвогар қарор содир шудааст. Ин магар шаффофияти кори додгоҳҳо аст?»

Аз чанд соли пеш ба ин ҷониб масъалаи шаффофияти кори додгоҳҳо ба баҳси умдаи ҷомеъаи Тоҷикистон табдил шудааст. Се сол ба ин ҷониб баҳси ислоҳоти низоми додгоҳӣ яке аз мавзӯъҳои баҳси мақомоти сиёсӣ низ ҳаст. Дар як соли пеш ҳуқуқи содир намудани раводиди ҳабс аз додситонӣ гирифта шуда ва ба ихтиёри додгоҳҳо гузашт.

РАИСИ ҶУМҲУР ҲАМ НИГАРОН АСТ


Аммо нигаронии раиси ҷумҳур дар паёми як моҳи пеши худ ба парлумон аз кори додгоҳҳо, ба назари коршиносон баёнгари мавҷудияти норозигиҳои густарда аз кори додгоҳҳо мебошад. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми ахири худ роҷеъ ба фаъолияти додгоҳҳо гуфт: «Фаъолияти судяҳо бояд мисли оина покиза бошад ва саҳлангориву бемасъултятӣ дар иҷрои ин масъулият кори норавост. Таъмини иҷрои
Эмомалӣ Раҳмон ҳини суханронӣ дар парлумони Тоҷикистон, 20-уми апрели 2011
Қонуни муроҷиати шаҳрвандон аз тарафи ҳамаи мақомот беҳбудии ҷиддиро тақозо менамояд. Ин ба ҳама, ба ҳамаи роҳбарон дахл дорад, аз президенти ҷумҳурӣ, то раҳбарони парлумон, вакилони мардумӣ ва аъзои ҳукумат, кушоед дарҳоро, арзу шикояти мардум хеле зиёд аст.»


Таҳлигарон мегӯянд, ки охирин чунин навъи норозигӣ аз қарори додгоҳҳо нисбат ба парвандаи 46 нафаре буд, ки дар ҳамадастӣ бо Мирзо Зиёев дар ҳаводиси соли 2009 дар шарқи Тоҷикистон муттаҳам мешуданд. Аксари ин афрод ба бештар аз 20 соли зиндон маҳкум шуда буданд, аммо ахиран ба думболи шикоятҳои расонаии наздикони онҳо ва фишори созмонҳои ҳуқуқӣ ва мақомоти сиёсӣ, ҳукми аксари онҳо тағйир кард.

Аммо як мавриди дигари қобили дидан дар шикояти Мамад Қосимов ба унвони раиси ҷумҳури Тоҷикистон ин аст, ки ӯ чандин маротиба дар ин мактуби худ ба узбактабор буданаш таъкид кардааст.
XS
SM
MD
LG