Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозубанди сиёҳи Сайидзода: Эътироз ё ноумедӣ?


Толибшоҳи Сайидзода ҳини нишасти матбуотӣ
Толибшоҳи Сайидзода ҳини нишасти матбуотӣ

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ натиҷаҳои интихоботи миёндаврӣ дар ҳавзаи Синоро эълон кард.

Бар асоси он, Амирқул Азимов бо касби 62 дарсади оро, барандаи интихобот эълон шудааст.

Кароматулло Холиқов, муовини раиси КМИР-и Тоҷикистон зимни эълони натоиҷи интихоботи ҳавзаи Сино гуфт, ки 81 дарсади ҷамъи умумии шахсоне, ки дорои ҳаққи раъй ҳастанд, дар интихоботи рӯзи якшанбе ширкат намуданд.

Ӯ афзуд: "Ба тарафдории Амирқул Азимов 62, 89%, ба тарафдории Сафарбек Маннонов 9,9%, ба тарафдории Музаффар Мирзоев 7,5% ва ба тарафдории Толибшоҳи
Сайидзода 16, 99% интихобкунандагон овоз доданд."


САИДЗОДА: "ИНТИХОБОТ БАРГУЗОР НАШУД"

Ин дар ҳолест, ки Толибшоҳи Сайидзода, номзади мустақил ва муҳаррири ҳафтаномаи сиёсии "Миллат" мегӯяд, интихоботи рӯзи якшанберо эътироф намекунад. Зеро ба гуфтаи ӯ, дар ин интихобот теъдоди кофии шаҳрвандоне, ки битавонанд баргузории интихоботро таъмин кунанд, ширкат наварзиданд. Ҷаноби Сайидзода мегӯяд, дар интихоботи рӯзи якшанбе ҳудуди шаст нозири ӯ ширкат доштааст ва ба ҳисоби онҳо, ҳадди аксар 20 дарсади ҷамъи умумии интихобкунандагон ширкат варзидаанд.

Ӯ интихоботи рӯзи якшанберо доирнашуда медонад ва мегӯяд, КМИР бояд интихоботи навро бо номзадҳои нав баргузор кунад.

Толибшоҳи Сайидзода: "Бо тамоми масъулият мегӯям, ки интихоботи рӯзи 15-уми май ношаффоф, ғайримунсифона ва беадолатона доир шуд. Комиссияи интихоботӣ интихоботро баргузоршуда эълон кард, вале мо ба далоиле, ки дорем, мегӯем, бештар аз 27 дарсад дар интихоботи рӯзи 15-уми май ширкат накардааст. Аксари қонуншиканӣ ва тақаллуб дар интихобот тавассути директорони мактабҳо, ки раисони участкаҳои интихоботӣ ҳастанд, сурат гирифт. Ин интихобот умеду орзуҳои мо ва ҷонибдорони моро ба яъсу навмедӣ табдил кард."

БОЗУБАНДИ СИЁҲ - НИШОНИ ХАШМ ВА Ё НАВМЕДӢ?

Толибшоҳи Сайидзода дар ҷамъи нозирон ва ҳаводоронаш, ки ҳамагӣ бозубанди сиёҳ ба нишони эътироз бо худ доштанд, зимни он ки аз мақомоти умури дохила ва амнияти Душанбе барои иҷрои масъулияташон ва мудохила накардан дар умури интихобот ташаккур кард, аз мақомоти иҷроия ва хусусан сохтори маорифи шаҳр ба шиддат интиқод кард. Вай гуфт, ки тақаллуб ва қонуншиканӣ тавассути ҳамин мақомот дар интихобот сурат гирифтааст.

Ҷаноби Саидзода гуфт, бозубанди сиёҳи ӯ ва ҳаводоронаш нишони табдил шудани умед ба навмедӣ аст, агарчанд умедворанд ранги он ба сафед табдил шавад.



Муҳаррири ҳафтаномаи "Миллат" гуфт, як рӯзи қабл аз интихобот, генерал Шералӣ Сабзов, сардори раёсати дохилии Душанбе ва Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маориф бо ӯ мулоқот намуда ва ваъда карданд, ки зердастонашон дар интихобот мудохила ва тақаллуб нахоҳанд кард. Ба гуфтаи Сайидзода, генерал Сабзов ба ваъдаи худ амал кард, аммо вазири маориф аҳдшиканӣ кардааст ва аксари тақаллубот тавассути мудирони мактабҳо ва муаллимон сурат гирифтааст.

Ситоди номзад Сайидзода санадҳо, аксу навори видеои қонуншиканиҳоро, ки тавассути нозиронаш сабт шудаанд, ба намоиш гузошт.

Овоздиҳии як кас ба ҷои чанд нафар
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:55 0:00
Линки мустақим


МАҚОМОТ РАД МЕКУНАНД

Кароматулло Холиқов, муовини раиси КМИР-и Тоҷикистон мегӯяд, аъзои комиссия чандин мавриди шикоятро дар рӯзи гузашта баррасӣ кардаанд. Аммо аксари онҳо таъйиди худро наёфтаанд. Ӯ мегӯяд: "Шикоятҳо буд, ки дар як ҳавза гӯиё даъват шудааст, ки ба талабаҳо иҷоза дода шавад, то овоз диҳанд, вале мо бо аъзои комиссия рафтем, баррасӣ намудем ва ин тасдиқ нашуд. Бархе дигар шикоятҳо ҳам буд, ки ба ҷои чанд нафар як нафар овоз додааст, албатта, будааст, вале раиси участка аз он пешгирӣ кардааст."

"ШОҲИЁН АЗ ИМТИҲОН НАГУЗАШТ"

Коршиносон ва маҳофили сиёсӣ ва расонаии Тоҷикистон бо таъйини
Шермуҳаммади Шоҳиён
Шермуҳаммади Шоҳиён ба унвони раиси КМИР дар ду моҳи пеш умедвор буданд, ки низоми интихоботӣ дар Тоҷикистон ислоҳ хоҳад шуд ва интихоботи нахустини таҳти раёсати ӯро имтиҳони ҷиддие барои Шоҳиён медонистанд. Ҳамаи интихоботҳои даҳ соли гузаштаи Тоҷикистон мавриди интиқоди шадиди созмонҳои байналмилалӣ ва аҳзоби сиёсии дохили кишвар будааст.

Аммо акнун низ, ки яке аз рақибони аслӣ дар интихоботи рузи 15-уми май интихоботро пуртақаллуб ва баргузорнашуда унвон кардааст, бархе коршиносон мегӯяд, омадани Шоҳиён низ шеваи кори комиссияи интихоботиро тағйир надода ва ба истилоҳи бархе хабарнигорони тоҷик, Шоҳиён аз имтиҳон нагузашт.

ПӮШИШИ ГУСТУРДАИ РАСОНАИИ ИНТИХОБОТ

Интихоботи рӯзи якшанбеи гузашта мавриди табодули назар дар саҳифаҳои зиёди интернетӣ ва блогҳо низ будааст. Анора Саркорова, хабарнигори русизабони Тоҷикистон, дар зимни ёддошти худ дар саҳифаи Фейсбук менависад, ки ӯ ва модараш низ дар ноҳияи Сино ба сар мебаранд, вале даъватномаи интихоботро дарёфт накардаанд.

Вале ба ҳар ҳол, вақте ба қитъаи раъйдиҳӣ меравад масъулини комиссия ба ӯ ба истилоҳ мехоҳанд кӯмак кунанд ва бигӯянд, ки ба кӣ бояд раъй диҳад. Ва каси мавриди назари масъулин, албатта Амирқул Азимов буд, менависад Саркорова.

ЯК "ҒОЛИБ", ЯК МӮЪТАРИЗ ВА ДУ "ТАН ДОДА" БА ТАҚДИР

Интихоботи миёндаврӣ дар ҳавзаи Сино миёни чор номзад, Амирқул Азимов, аз ҲХДТ, Толибшо Саидзода, муҳаррири нашрияи "Миллат", Музаффар Мирзоев, номзади ҲАТ ва Сафарбек Маннонов, номзади мустақил доир шуд, ки ду нафари ахири яке ҳудуди даҳ ва ҳафт дарсади раъйро ба даст оварданд.

Ҳарду номзади дигари ноком, Сафарбек Маннонов, ки узви ҲХДТ аст ва Музаффар Мирзоев аз ҲАТ натоиҷи интихоботро эътироф намудаанд.
XS
SM
MD
LG