Дар репертуари аксар овозхонони ҷавони Тоҷикистон ҳадди ақалл як суруде пайдо кардан мумкин аст, ки ба мавзӯи ғарибӣ бахшида шуда, дар онранҷу уқубати муҳоҷирони кории тоҷик дар хориҷи кишвар тасвир мешавад.
Овозхонҳо ба хотири маҳбубият пайдо кардан дар ин мавзӯъ сурудҳо мехонанд ва дар клипҳои худ ҳаёти сангини муҳоҷирбачаҳои тоҷикро дар Русия нишон медиҳанд.
Ҳамакнун ду таронаи тозаэҷоди овозхони ҷавон Наимҷони Саидалӣ ба матни шоир Сироҷи Абдулло аз пурфурӯштарин сидиҳо дар дӯконҳои фитафурӯшии марказ ва ҷануби Тоҷикистон унвон мешавад.
Дар кӯтоҳтарин фурсат маҳбуби шунавандаҳо гардидани ин таронаҳо иҷрокунандаи он Наимҷони Саидалиро водор кард, ки дар пайи он се клип сохта, дар он нақши муҳоҷирбачаи тоҷикро бибозад. Дар мусоҳибае, ки ин овозхони ҷавон бо "Озодӣ" анҷом дод, Наимҷони Саидалӣ гуфт, тирамоҳи имсол ҳамчунин як филми ҳунарие рӯйи кор хоҳад овард, ки низ аз сарнавишти муҳоҷирони корӣ қисса мекунад.
"ЭЙ БАЧАИ МАРДИКОР, ЧӢ ҲОЛЕ ДОРИЕ?"
Аммо нахуст аз овозхон пурсидем, ки чӣ гуна идеяи сурудан дар мавзӯи ғарибию муҳоҷират ба сараш омад ва чаро Наимҷон мехоҳад якчанд суруди дигаре дар ҳамин мавзӯъ ба иҷро расонад?
Наимҷон: Вақте дар шаҳри Қӯрғонтеппа консерти худро баргузор кардам, аз хизмати коргардон Сироҷи Абдулло истифода кардем. Он кас ба мо матни як шеърро нишон доданд, ки "Ғарибӣ" ном дошт. Хеле дилчасп буд. Онро оҳанг гузошта, ҳамроҳи Ҳанифаи Қурбон, овозхони маҳаллӣ, сурудам. Клип сохтем. Хеле маҳбуб шуд дар миёни шунавандаҳо. Инро аз рӯйи зангҳои телефоние хулоса кардам, ки ҳамарӯза ба мо мекунанд. Клип саҳнаи хумори дидори ҳамдигари модару писари муҳоҷирашро тасвир мекунад.
Писари муҳоҷир:
Эй, очаи дилсӯхтаю зардоби ҷигар,
Меҳри ҳама дигар асту меҳри ту дигар,
Дур аз ту ғарибу мардикорам имрӯз,
Дил синакабоб асту ҷигар лахчаи тар.
Модар:
Дар сараки дастурхон ҷоят холие,
Эй бачаи мардикор, чӣ ҳоле дорие.
Бо гардани каҷ сӯйи ҳавлӣ менигарам,
Насибаи ту мондай, кай меоие?
Ҳамин тавр, муҳоҷирбача бо машаққату азоби зиёд орзуи дидори модарро месарояд. Баъд ба дидори ӯ мерасад, аммо танҳо дар хобаш…
"МАВЗӮИ ДОҒ"
Озодӣ: Аммо таронаи дуввумат ҳам, ки "Ғарибӣ" ном дорад, ба чӣ мазмун аст ва чаро боз ҳам такрори мавзӯъ аст?
Наимҷон: Қисмати дуввуми тарона ё клип ҳам бо дархости шунавандаҳо, асосан модароне, ки солҳои сол аз дидори фарзанди муҳоҷирашон маҳрум ҳастанд, сохта шуд. Аслан, мо дар фикри таҳияи қисмати дуввуму севвум набудем. Аммо бо назардошти мавзӯи доғ будани муҳоҷирату ғарибӣ ва талаби ҷомеа, ин корро кардем. Дар клипи дуввумамон ҳам азоби ҷавони муҳоҷир тасвир мешавад, ки дар ҷангалзори Русия аз дасти бадхоҳон мегурезад, сагҳо аз пасаш ҳамла мекунанд. Ин дафъа модар хоб мебинад, ки писари ягонааш ба хона баргаштааст, вале боз ҳам онҳо ба дидори якдигар намерасанд. Яъне боз ҳам орзуҳои модари тоҷик тасвир шудааст, ки солҳои сол чашминтизори роҳи фарзанди муҳоҷираш аст. Ин дафъа ҷавони муҳоҷир аз Ватан ҳам зиёд ёд мекунад.
Хоки Ватанам мушку анбар дораде,
Ҳар қатраи об ширинтар аз қанд дораде.
Эй дӯст, қадам ба хокаш оҳиста бимон,
Садқай Ватанам, ки бӯйи модар дораде…
"МАН ДАР МУҲОҶИРАТ НАБУДАМ"
Озодӣ: Ба ту нафаре ишора накард, ки дар клипи якумат нақши муҳоҷирро чандон заминӣ набозидаӣ? Воқеан, чаро бештар лаҳҷаро дар иҷроиши таронаҳоят истифода мекунӣ?
Наимҷон: Бале, шояд ҳамин тавр бошад. Ман ягон бор дар муҳоҷирати корӣ набудам, вале бо муҳоҷирони бисёре сӯҳбатҳо кардам, то аз наздик бо ҳама он чӣ ки онҳо дар ғарибӣ эҳсос мекунанд, шинос шавам ва ин ҳолро дар клипамон табиитар нишон диҳам. Лекин онҳое, ки клипҳоро тамошо карданд, аз мо мепурсанд, ки оё воқеан, онро дар Русия ба навор гирифтем ё хайр. Саҳнаҳо бисёр монанд будааст. Ҳама ин саҳнаҳоро мо дар "Бешаи палангон"-и ноҳияи Ҷилликӯл сабт кардем. Шояд клипи дуюмамон ҷолибтар омад, ки баъзе ҳунармандони касбӣ ҳам онро хуб арзёбӣ карда, гуфтанд, ки аз ман актёри хуб ҳам мебарояд…
ФИЛМИ ҲУНАРӢ ДАР БОРАИ МУҲОҶИРОН
Озодӣ: Яъне, ягон нақшаи дигар ҳам дорӣ, ки дар филме ҳам нақши муҳоҷирбачаро бибозӣ?
Наимҷон: Бале, бале. Продюсери ман Зафари Раҳимзод пешниҳод кард, ки қисмати чаҳоруми силсилаклипҳоро ба шакли филм омода кунем. Ҳоло дар ҷустуҷӯи сарпарастон ҳастем, баъзе гуфтушунидҳо анҷом шудаанд ва дар моҳҳои сентябр-октябр наворбардории филм бояд хатм шавад.
Озодӣ: Ин филми ҳунарӣ мешавад? Сарпарастони филм худи муҳоҷирони корӣ ҳастанд?
Наимҷон: Бале, филми пурраметражи ҳунарӣ хоҳад буд. Аммо сарпарастонаш муҳоҷирон нестанд.
Озодӣ: Сужааш аз чӣ иборат хоҳад буд?
Наимҷон: Сужааш дар бораи сарнавишти як муҳоҷирбачаи тоҷик аст, ки хеле азобу машаққат мебинад дар кишвари муҳоҷират. Номаш тақрибан "Ғарибӣ" ё "Модар мурд, падар пияндар мешавад" хоҳад буд. Қисмати асосии филм бояд дар Русия ба навор гирифта шавад. Мақсади ниҳоии мо ин аст, ки эҳсосҳои модарону писарони аз ҳам дур ва ҷудоро тасвир кунем, ки хеле дарднок аст, бахусус барои модарони мо. Шояд ба ин васила, таъсир гузорем, ки одамони наздики аз ҳамҷудо дубора ба ҳам оянд, модарони мо ниҳоят ба дидори фарзандони худ бирасанд…
Мақсади ниҳоии мо ин аст, ки эҳсосҳои модарону писарони аз ҳам дур ва ҷудоро тасвир кунем, ки хеле дарднок аст, бахусус барои модарони мо...