Бархе аз коршиносон бо ишора ба низоъи қавмии рухдода дар соли гузашта дар Ӯши Қирғизистон дар миёни ӯзбакҳо ва қирғизҳо, ки боиси ҳалокати даҳҳо нафар шуд, имкони такрори чунин ҳаводис дар бақия аз қаламрави ин минтақаро истисно намекунанд. Аммо кадом авомил ва ангезаҳое барои рух додани низоъҳои қавмӣ дар минтақа мавҷуд аст?
АНГЕЗАҲОИ РУХ ДОДАНИ НИЗОЪҲО ЧИСТ?
Ангеза ва ё авомиле, ки битавонад низоъҳои қавмӣ дар кишварҳои Осиёи Марказиро таҳрик диҳад аз даврони шӯравӣ ба мерос мондааст. Тақсимоти баҳсомези ҳудудӣ, даъвоҳои лидерӣ дар минтақа аз сӯи бархе аз давлатҳо, баҳрабардорӣ аз захоири табиӣ аз ҷумла об, нерӯ гирифтани миллатгароӣ, мавҷудияти ақаллиятҳои миллӣ дар қаламрави кишварҳои алоҳида ва мушкилоти вобаста ба онҳо аз омилҳое дониста мешаванд, ки имкон дорад дар оянда ба бурузи низоъҳои қавмӣ боис шаванд. Бар изофа доираҳои муайяни хориҷӣ, ки дар пайи пиёда кардани нақшаҳои геополитикии худ дар минтақаанд, дар фурсати барояшон муносиб метавонанд аз ин омилҳо ба манфиати худ истифода кунанд.
Пол Куин Ҷаҷ, роҳбари намояндагии Гурӯҳи байналмилалии бӯҳроншиносӣ дар Осиёи Марказӣ, ки аз чанд сол ба ин сӯ таҳаввулоти бӯҳрономези минтақаро таҳқиқ мекунад гуфт, манбаъҳои ихтилофоти қавмӣ дар Осиёи Миёна хеле зиёданд. Вай афзуд, ки ҳаводиси рухдода дар шаҳри Ӯши Қирғистон як намунаи рӯшани чунин низоъҳост ва метавонад боз ҳам такрор шавад.
МУШКИЛИ УМДАИ МИНТАҚА КАДОМ АСТ?
Аз сӯи дигар, афзуд ҷаноби Ҷаҷ баҳсҳои марзӣ миёни ин кишварҳо низ аз дигар манбаъҳои ихтилоф буда метавонад. Вале ин коршиноси байналмилалӣ мегӯяд, мушкили асосии минтақа, набуди сиёсатмадорони дурбин ва донишманд аст, ки битавонанд ба мушкилоти мавҷуда бо равиш ва нигоҳи тоза расидагӣ кунанд: «Аз рӯи хабарҳо ва аз рӯи воқеаҳое, ки бахусус дар имтидоди марзҳои Тоҷикистон бо Ӯзбакистону Қирғизистон ва ҳатто дар марзҳои Қазоқистон мо мушоҳида мекунем, гоҳо ташаннуҷ рух медиҳад. Ин як мисоли рӯшане аст. Аммо ҳоло, ки ин ташаннуҷ ба як низоъи ҷиддӣ табдил нашудааст, бояд ҳамаи ҳукуматҳо таври ҷиддӣ ба маҳор кардани онҳо талош варзанд.»
Тақрибан дар ҳамназарие бо ҷаноби Ҷаҷ, Рашид Ғанӣ, коршиноси масъалаҳои байнулмилалӣ низ эҳтимоли бурузи ихтилофоти қавмӣ дар кишварҳои Осиёи Марказиро баъид намедонад. Ҷаноби Ғанӣ бо ишора ба мавҷудияти ақаллиятҳои нисбатан бузургтари қавмӣ дар қаламрави давлатҳои Осиёи Марказӣ, масалан тоҷикони зиёд дар Ӯзбакистон ва ё баръакс узбакони зиёд дар Қирғизистон мегӯяд, нодида гирифтани манофеи ин ақаллиятҳо метавонад на танҳо ба низоъҳои қавмӣ, ҳатто байнидавлатӣ сабаб гардад: «Модоме, ки ақвоми гуногун ҳастанд, бояд манофеи онҳо ҳадди ақал дар сатҳи нухбагон ба эътибор гирифта шавад. Қавмҳои гуногун тибқи теъдод ва таносуб дар сохторҳои давлатӣ аз намояндагӣ бархурдор шавад.»
УЗБАКҲО БУЗУРГМАНИШӢ МЕКУНАНД
Бархе дигар аз коршиносон даъвоҳои бузургманишӣ ва ё лидертарошии роҳбарони бархе аз кишварҳо ва дар зимн сарфи назар кардани манофеи кишварҳои дигарро низ аз ангезаҳои бурузи ихтилофот дар минтақа талаққӣ мекунанд.
Таҳлилгари маскавӣ, Георгий Ситнянский дар асари нави худ, ки таҳти унвони « Низоъҳои қавмӣ дар Осиёи Миёна ва манофеи миллии Русия» мунташир шудааст дар ин бора менависад, ки фикри бунёди «Узбакистони Бузург» ҳарчанд ошкоро матраҳ намегардад, гаҳ-гоҳе доман зада мешавад. Ва роҳбарияти Ӯзбакистон низ аз талошҳо барои лидерӣ дар минтақа даст накашидааст.
ОЁ ҲУДУДИ МИЛЛӢ НООДИЛОНА ТАҚСИМ ШУД?
Ин ҳам дар ҳолест, ки низоъшинос Фаррух Умаров мегӯяд, бо гузаштани бист сол аз даврони пошхӯрии шӯравӣ масоиле чун тақсимоти ноодилонаи ҳудудиву миллӣ дар минтақа роҳи ҳалли худро пайдо накард. Гузашта аз ин мухолифатҳо бар сари иҷрои тарҳҳои обу энержии Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки ҳамакнун барои ҳалли мусолиматомези он созмонҳои байналмилалӣ низ ҷалб шудаанд ва дар заминаи ин ихтилофот роҳандозии ҷангҳои иттилотиву лафзӣ шаҳодати он аст, ки муноқишаҳои қавмӣ падидае нест, ки натавонад ба вуқӯъ наояд: «Заминаҳои сар задани чунин низоъҳо дар Осиёи Марказӣ вуҷуд доранд ва онҳоро метавон ба се тақсим кард. Яке заминаҳои таърихӣ, ки марбут аст ба тақсимоти нодурусти марзӣ, дигар заминаҳои иқтисодӣ, ки асосан рақобати геополитикӣ дар атрофи манобеи табиӣ дар минтақа ва сеюм масъалаи идеологиро метавон зикр кард, ки он марбут мешавад ба баланд шудани худшиносии миллӣ.»
"ЗИДДИЯТҲО ЯК ПАДИДАИ ТАЪРИХИСТ"
Ва аммо дар шароити мавҷудияти чунин авомили таҳрикдиҳандаи низоъҳои қавмӣ, ин кишварҳо то чӣ ҳадд метавонанд, дар баробари таҳдиди беруна худро эмин доранд? Сайфулло Сафаров, муовини мудири Маркази тадқиқоти- стратегии Тоҷикистон мавҷудияти зиддият ва ихтилофоти қавмӣ дар минтақаро як падидаи таърихӣ унвон кард. Ҷаноби Сафаров гуфт, масъала инҷост, ки кишварҳои минтақа набояд шароитеро ба вуҷуд оранд, қувва ва қудратҳои беруна битавонанд, аз ин омилҳои низоъ истифода кунанд: «Аз ин мавридҳо чӣ гуна истифода кардани қувваҳои гуногун албатта матраҳ аст. Имкон дорад, ки ин ё он қувва аз ин зиддиятҳои мавҷуда истифода барад. Ин ҳам як навъи муборизаи геополитикӣ байни кишварҳои бузург аст.»
Ба бовари бештари таҳлилгарон, ҳоло дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки ниҳодҳои ҷомеаи маданӣ нақши муассир надоранд, танҳо ҳукуматҳоанд, ки метавонанд аз вуқӯи ҳамагуна низоъҳои қавмӣ ҷилавгирӣ кунанд.
Бо ин ҳол Пол Куин Ҷаҷ, роҳбари намояндагии Гурӯҳи байналмилалии бӯҳроншиносӣ мегӯяд, то кунун кадом мавриди хушунатҳои байнимқавмии бузургмиқёс дар минтақа рух надодааст. Вале дар сурати рӯи кор наомадани сиёсатмадорони огоҳ, тозаназар ва бовиҷдон, минтақа бо чунин мушкилӣ рӯбарӯ мешавад. Мушкиле бо паймадҳои мудҳиш ва дарозмуддат.