Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фирори ҳазорон нафар аз пешгӯии зилзила дар Рум


Ҳазорон сокини Рум бо нигаронӣ аз эҳтимоли вуқӯи заминларзаи харобиовар, ки аз тарафи зилзилашиноси кайҳо фавтида пешгӯӣ шудааст, хонаҳои худро тарк карданд.

Як моҳ мешавад, ки саҳифаҳои интернетӣ шоеаву овозаҳоро бар пояи пешгӯии Рафаэлло Бендандӣ – зилзилашиноси худомӯз пахш мекунанд.

Бино ба пешгӯии Бендандӣ, заминларзаи харобиовар бояд рӯзи 11-уми май Румро такон медод. Ин зилзилашиноси худгардон, ки ҳанӯз соли 1979 аз дунё гузаштааст, якчанд заминларзаро дақиқан пешгӯӣ карда буд.

Рум, ин шаҳри ҷовидон, ба хок яксон мешавад ва заминларзаи харобиовар биноҳои асрҳо пойбарҷоро ба тӯдаи гарду хок табдил медиҳад. Ин овозаҳо, ки бо хондани онҳо ба тани инсонҳои фарсахҳо дур аз Рум рашъа медамад, сабаби ваҳшат дар миёни сокинони маҳаллӣ шудааст.

АЗ ДУШАНБЕ ТО ИТАЛИЯ

Ин ҳолат, ҳодисаи соли гузашта дар Душанберо ба ёд меорад, ки сокинони пойтахт, баъд аз пахши овозаҳои эҳтимоли заминларзаи шадид хонаву дари худро тарк карданд ва то рӯз дар атрофи шаҳр чарх заданд. Бо вуҷуди беҳтарин талошҳои ҳукумати Италия дар мавриди хунсо кардани пешгӯиҳои “пайғамбарона”-и Бендандӣ, ҳазорон нафар аз пойтахти Италия шаҳри Рум фирор карданд.

Зилзилаи кӯчаки рӯзи сешанбе дар 100-километрии ҷануби шаҳр шоеаҳои зилзилаи харобиоварро бештар ва ҳароси мардумро афзунтар кард. Гуфта мешавад, имрӯзҳо телефонҳои идораи полис як лаҳза ором набуданд ва дар муқоиса бо 11-уми майи соли 2010, бист дарсад бештари кормандони хадамоти маишӣ имрӯз истироҳат гирифтаанд.

Ҳамин тавр, дари фурӯшгоҳҳои хурду бузург баста буда ҳатто дар “Чайна-таун” фурӯшгоҳи чиноиҳо, ки маъмулан ҳамарӯза кор мекунад, 90 дарсади дӯконҳо баста шудаанд.

"ПЕШГӮИИ ПАЁМБАРОНА"

Як дӯкондори итолиёвӣ, ки худро Леонардо Маззӣ муаррифӣ кард, гуфт, ин овозаҳоро ҷиддӣ намегирад ва алорағми бисёр ҳамтоҳои худ дари дӯконашро боз гузоштааст: “Инҳо ҳама рафтанд. Ба хотири заминларза, инҳо метарсанд. Чиноиҳо воқеан ҳам хурофотианд.”

Светлана Пекраская, як пиананавози рус, ки бо ду бачаи худ дар Рум ба сар мебарад, мегӯяд, пас аз чанду чуниҳои зиёд бо таваккал аз шаҳр берун нарафт: “Дар оғоз ман хостам бачаҳоямро аз шаҳр берун барам, зеро дар тӯли ҳаёти худ мо ин ҳолатро аз сар гузаронида будем. Аммо баъд фикр кардам, ки фардо бачаҳо бояд ба мактаб раванд, ба мактаби мусиқӣ ва ман ниҳоят ба қароре расидам, ки аз ҷоям такон нахӯрам."

Пекраская дар шаҳри марказии Л-Куила зиндагӣ мекунад, ки ду соли пеш аз замирнларзаи баробар ба 6,3 дараҷа такон хӯрда, хисороти ҷонӣ ва харобии зиёд ба бор оварда буд. Дар ин ҳодиса бештар 300 нафар кушта шуд. Он замон Свтелана Пекраская бо ду бачаи худ аз заминларза ҷон ба саломат бурд, аммо хонаи онҳо комилан барбод рафт ва ӯ маҷбур шуд, ки зиндагиро дар пойтахт аз сифр шурӯъ кунад.

"ЗАМИНЛАРЗА ПЕШГӮӢ НАМЕШАВАД"

Бо он ки Светлана ба пешгӯии “пағамбарона”-ӣ” Бендандӣ бовар надорад, аммо мегӯяд, ки эҳтимоли чунин як заминларзаи харобиовар ӯро нороҳат мекунад.

Ба хотири хунсо кардани овозаҳо ва коҳиш додани изтироби сокинон, дар шаҳр хатти телефонҳои ройгон боз шудааст ва ходимони пулис ба пурсиши мардум посух мегӯянд. Дар баробари ин, Ожонси ҳимоят аз шаҳрвандон бо нашри як эълон дар сомонаи интернетии худ ба сокинони Рум қотеъона паём додааст, ки ҳеҷ кас наметавонад заминларзаро пешгӯӣ кунад ва Рум низ дар ростои чунин хатар қарор надорад.

Пажӯҳишгоҳҳои марбут ба омӯзиши зилзилаҳо низ фаъолиятҳоеро барои огоҳии бештари мардум аз қобили пешгӯи набудани заминларза ба роҳ мондаанд.

"ХУДОМӮЗЕ, КИ ПЕШГӮӢ МЕКАРД..."

Олимону донишмандон мегӯянд, ҳеҷ далеле вуҷуд надорад, ки Бендандӣ тавониста бошад, имрӯзро пешгӯӣ кунад. Паула Лагорио, раҳбари созмони марбут ба Бендандӣ, ки ҳама дастнависҳои ӯро ҳифз кардааст, мегӯяд, дар асноди маҳфуз ба заминларза дар атрофи Рум, соли равон, ҳеҷ ишорае нашудааст.

Олими худомӯзи соҳаи заминларза ва ситоршинос Рафаэлло Бендандӣ гуфтааст, бо омӯзиши ҷойгиршавии ситораҳо мешавад аз заминларза пешгирӣ кард. Соли 1923 Бендандӣ пешгӯӣ карда буд, ки дуввуми январи соли 1924 дар минтақаи Адреатики Марчес зилзила рух медиҳад. Заминларза ин минтақаро такон дод, аммо пас аз ду рӯз.

Пешгӯиҳои Бендандӣ мавриди таваҷҷӯҳ шуд ва диктатор Бенито Муссалинӣ ба ӯ мақоми баландеро эҳдо кард. Гуфта мешавад, ки ин олими худгардон ҳамчунин заминларзаи соли 1976 дар минтақаи шимолу шарқи Италияро пешгӯӣ карда буд, ки дар пайи он наздик ба 1000 нафар ҷони худро аз даст дод.
XS
SM
MD
LG