Ин тасмим дар ҳоле гирифта шуд, ки нархи як кило гӯшт дар бозорҳои Душанбе тақрибан то 30 сомонӣ боло рафт.
Раиси корхонаи давлатии Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе, Ассомиддин Ризоев, гуфт, маблағи аз тарафи шаҳрдорӣ ҷудошударо дарёфт кардаанд ва талош хоҳанд кард, то гӯштро аз дасти аввал бигиранду ба фурӯш гузоранд.
Вай афзуд, "бо ин мақсад мо дар аксари бозорҳои пойтахт наздики 85 нафар таъминкунандаро ба кор гирифтем, ки бевосита аз дасти чорвопарварон гӯштро мехаранд ва ба Душанбе меоранд. Мо гӯштро аз дасти аввал харида, ду-се миёнаравро аз бозӣ баровардем. Дар ҳамин рӯз мо чаҳор миллион сомонӣ қарзи бефоизро гирифтем ва то моҳи октябри соли ҷорӣ ҷиҳати танзими нархи гӯшт чораҳои фаврӣ дида хоҳад шуд."
Барои ҳифзи нархи мушаххасе ки аз тарафи шаҳрдорӣ таъйин карда шудааст, дар даромадгоҳҳои аксари бозорҳои пойтахт чун таҷрибаи пешин "Гӯшаи деҳқон" фаъол карда шуда ва аз тарафи хоҷагиҳои деҳқонии навоҳии кишвар бо қиммати 23 сомонӣ гӯшти гов ба фурӯш гузошта шудааст.
КАЙҲОСТ, КИ ГӮШТ ФАРОМӮШ ШУДА...
Замоне ки мо ба бозори "Шоҳмансур"-и пойтахт омадем, дар пештоқи дӯконҳои гӯшт навиштаҷоти "гӯшти гов 23 сомонӣ" ва "гӯшти гӯсфанд 24 сомонӣ" зада шуда буд. Бархе аз дӯконҳо дари худро баста буданд, вале дар назди дӯконҳои дигаре, ки гӯшт мефурӯхтанд, мардум чандон зиёд набуд.
Зеро аз як сӯ аз хабари коҳиши нархи гӯшт аз тарафи шаҳрдори Душанбе кам нафароне огаҳӣ доштанд ва аз сӯи дигар, шаҳрвандон кайҳост, ки гӯштро аз номгӯи ғизои худ хориҷ кардаанд.
Сухангӯи шаҳрдори Душанбе, Шавкат Саидов, мегӯяд, баробари коҳиш дода шудани нархи гӯшт, кайфият, яъне сифати гӯшт низ ба эътибор гирифта шудааст.
"Даъват ба миён оварда шуд, ки ба сифати гӯшти ба савдогузошташаванда эътибори ҷиддӣ дода, нагузоранд, ки ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон дар интихоб ва дастрасӣ ба гӯшти хушсифат поймол гардад ва марказҳои назорати давлатии ветеринарӣ, санитарию эпидемиологӣ ва дигар сохторҳои марбутаи шаҳрӣ дар ин самт фаъолиятро пурзӯр намоянд",-илова кард ӯ.
300 ГРАММ РАВҒАН, 300 ГРАММ УСТУХОН
Ҳоло бо коҳиш ёфтани қиммати гӯшт, агар шумо як кило гӯшт хариданӣ шавед, ҳатман 300 грами онро равған ва тақрибан ҳамин миқдорашро устухон ташкил медиҳад.
Фурӯхтани гӯшти беустухон муваққатан манъ карда шудааст ва аммо як дӯкондори бозори "Шоҳмансур" гуфт, иқдоми шаҳрдорӣ барои танзими нархи бозор хуб аст ва шояд барои як давра нарх коҳиш дода шавад. Аммо ӯ афзуд, норасоии гӯшт ва қимматии нархи ғизои чорво боз маҷбур мекунад, ки нархи гӯшт афзоиш ёбад.
Вале ба назари таҳлилгарони масоили иқтисодӣ болоравии нархи гӯшту бензину дигар маводи мавриди ниёзи аввалияи мардум аз муассир набудани фаъолияти Оҷонсии зиддиинҳисор дар кишвар мебошад.
АЙБИ ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ?
Иқтисоддони тоҷик, Давлатмурод Ҷумъаев мегӯяд, ки беназоратии ин Хадамот бозорҳои Тоҷикистонро ба монополияи гуруҳҳои алоҳида табдил додааст: "Фаъолияти Хадамоти зиддимонополии кишвар бисёр заиф аст. Чӣ хел мешавад, қиммати сабзие, ки аз ноҳияи Рӯдакӣ ба бозори пойтахт меоранд, 3 сомонӣ аст. Қиммати сабзие ҳам, ки аз Покистон оварда мешавад, се сомонӣ аст. Яъне бозорҳои мо миёни гурӯҳҳои алоҳида монополизатсия шудаанд, ки нафари сеюмро роҳ намедиҳанд ва агар роҳ диҳанд, бадбахташ мекунанд."
Бо ин ҳама, ба назари таҳлилгарони масоили иқтисодӣ, таҷрибае, ки шаҳрдории Душанбе дар масъалаи танзими нархи гӯшту орд нишон медиҳад, ки пеш аз ҳама монополияи хариду фӯрӯши гӯшту орд дар кишвар барҳам зада мешавад ва нархро на монополистҳо балки як мақомои давлатӣ пас аз омӯзиши вазъ мушаххас хоҳад кард.
Замоне ки мо ба бозори "Шоҳмансур"-и пойтахт омадем, дар пештоқи дӯконҳои гӯшт навиштаҷоти "гӯшти гов 23 сомонӣ" ва "гӯшти гӯсфанд 24 сомонӣ" зада шуда буд...