Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сармураббии “Вахш” аз вазифааш истеъфо дод


Cармураббии собиқи дастаи "Вахш" Аслиддин Ҳабибуллоев
Cармураббии собиқи дастаи "Вахш" Аслиддин Ҳабибуллоев

Аслиддин Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи футболи лигаи олӣ - “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, рӯзи 10-уми май аз вазифааш истеъфо дод.

Дар ин бора ба радиои Озодӣ Исроил Шарифов, раиси бошгоҳи футболи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, хабар дод. Вай афзуд: “Дастаи “Вахш” дар мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон, аслан, бо ҳайати ҷавонон ҳунарнамоӣ мекунад. 14 бозигари ҳайати асосӣ ба дастаҳои дигар гузашт. Бинобар ин дар 6 бозии имсола натоиҷи ба даст овардаи футболбозони мо ғайриқаноатбахш аст. “Вахш” як ғалаба дошта, дар 5 бозӣ мағлуб гаштааст ва бо 3 хол дар ҷои 9-ум мебошад. Пас аз бохти панҷуми даста дар майдони худ аз тими “Энергетик” бо ҳисоби 0:1, Аслиддин Ҳабибуллоев бо хоҳиши худ аз вазифаи сармураббии даста истеъфо дод. Роҳбарияти бошгоҳ ин хоҳиши ӯро қаноатманд кард. Салоҳиддин Ғафуров, ки пеш мураббӣ-мушовири даста буд, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии “Вахш” таъин шуд.”

Бояд тазаккур дод, ки ин дуввумин истеъфои сармураббии дастаҳои лигаи олии футболи Тоҷикистон дар мавсими имсола мебошад. Чанд рӯз пеш Ҳамид Каримов, сармураббии тими “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров аз вазифааш бо хоҳиши худ ба истеъфо рафта буд. Ба ҷои ӯ Муҳаммад Ҷӯраев, ки пеш мураббии калони “Парвоз” буд, сармураббии ин тим таъйин шуд. Вале то ҳоло мавқеи “Парвоз” дар ҷадвали мусобиқа тағйир наёфтааст. “Парвоз” ягона дастаест, ки дар ҳамаи 6 бозӣ шикаст хӯрда, дар зинаи охирин ҷойгир шудааст.
XS
SM
MD
LG