Асари "Ойина"-и Мастура ҳанӯз ба итмом нарасида, аммо мӯҳтавояш аз сӯи иддае аз нависандагони тоҷик баҳои баланд гирифтааст.
Ин асар аз рӯзгори ҷавондухтаре қисса мекунад, ки як ҳодисаи ғамангез сарнавишти ӯро тағйир дода ва барои гирифтани интиқом аз қотилони модараш водор кардааст.
Аз ҳоло яке аз чопхонаҳои Тоҷикистон барои нашри ин асари Мастури дувоздаҳсола изҳори омодагӣ намудааст. Мастура Ғуломова мегӯяд, ҳанӯз ду соли пеш тахайюлоти худро ба рӯи коғаз меовард. Ба қавли ӯ, дар аввал мехост, афсона эҷод кунад, аммо баъдтар дарк кард, ки навиштаҳояш фаротар аз афсонаанд.
"ҚАРОР КАРДАМ, КИ МЕНАВИСАМ"
Вай афзуд, "навиштаҳои худро қаблан чандон ҷиддӣ намегирифтам, зеро танҳо барои худам менавиштам. Аммо баъдан, вақте ки модарам асарҳоямро хонданд, хеле ҷиддӣ арзёбӣ карданд ва гуфтанд, ки ҳатман бояд ба нависандаҳо нишон дод. Ҳангоме маҳсули хаёлоти ман аз сӯи онҳо баҳои баланд гирифт, ин барои ман ногаҳонӣ ва ҳатто хурсандиовар ҳам буд. Ман қарор додам, ки ба навиштан идома медиҳам."
Ба ҷуз аз "Ойина", Мастура дастнависи ду асари дигарро низ бо номи "Рангҳои зиндагӣ" ва "Тулӯи вопасин" анҷом додааст. Бархе аз нависандагони тоҷик, аллакай дар шахсияти ӯ як нависандаи барҷастаеро мебинанд.
Аммо ба гуфтаи Мастура, тахайюлот ва истеъдоде, ки вай дорад дар зиндагӣ ва таҳсил барояш мушкилоти бешумореро ба вуҷуд овардааст. Вай мегӯяд, то ҳадде худро дар ин ҷомеа бегонашуда меҳисобад ва ҳамин эҳсос хеле азият медиҳаду гоҳе дилсард мекунад.
"ДУНЁИ МАН ДИГАР АСТ"
"Гоҳе фикр мекунам, ки истеъдодам дар зиндагӣ бароям халал мерасонад. Нофаҳамӣ аз сӯи ҳамсолону ҳамсинфон ва омӯзгорон бароям хеле сахт аст. Дунёи ман куллан фарқ мекунад ва он нафаре, ки эҷодкор набошад, наметавонад маро дарк кунад. Ин ҳама маро гоҳе ба он андешае таҳрик медиҳад, ки аз баҳри эҷодкории худ бигзарам. Зеро ин ҳама фишорҳо ва нофаҳмиҳои атрофиён шахсро хоҳу нохоҳ рӯҳан мешиканд ва хоҳишро аз байн мебарад. Дар ҳама ҳолат ягона шахси наздик модарам ҳастанд, ки бароям кӯмак мекунанд",-илова кард ӯ.
Ҳарчанд Мастура дар синфи шашум таҳсил дорад, вале то кунун панҷ мактабро иваз кардааст. Зеро аксаран вай шабонгаҳ ба навиштан машғул мешаваду бо ҳамин сабаб пайваста дар дарсҳо ширкат карда наметавонад.
"БА ВАЗИР МУРОҶИАТ КАРДЕМ"
Дар навбати худ барномаҳои мактаби ҳамагонӣ барои ӯ иштироки озод дар дарсҳоро намедиҳад. Модари Мастура, Насиба Ғуломова, мегӯяд, мутаассифона дар Тоҷикистон муассисаҳои махсус, ки барои ҳамин гуна кӯдакон нигаронида ва мутобиқ шуда бошанд вуҷуд надоранд. Ба гуфтаи вай, ҳоло кӯдакони эҷодкор наметавонанд дар муҳити барои худашон созгор ва мувофиқ рушд кунанд.
Ӯ гуфт, "агарчӣ дар Тоҷикистон литсейҳову гимназияҳо зиёд аст, аммо барномаҳои онҳо аз барномаҳои таълимии мактабҳои ҳамагонӣ тафовут надорад. Бояд муассисаҳое фаъолият кунанд, ки вобаста ба истеъдоди бадеиву ҳунарии ин гуна кӯдакон амал кунад. Навраси эҷодкор муносибати вижаро тақозо мекунад. Дар акси ҳол, онҳо худро танҳо эҳсос мекунанд. Ман маҷбур шудам ба Вазорати маориф барои кӯмак муроҷиат кунам ва бо иҷозаи вазир ҳоло Мастура ҳадди ақалл метавонад дар баъзе дарсҳо иштироки озод дошта бошад."
"ГУНОҲИ ҶОМЕА"
Ҳамзамон Насиба Ғуломова мегӯяд, наметавонад барои фарзандаш навиштанро манъ кунад. Зеро равоншиносон гуфтаанд, дар мағзи Мастура иттилооти аз ҳадд зиёд аст ва агар он истифода нашавад, ӯ метавонад ба бемориҳои равонӣ гирифтор гардад. Ба гуфтаи хонум Насиба, ҳоло ӯ дар нимароҳ мондааст, аммо ба эҳтимоли бештар на ба таҳсил, балки ба эҷодкории духтараш тарҷеҳ хоҳад дод.
Дар ҳамин ҳол Зафари Сӯфӣ, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, дар ҳама давру замон нобиғаҳо миёни ҳамнаслҳои худ ба истилоҳ “худӣ“ набуданд ва ин гуноҳи ҷомеа аст, ки намтеавонад чунин истеъдодҳоро дарк ва қабул кунад.
Ҷаноби Сӯфӣ афзуд, мутаассифона, дар Тоҷикистон айни ҳол дар нисбати зеҳн ва офаридаҳои ақл, рақсу суруд бештар харидору ҷойгоҳ дорад ва ба наврасони эҷодкору тезҳуш таваҷҷӯҳи камтар зоҳир мегардаду шароити муносиб барои рушди онҳо фароҳам нашудааст.
Бо ин ҳама, Мастура орзу дорад, ки дар оянда коргардон шавад, то тавонад асарҳои рӯи коғазовардаашро бар пояи завқу тахайюлоти шахсии худ рӯи навори кино биорад.
Мастура орзу дорад, ки дар оянда коргардон шавад, то тавонад асарҳои рӯи коғазовардаашро бар пояи завқу тахайюлоти шахсии худ рӯи навори кино биорад...