Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайкараи Ленин тармим ва ҳифз мешавад


Ҳукумати Тоҷикистон пайкараи охирини асосгузори давлати шӯравӣ Владимир Ленин дар Душанберо тармим ва ҳамчун ёдгории таърихӣ ҳифз хоҳад кард.

Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон дар парлумон гуфт, тармими пайкараи Ленин аз ҳисоби буҷаи давлат сурат хоҳад гирифт: «Бевосита дар ин масъала ду соли қабл борҳо бо раҳбари коммунистони кишвар Шодӣ Шабдолов сӯҳбат доштем. Мо ҷонибдори онем, ки ин пайкара таъмиру барқарор ва дар як ҷойи муайян ҳамчун ёдгории таърихӣ нигаҳдорӣ карда шавад.»

"КАСЕ ҲАҚҚИ БАРКАНДАНИ МУҶАССАМАРО НАДОРАД"

Вазири фарҳанги Тоҷикистон дар ин маврид дар Маҷлиси намояндагон- палатаи поёнии парлумон ҳангоми баҳси тағйиру иловаҳо ба Қонуни
Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон
фарҳанг сӯҳбат кард. Вақте дар бораи муҳофизати осори ғайримоддии таърихиву фарҳангии Тоҷикистон сӯҳбат мерафт, Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунист бо интиқод аз баркандани ҳайкалҳои Владимир Ленин дар саросари Тоҷикистон гуфт, тибқи Қонуни асосӣ на раиси ҷумҳур, на ҳукумат ва на мақомоти маҳаллӣ ҳаққи баркандани муҷассамаҳои дорои аҳамияти миллию давлатиро надоранд: «Лекин мо вақте, ки ҳайкалеро меканем, ки ба муносибати якунимсолагии таъсиси Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон соли 1925 бо қарори ҳукумат, Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ, бо имзои Иосиф Сталин гузошта шудааст ва онро аз биринҷӣ дар Ленинград тайёр карда овардаанд, айб аст. Дар таъмирхона чанд сол аст, ки на таъмир мешаваду на бозсозӣ. Истодааст. Ин барои маркази кишвари мо ва пойтахти мо айб аст.»

Оқои Шабдолов гуфт, аз миёни тамоми муҷассамаҳои доҳии пролетариати ҷаҳон, ки дар Тоҷикистон замони Шӯравӣ афрохта шуда буданд, ҳоло 4 муҷассама мақоми умумидавлатиро доранд. Ба гуфтаи ӯ, ба ҷуз пайкараи биринҷии Душанбе, ҳайкалҳои Ленин дар Хуҷанд, Хоруғ ва Конибодом низ бо қарори вижаи ҳукумати Тоҷикистони шӯравӣ гузошта шудаанд ва баркандани онҳо хилофи қонун аст.

ҶАРАЁНИ БАРЧИДАНИ ТАНДИСҲОИ ЛЕНИН

Аммо Ҷумъа Давлат, намояндаи раисиҷумҳури Тоҷикистон дар парлумон мегӯяд, он чӣ дар Тоҷикистон мегузарад, хоси ҳар кишвари соҳибистиқлол аст: «Он чӣ бо муҷассамаҳои Ленин мегузарад, майлони танҳо марбут ба Тоҷикистон нест. Дар дигар кишварҳо ҳам ҳаст. Аммо ҳукумати Тоҷикистон мекӯшад, ки онҳоро нигоҳ дорад.»

Аз миён бурдани пайкараи Ленин дар Тоҷикистон дар замони истиқлолият шурӯъ шуд. Аввалин ҳайкали Ленин дар майдони "Озодӣ", ҳоло "Дӯстӣ"-и шаҳри Душанбе дар тирамоҳи соли 1991 барканда шуд. Намоиши муфассал аз ҷараёни кандани ҳайкали Ленин тавассути телевизион норизоияти ҳизби коммунист ва ҷонибдоронашро ба вуҷуд овард ва ҳатто боиси барканории Қадриддин Аслонов, раиси вақти парлумон ва кафили вақти раёсати Тоҷикистон шуд. Баъд ба сари қудрат омадани ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон, то ҳудуди 15 сол касе барои баркандани садҳо ҳайкали Ленин дар кишвар иқдом намекард. Баркандани ҳайкалҳо тақрибан ба панҷ соли ахир рост меояд. Мақомот ба далоили бозсозии шаҳру марокизи навоҳӣ ва гиромидошти шахсиятҳои миллӣ, батадриҷ муҷассамаҳои Ленинро аз маркази аксари шаҳрҳои кишвар барчидаанд.

Саид Умар Ҳусайнӣ, намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон
Аммо ба иддаои Шодӣ Шабдолов, раиси ҲКТ, 4 муҷассамаи асосӣ, ба шумули пайкараи биринҷӣ дар Боғи Рӯдакии Душанбе, ки ҳоло ҷой ба сардафтари адабиёти форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ додааст, бояд барқарор ё макони арзандае барояшон ҷудо шавад.

БАДИҲОИ ЛЕНИН БЕШТАР АЗ ХУБИҲОЯШ?


Саид Умар Ҳусайнӣ, намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон мегӯяд, шинохти дуруст аз сиёсатҳои Владимир Ленин нишон медиҳад, ки тахрибкориҳои ӯ алайҳи фарҳангу таърихи тоҷикон бештар аз хизматҳояш аст: «Корҳое, ки дар муқобили муҷассамаҳои Ленин шуда истодааст, метавонем гӯем, ки ҷавоби аз даҳ як кори кардаи ӯ алайҳи миллати мо ҳисоб намешаванд. Аз тарафи дигар, ин ки ҳоло муҷассамаи Ленин таъмир мешавад, мо мухолиф нестем, аммо он набояд дар ягон боғ гузошта шавад. Таъмир шавад ва дар ягон осорхона ҳамчун ёдгории таърихӣ нигоҳ дошта шавад, аз рӯи адолат мебуд.»

Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон
ДАР ҶУСТУҶӮЙИ ҶОЙ БАРОИ ЛЕНИН


Дар ҳамин ҳол, Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, дар куҷо насб ё ҳифз шудани пайкараи Владимир Ленин ҳанӯз мушаххас нашудааст.

Аз чанд сол ба ин сӯ мавзӯъи таъсиси як осорхонаи даврони коммунизм дар Тоҷикистон низ матраҳ мешавад, ки бояд аз ҷумла ҳайкалҳои кандашудаи раҳбарони маъруфи замони Шӯравӣ, бо шумули Ленинро гирд биорад. Чунин осорхонаҳои ба истилоҳ “даврони тоталитаризм” дар бисёре аз кишварҳои дигари коммунистии собиқ таъсис шудааст, вале дар Тоҷикистон то кунун ин масъала танҳо дар забони матбуот боқӣ монда, дар сатҳи расмие то ҳол баррасӣ нашудааст.
XS
SM
MD
LG