Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доллар дар Душанбе камчин шуд


Бозори арзи Тоҷикистон дар ин авохир ба камбуди арзи хориҷӣ, бахусус доллар рӯ ба рӯ шудааст.

Тайи чанд рӯзи ахир қурби як доллари амрикоӣ ба 4 сомониву 56 дирам, 100 рубли русӣ - ба 16 сомониву 60 дирам ва 1 евро - 6 сомониву 73 дирам расидааст.

Бонки Миллӣ:
Тағйироте, ки ҳоло ба назар мерасанд, маънои аз эътидол хориҷ шудани қурбро надорад...


Файзиддин Зайниддинов, соҳиби як ғурфаи саррофӣ дар маркази Душанбе мегӯяд, мардум арзи хориҷӣ, бахусус долларашонро кам ба сомонӣ иваз мекунанд ва ӯ низ барои фурӯш доллари хеле кам дар ихтиёр дорад.

"Агар дошта бошад ҳам, мардум метарсад. Фикр мекунад, ки вақте қимати доллар боло меравад, ӯ

Соҳиби як ғурфаи саррофӣ дар Душанбе

набояд долларашро фурӯшад, зеро чанд рӯз пас метавонад онро бо қиммати бештар бифрӯшад. Акнун фикр кунед: дар як рӯз фақат дар шаҳри Душанбе 5 то 10 ҳазор нафар, ки метавонанд 100 долларӣ майда кунанд, ҳамин гуна фикр кунанд, чӣ мешавад?",-гуфт ӯ.


"БИЛЕТ ҲАМ ҚИММАТ ШУД"

Тоҷикистон баъд аз Беларус дуввумин кишвари пасошӯравист, ки дар ин авохир бо камбуди арзи хориҷӣ мувоҷеҳ мешавад. Боло рафтани қимати доллари амрикоӣ, умдатарин асъори хориҷӣ дар иқтисоди Тоҷикистон дар баробари болоравии арзиши маводи сӯхт дар кишвар сурат мегирад.



Як нуқтаи билетфурӯшӣ дар пойтахти Тоҷикистон

Ин вазъ ба мунназам болоравии маводи тиҷоратӣ ва қиммати парвозҳо низ овардааст. Талабшоҳ, як муҳоҷири меҳнатӣ мегӯяд, нархи чиптаи Душанбе - Петербург аз 15 рӯзи пеш ҳудуди ҳазор сомонӣ фарқ мекунад: "20-уми апрел омада будам, нархи билет 3 ҳазору 563 сомонӣ буд. Ҳоло 4 ҳазору 420 сомонӣ аст. Қариб як ҳазор сомонӣ фарқ мекунад. Ба доллар 783 буд, ҳоло 863."

Аммо Бонки миллии Тоҷикистон вазъи пешомадаро муваққатӣ ва мавсимӣ арзёбӣ мекунад. Мирзомуддин Мавлонов, сарвари Департаменти танзими асъори бонк мегӯяд, барои ҷилавгирӣ аз камбуди доллар Бонки миллӣ як миқдор пули нақдро ба муомилот ворид кардааст.

"АЗ ЭЪТИДОЛ БЕРУН НАШУДААСТ"

Мирзомуддин Мавлонов, намояндаи Бонки Миллӣ

Вай афзуд, "сиёсате, ки мо дорем, танҳо дар ҳолатҳои аз эътидол берун шудани пасту баландшавии қурб метавонем дахолат кунем. Дар дигар ҳолатҳо мо дахолат намекунем, зеро ин кори бозор аст ва худи бозор муайян мекунад. Тағйироте, ки ҳоло ба назар мерасанд, маънои аз эътидол хориҷ шудани қурбро надорад. Дар тамоми дунё лаппиши қурб то 2 дарсад ҳаст. Дар давоми рӯз метавонад то 2 дарсад паст ё баланд шавад. Мо инро наметавонем аз эътидол берун шудан унвон кунем. Ҳамчунин ҳоло гуфта наметавонем, ки тағйирёбии қурб дарозмуддат аст. Бар пояи мушоҳидаҳои мо солҳои пеш ҳам дар моҳҳои апрелу май, дар аксарияти солҳо ҳамчунин тағйирот дар қурб ба назар расида буд."

Ҷаноби Мавлонов сабабҳои пеш омадани ҳамчунин вазъро дар боло рафтани қимати мавод дар хориҷ ва кам будани истеҳсолоти дохилӣ дар Тоҷикистон унвон кард.

НИЁЗ БА АСЪОРИ ХОРИҶӢ

Тоҷикистон кишварест, ки қисмати бузурги эҳтиёҷоташро аз хориҷ таъмин мекунад. Тибқи иттилои расмӣ, танҳо 40 дарсади маҳсулот дар дохили кишвар истеҳсол мешаванд ва тиҷорати хориҷӣ низ ба нафъи кишвар нест.

Коршиносон мегӯянд, далели осебпазирии иқтисоди кишвар ҳам набуди истеҳсолоти дохилӣ аст. Ба қавли онҳо, ҳамчунин дар ҳоли ҳозир вуруди маболиғи муҳоҷирини меҳнатӣ аз хориҷи кишвар коҳиш ёфта, аз сӯи дигар мавсими барои мардикорӣ ба хориҷ рафтани атбоъи Тоҷикистон низ дар ин рӯзҳо авҷ гирифтааст, ки ниёз ба асъори хориҷиро бештар мекунад.

Низорамоҳ Сарабекова, устоди Донишгоҳи миллӣ

Низорамоҳ Сарабекова, устоди бахши иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аммо мегӯяд, бахши аъзами долларе, ки дар дохили Тоҷикистон аст, тавассути тоҷирон ба Русия, Чин, Покистон, Эрон, Туркия ва кишварҳои дигар берун меравад.

РОҲИ НАҶОТ КАДОМ АСТ?

"Аксари шаҳрвандони Тоҷикистон бо сабаби бекорӣ бештар бо тиҷорат сарукор доранд. Онҳо бо пули миллӣ дар дигар ҷо додугирифт карда наметавонанд. Пули мо - сомониро бо доллар иваз мекунанд. Ин дар навбати худ ба боло рафтани қимати доллар меорад"
,-афзуд хонум Сарабекова.

Ба қавли хонум Сарабекова, Тоҷикистон ҳоло як кишвари содиркунандаи ашёи хом, умдатан алюминиюм ва пахта аст, ки ба нафъи иқтисод нест. Вай афзуд, танҳо роҳи наҷот ва рушди Тоҷикистон афзудани содироти маводи ниҳоӣ ва коҳиш додани воридоти моли тиҷоратӣ аст.

Бар асоси омори расмӣ, дар соли 2010 аз Тоҷикистон ба маблағи 1,2 миллиард, умдатан ашёи хом содир шуда, дар ҳаҷми 2,6 миллиард доллар мол ворид шудааст.

XS
SM
MD
LG