Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши боҷи нафтии Русия барои Тоҷикистон


Русия таруфаҳои боҷӣ барои содироти нафт ва маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистонро боло бурдааст.

Тиби қарори ҳукумати Русия, боҷи содиротӣ барои нафт ва фаровардаҳои нафтӣ ба Тоҷикистон 5, 3 дарсад барои ҳар тоннаи он афзоиш ёфтааст. Ва инчунин интизор меравад, ки аз аввалиро моҳи апрел ин тарифҳо боз ҳам ҳадди ақал ба ҳамин андоза афзоиш ёбанд.

ЧАРО ҶОНИБҲО БА ТАВОФУҚ НАРАСИДАНД?

Ба гуфтаи коршиносон, ин тасмим баёнгари он аст, ки музокираи Тоҷикистон ва Русия дар мавриди лағви боҷ аз содироти нафт ба Тоҷикистон зоҳиран ба натиҷа нарасидааст. Русия аз моҳи майи соли гузашта барои содироти нафту бензин ба Тоҷикистон боҷи гумрукӣ ҷорӣ карда буд ва музокироти ду ҷониб барои лавғи боҷи содиротӣ аз моҳи сентябри соли гузашта идома дошт.

Баъди як ҷаласаи комииссияи муштараки иқтисодии ду ҷониб эълон шуд, ки тарафҳо усулан барои лағви ин муқаррарот ба тавофуқ даст ёфтаанд. Аммо акнун маълум мешавад, ки ин музокирот натиҷа надодааст. Манобеъи вазорати рушди иқтисодии Тоҷикистон гуфтаанд, ки Русия ҳамчунон машғули мутолиъа бар сари пешниҳод барои лағви боҷи содиротии бензин ба Тоҷикистон мебошад.

Аммо таҳлилгарони равобити ду кишвар ба ин боваранд, ки ин тасмими Русия ба сатҳи муносиботи ду ҷониб таъсир хуб нахоҳад гузошт. Мӯсо Асозода, таҳлилгари сиёсӣ мегӯяд, ки ин тасмим метавонад боиси боло
Мӯсо Асозода, таҳлилгари сиёсӣ
рафтани қимати бензин дар Тоҷикистон ва ба ин тартиб афзоиши нархи маҳсулот дар бозорҳои Тоҷикистон шавад. Ва ин амр, саранҷом ба барномаҳои давлати Тоҷикистон дар ҷиҳати рушди иқтисодӣ ва ислоҳот дар заминаи паст кардани нархи маҳсулоти кишоварзӣ латма хоҳад зад.

НАФТ- ФИШАНГИ МАСКАВ?

Оқои Асозода мегӯяд ба чунин тасмим пеш аз ҳама гурӯҳҳои дар дохили Русия манфиатдоранд, то муносиботи Душанбе ва Маскав ҳарчӣ сард шавад: «Ин таъсиррасонӣ ба сиёсати Тоҷикистон аст. Аз ҷониби дигар гурӯҳҳои манфиатдоре, ки дар Русия ҷонибдори ояндаи хуби муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия нестанд, ба ин кор манфиатдоранд. Ва коре мекунанд, ки чун баҳору мавсими кишту кор аст, ба ин масъала таъсир расонанд. Ин ба муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия беътасир нахоҳад монд».

Бархе дигар аз таҳлилгарон ин тасмими Русия пайомади ба тавофуқ даст наёфтани Душанбе ва Маскав бар сари ҳадафҳои стратегии Русия унвон мекунанд. Ба гуфтаи ин соҳибназарон, чунин тасмим метавонад фишоре ба мақомоти Тоҷикистон бошад.

Давлат Усмон, вазири пешини иқтисоди Тоҷикистон мегӯяд, ин як масъалаи сирф иқтисодист, аммо акнун ба мушкилоти робитаи сиёсии роҳбарони ду кишвар табдил шудааст. Ӯ мегӯяд: «Ин вобастагӣ дорад ба худи роҳбарияти сиёсии Русия. Масалан барои Қирғизистон ин имтиёзро додааст, барои Тоҷикистон надодааст. Ин ҷо баъзе масъалаҳон вуҷуд дорад, ки боиси ин кор шудааст. Ин метавонад
Давлат Усмон
масъалаи пойгоҳи низомии Айнӣ бошад ё масъалаҳои дигаре, ки Русия мехоҳад бар ивази гузашт дар масъалаи нархи нефту бензин, онҳоро ба даст биорад».


БЕНЗИН БОЗ ҚИМАТ МЕШАВАД?

Феълан Тоҷикистон бо арзиши 232 доллар ҳар тона бензини Русияро харидорӣ мекунад. Акнун бо иҷрои қаророи ҳукумати Русия, ин қиммат ба 250 доллар баробар хоҳад шуд. Аммо таҳлилгарон мегӯянд, бо назардошти боло рафтани қиматҳои содиротӣ дар моҳи апрел дар Русия, имкон дорад ҳар тонна бензин 285 доллар қимат пайдо кунад. Дар он сурат болоравии ҳудуди 30 то 40 фоизи қиммати бензин дар тобистони соли равон низ пешбинӣ мешавад.

Мутобиқи маълумоти сарчашмаҳои русӣ, ҳудуди 90 дарсади маҳсулоти нафтиро Тоҷикистон аз Русия ворид мекунад. Ва ширкати «Газпром» бозори маводи сӯхт дар Тоҷикистонро таҳти инҳисори худ дорад.

Тоҷикистон аз соли 1995 то соли 2010 дар ворид намудани маҳсулоти нафтӣ аз Русия имтиёз дошт. Аммо дар баҳори соли гузашта Русия ба баҳонаи ин, ки маводи сӯхти бо имтиёз содирнамудаи он ба кишварҳои саввум ба фурӯш мерасад, дар содироти нафт ба Тоҷикистон боҷи содиротӣ ҷорӣ кард. Ба думболи он, қиммати бензин дар тобистони гузашта то 40 дарсад дар бозорҳои Тоҷикистон боло рафт.

ПУТИН ҶАВОБИ РАДД ДОД!!!

Ин масъала низ қобили ёдоварист, ки тобистони соли гузашта сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов бо номае унвонии ҳамтои русаш Владимир Путин, аз ӯ хост дар ҳалли ин мушкил кӯмак кунад. Путин ба ҳукумат супориш дода буд, ки масъала баррасӣ шавад. Маълум шуд, Путин саранҷом ин илтимоси ҳамтои тоҷики худро радд кард.

Русия қабл аз таҳаввулоти инқилобии Қирғизистон, дар баҳори соли гузашта, замони ҳукумати Қурмонбек Боқиев низ чунин муқарраротеро нисбат ба он кишвар ҷорӣ намуда буд. Аммо раҳбарияти нави Қирғизистон тавонист Маскавро барои лағви ин муқаррарот моил кунад.

Бархе аз соҳибназарон умедворанд, ки Тоҷикистон ҳамчунон ба талоши худ барои моил кардани Русия ҷиҳати лағви боҷи содиротӣ идома хоҳад дод ва муваффақ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG