Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусодираи 350 адад муҳимоти ҷангӣ дар се моҳ


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ибтидои соли равон беш аз 350 адад силоҳу муҳимоти ҷангиро мусодира кардааст.

Муҳаммадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорат ба радиои Озодӣ гуфт, 81 автомат, 61 тапонча, 55 адад намуди силоҳҳои рахпеч, 39 норинҷакандоз ва дигар намуди силоҳу маводи тарканда умдатан аз пинҳонгоҳҳои боқимонда аз замони ҷанги шаҳрвандӣ ба даст омадаанд. Вай афзуд, мавориди ихтиёран ба мақомот таслим кардани силоҳҳо низ вуҷуд дорад: «Нигоҳ доштани силоҳу лавозимоти ҷангӣ дар хона паёмадҳои фоҷиабор дорад. Аксари ҷиноятҳое, ки вазнин ҳастанд, бо истифода аз силоҳҳои оташфишон сурат мегиранд. Аз ин хотир, тибқи қонунгузории Тоҷикистон, ҳар нафаре, ки силоҳу лавозимоти ҷангиро ихтиёран ба мақомот месупорад, аз ҷавобгарии қонунӣ озод карда мешавад»

МУСОДИРАИ АСЛИҲА ИДОМА ДОРАД

Дар оғози моҳи равон мақомот иттилоъ дода буданд, ки дар минтақаи Рашт гурӯҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов 12 адад силоҳро барои ташхиси криминалӣ супоридаанд. Ҷонибдорони Аҳмадов бо таъйиди ин хабар афзуда буданд, ки силоҳҳо барои муайян кардани истифода шудан ё нашуданашон дар куштори 25 сарбози вазорати дифоъ дар дараи Камароби ноҳияи Рашт бо тақозои додситонӣ супорида шудаанд ва баъд аз ташхис баргардонида хоҳанд шуд.

Маъракаи ҷамъоварии силоҳҳои ғайриқонунӣ бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи ихтиёран супоридан ва мусодира намудани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ аз аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 2 декабри соли 1994 ба ин сӯ идома дорад ва тибқи иттилои расмӣ, то ба имрӯз 33 ҳазор силоҳи навъи гуногун мусодира шудааст. Қисмати умдаи ин силоҳҳо аз навоҳии Ваҳдату атрофи Душанбе, вилояти Хатлон ва водии Рашт, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ маҳалли бурузи гурӯҳҳои мусаллаҳ маҳсуб меёфтанд, ҷамъоварӣ шудаанд.

СУПУРДАНИ ДОВТАЛАБОНАИ АСЛИҲА

Ҳамзамон ба гуфтаи мақомот, сокинони кишвар силоҳҳои шикории худро низ таслим кардаанд. Муҳаммадулло Асадуллоев гуфт, дар арафаи ҷашни Наврӯз 4 нафар аз навоҳии Айнӣ, Ҷаббор Расулов, Ашт ва Мурғоб навъҳои гуногуни милтиқи шикориро ба мақомот таслим кардаанд.

Яке аз онҳо Мадисмон Мадумаров, сокини 70 - солаи ноҳияи Ашт мегӯяд, 50 сол ба ин сӯ шавқи шикорчигӣ дорад ва гоҳ- гоҳ ба шикор мебарояд, аммо ҳангоми ташхис мақомот силоҳи ӯро корношоям баровардаанд: «50 сол боз шикор мекардам. Ягон айб надошт милтиқ. Ҳуҷҷатҳояш буд, ки бурданд. Гуфтанд, ки силоҳатон корношоям шудааст. Ҳоло орзуям ҳамин аст, ки дар кишварамон оромӣ бошад. Агар силоҳ хатаре дошта бошад, бигзор бигиранд. Орзуи мо ҳамин аст»

Насрулло Ҷумъеав, сокини ноҳияи Айнӣ мегӯяд, силоҳеро, ки ба мақомот супоридааст, аз девори оғили хонааш пайдо кардаааст: «Як рӯз оғили кӯҳнаро гардондем, ки ҳамин милтиқ баромад. Ба милиса додему гуфтем, ки он ба мо даркор нест»

Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, силоҳи шикорӣ бо иҷозатномаи вижа аз вазорати корҳои дохилӣ ва тавсияи Иттиҳоди шикорчиёни кишвар дода мешавад.
XS
SM
MD
LG