Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврӯзи варзишӣ дар Тоҷикистон


Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон гуфт дар доираи мусобиқоти наврӯзӣ, дар шаҳри Душанбе ва дигар манотиқи кишвар мусобиқоти гуногун баргузор мешавад.

Ҷаноби Мирзоев бо таъйиди ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт: «Рӯзи 22-юми март соати 14 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ мусобиқаи кушода оид ба гуштии миллӣ бо ширкати паҳлавонон аз ҳамаи манотиқи кишвар барпо мегардад. Ғолибони мутлақи мусобиқа дар ду гурӯҳ - паҳлавонони вазнашон аз 70 то 80 ва аз 80 кило боло бо ҷавоизи олӣ – мошинҳои сабукрави тамғаи хориҷӣ, ки президенти Тоҷикистон таъсис намудааст, мукофотонида мешаванд. Инчунин ба онҳо Ҷоми Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар супурда хоҳад шуд.

Рӯзи 23-юми март соати 10 дар Ипподром ё майдони аспдавонии Душанбе мусобиқаи аспдавонӣ ё пойгаи равон сурат мегирад. Ғолибони мутлақи пойга дар аспҳои зоти тоҷикӣ ва инглисӣ ба масофаи 2000 метр бо мукофоти пулӣ - ҳар кадом ба маблағи 2000 сомонӣ сарфароз мешаванд».

Ба иттилоъи ҷаноби Мирзоев бахшида ба Иди Наврӯз, ҳамчунин, дар шаҳру навоҳии кишвар ба ғайр аз гуштии миллӣ, аспдавонию бузкашӣ, аз рӯи навъҳои маъмули варзиш, ба мисли баскетболу волейбол, варзиши сабук, вазнабардорӣ, футбол, тенниси рӯи миз, шоҳмоту шашка ва ғайра мусобиқот доир мешавад.

Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз дар манотиқи мухталифи кишвар мусобиқоти аспдавонию бузкашӣ низ дар назар аст.
XS
SM
MD
LG