Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамкории Амрико бо Русия дар тақвияти марзҳои Тоҷикистон


Амрико барои тақвияти марзҳои Тоҷикистон, бо Русия ва Иттиҳодияи Аврупо ҳамкорӣ мекунад.

Кеннет Гросс, сафири Амрико дар Тоҷикистон зимни изҳори ин матлаб гуфт, Русия дар марзҳои Тоҷикистон ба муддати тӯлонӣ ҳузур дошт ва ҳоло низ як гурӯҳи мушовиронаш дар ин кишвар фаъолият мекунанд.

Вай афзуд: «Фикр намекунам, ки ин ҷо ҳарфи берун кашидани нерӯҳои Русия ва коҳиши нуфузаш бошад ва кишвари дигаре ҳам мехоҳад нуфузи худро бештар кунад. Ҳоло талошҳои шарикона сурат мегиранд, то ҳукумати Тоҷикистон амнияти марзҳояшро таъмин кунад»

Сафири Амрико, ки дар Панҷи Поён, маҳалли бузургтарин пул миёни Тоҷикистону Афғонистон дар ин маврид изҳори назар кард, гуфт, кӯмакҳои кишвараш ва Иттиҳоди Аврупо барои тақвияти марзҳои Тоҷикистон як гуна ҳамкорӣ бо Русия аст.

«МАРЗИ МУШТАРАК»

Сафари сафири Амрико ба навоҳии марзии Тоҷикистон бо Афғонистон дар ҳоле сурат гирифт, ки дар Душанбе нишасти сарони кишварҳои узви СПАД--Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Белорус ва Тоҷикистон баргузор мешуд ва мавзӯи аслиаш тақвияти марзҳои ин созмон бо Афғонистон буд. Дар анҷоми ин нишаст, Николай Бордюжа, дабири кулли созмон марзи Тоҷикистону Афғонистонро «марзи муштарак»-и кишварҳои узви СПАД ном бурд. Бо вуҷуди итминондиҳии ҷониби Тоҷикистон дар бораи саркӯб шудани гурӯҳҳои ифротгарову террорист дар шимоли Афғонистон, дабири кулли СПАД вазъи марзи ин ду ҳамсоякишварро номӯътадил унвон кард.

Коршиносон мегӯянд, изҳороти дабири кулли СПАД ва ҳамзамон сафири Амрико дар Душанбе зарурати фаҳмиши дигаргунаи «марзи муштарак» будани марзи Тоҷикистону Афғонистонро ба миён меорад.

Парвиз Муллоҷонов, коршинос дар умури сиёсӣ мегӯяд, «марзи муштарак» аз нигоҳи Русия, на фақат марзи СПАД, балки қаламрави нуфузҳояш аст ва ҷойгоҳеро барои Амрикову Иттиҳоди Аврупо намебинад. Вай афзуд, ҳоло ба истиснои Русия, ки 6 соли пеш нерӯҳояшро аз ин қаламрав хориҷ кардааст, дар таҳкими марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон Амрикову Иттиҳоди Аврупо низ саҳм мегиранд.

КОРШИНОС: БОЗГАШТИ РУСҲО ИМКОН НАДОРАД

Оқои Муллоҷонов афзуд: «Фаҳмо аст, ки бозгашти марзбонони рус ба Тоҷикистон умуман имкон надорад. Аз ин хотир, вақте марзи муштарак гуфта мешавад, бояд онҳо (Русия) ҳам ба монанди амрикоиҳову аврупоиҳо ба Тоҷикистон кӯмак кунанд, то марзҳояшро тақвият диҳад. Ин гуна фаҳмидани «марзи муштарак» беҳтар аст»

Дар сӯҳбати бидуни микрофон дар қитъаи марзии Панҷи поён, як афсари марзбонии Тоҷикистон гуфт, ҳоло танҳо кӯмакҳои Амрикову Аврупоро дастрас мекунанд.

Сафири Амрико дар Тоҷикистон ба Панҷи Поён, маҳалли бузургтарин пул миёни Тоҷикистону Афғонистон барои ширкат дар маросими супоридани шаҳодатномаҳо ба 24 корманди марзбониву гумруки Тоҷикистону Афғонистон, ки як нишасти омӯзишро хатм карданд ва низ ошноӣ бо чанд тарҳи иҷтимоӣ ба хотири дастгирии мардуми ноҳияи наздимарзии Панҷи вилояти Хатлон омада буд. Пул ва тамоми зерсохторҳои ин гузаргоҳи рақами аввали марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон бо ҳудуди 40 миллион доллари кишвари Амрико бунёд шудаанд.

ТАҚВИЯТИ МАРЗ ВА ҲАЁТИ ИҶТИМОИИ СОКИНОН

Кеннет Гросс гуфт, дар тақвияти марзҳо боло рафтани сатҳи зиндагии мардуми навоҳии наздимарзӣ низ хеле муҳим аст. Аз ҷумлаи тарҳҳои иҷтимоӣ, ки бо кӯмаки Амрико анҷом ёфтаанд, барқарор кардани сохтори обёрикунӣ дар ҷамоати Тоҷиксойи ноҳияи Панҷ аст, ки бо 4 ҳазор аҳолӣ чандин сол ба ин сӯ оби нӯшокӣ надошт.

Фотима Шафиева, сокини деҳаи Қудуқлии ин ҷамоат гуфт: «6 сол боз аст, ки ин ҷо зиндагӣ мекунам, аммо обро надида будам. Нигоҳ карда менишастем, ки кай барои пахта об диҳанду мо обдор шавем. Вагарна аз 3 километр ба хару ароба об мекашидем. Ҳоламон ҳамин буд»

Дуввумин тарҳ, ки бо пуштибонии молии Амрико дар ин ҷамоат анҷом ёфтааст, сохтмони 36 манзил барои осебдидагони сел аст.

Тибқи иттилои сафорати Амрико дар Тоҷикистон, барои тарҳҳо дар ноҳияи Панҷ ҳудуди 700 ҳазор доллари амрикоӣ харҷ шудааст ва оянда низ ҳамчунин барномаҳо рӯи даст гирифта хоҳанд шуд.

Абдуҷон Таваккалов, раиси ноҳияи Панҷ гуфт, кӯмакҳои Амрико ва созмонҳои байнулмилалӣ ба пуррагӣ мушкили об дар ноҳияашро бартараф кардаанд. Вай афзуд, амният дар марзи ноҳия бо Афғонистон ҳатто беҳтар аз замони Шӯравӣ аст: «Мо 54 километр бо Афғонистон марз дорем, ки аз тарафи фарзандонамон ҳимоя шуда истодааст. Дар замони роҳбарии ман ягон ҳодиса ҳам рух надодааст. Фақат беҳбудиҳо ба назар мерасанд»

АМРИКО БА ТОҶИКИСТОН КӮМАК МЕКУНАД

Аммо сафири Амрико дар Тоҷикистон гуфт, кишвараш на фақат дар марз бо Афғонистон, балки дигар нукоти марзии кишвар ва низ дохили ҷумҳурӣ тарҳҳо дорад. Вай афзуд, Амрико аз мушкилоти мардуми кишвар, бахусус навоҳии марзӣ иттилоъ дорад ва барои ҳаллашон кӯмакашро дареғ нахоҳад дошт.

Ахиран маъмурияти раисҷумҳур Барак Обама аз парлумони кишвараш хостори ҷудо кардани маблағ ба осебдидагони офатҳои табиӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла 4,5 миллион доллар барои Тоҷикистон шуд. Аз соли 1992 ба ин сӯ Амрико ба Тоҷикистон ҳудуди 1 миллиард доллар кӯмаки билоиваз расондаанд.

Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, сармоягузории тарҳҳои иҷтимоӣ барои Амрикову Аврупо аз барномаҳои ҳукуматҳо аст, аммо кори хубе, ки Русия метавонад барои тақвияти марзҳо кунад, таъмини нерӯҳои марзбонӣ бо силоҳу муҳимоти ҷангӣ аст, ба шарте тақвияти ин марзро хоҳад, на чизе аз ин бештар.
XS
SM
MD
LG