Ҷаноби Рақибов дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфт, бино ба далели ҳозир нашудани даъвогарон, қозии парванда мурофиаро ба рӯзи 18-уми марти соли ҷорӣ таъйин кардааст.
Вай бо иттифоқи ҳамсар ва ду хоҳарарӯсаш дар рӯзи шанбеи гузашта, 12-уми март, даъватномаи додгоҳро дарёфт карда буданд.
Мақомоти ноҳияи Файзобод Атовулло Рақибовро барои худсарона ишғол кардани қитъаи замин ва ғайриқонунӣ бунёд намудани манзили зист гунаҳкор медонанд.
Аммо худи Рақибов ба ин гуфтаи мақомот розӣ нест ва мегӯяд, дар асоси қонун дар ин ҳавлӣ хона бунёд карда, дорои сертификати ҳуқуқи истифодаи замин мебошад.
Дар охири моҳи январи соли ҷорӣ мақомот алайҳи Атовулло Рақибов ва ҳамсару ду хоҳарарӯсаш парвандаи ҷиноӣ боз карданд, ки мувофиқи ин санад онҳо ба "авбошӣ" муттаҳам мешаванд.
Ин парвандаи ҷиноӣ бар асоси шикояти ронандаи экскваторе, ки аз ҷониби Рақибов ва хонаводаи ӯ, ки гӯиё мавриди ҳамла қарор гирифта бошад, боз шудааст. Ронандаи экскватор аз мақомоти корҳои дохилӣ тақозо кардааст, ки барои таъмири шишаи эксватораш 1 ҳазору 600 сомонӣ аз хонаводаи Рақибов ситонида шавад.
Дар миёнаҳои моҳи январи соли ҷорӣ Атовулло ҳамроҳи зану чаҳор фарзандаш дар назди бинои Омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон даст ба гуруснанишинӣ заданд.
Аммо ба қавли Рақибов, Омбудсмен ба ҷои кӯмаки ҳуқуқӣ аз кормандони умури дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ тақозо кардааст, ки Рақибов ва фарзандонашро аз бино берун андозанд. Кормандони умури дохилӣ онҳоро боздошт карда, баъдан ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Файзобод интиқол додаанд.
Баҳси шаҳрванд Атовулло Рақибов бо ҳукумати ноҳияи Файзобод дар масъалаи замин ва манзил ду сол пеш шурӯъ шуда, Рақибов, мегӯяд, барои ҳалли одилонаи ин баҳс борҳо ба раисҷумҳур, Додситонии кул ва Додгоҳи олии Тоҷикистон муроҷиат кардааст, вале касе ба ин қазия бетарафона бархӯрд накардааст.
Баҳси шаҳрванд Атовулло Рақибов бо ҳукумати ноҳияи Файзобод дар масъалаи замин ва манзил ду сол пеш шурӯъ шуда, вай барои ҳалли одилонаи ин баҳс борҳо ба раисҷумҳур, Додситонии кул ва Додгоҳи олии Тоҷикистон муроҷиат кардааст...