Ин дар ҳолест, ки қаблан вазорати нақлиёт дар ин бора музояда ва ё тендер эълон карда буд, ки дар он 45 ширкати ватаниву хориҷӣ барои ширкат дар ин тендер довталаб шуда буданд.
Вале то соати 11-и қабл аз зуҳри рӯзи 16-уми март, танҳо 14 ширкат аз ин муддаиён тавонистаанд асноди худро ба комиссияи тендерӣ ироа бикунанд.
Дар миёни ин 14 ширкат, ширкати "IRS" ё "Innovative Road Solutions Ltd" иштирок дорад.
Ин ширкат соли 2009, қабл аз пулакӣ шудани роҳи Душанбе-Чаноқ, дар минтақаи оффшори Бритониё номнавис шуда ва ҳоло бар асоси қонуни консесиониии давлати Тоҷикистон, контроли роҳи пулакии Душанбе-Чаноқро ба ӯҳда дорад, ки дар як соли ахир боис ба норизоиятии сокинони канори ин роҳ шудааст.
Ба иловаи ин ширкат, дар ин музояда ширкатҳои хориҷие низ муддаиянд, ки баъзе аз онҳо дар сохтмони роҳҳои Тоҷикистон саҳм доранд. Ба қавли мақомот, ҷуз 4 ширкати ватанӣ, ҳамчунин ширкати "САНГ-ИЛ"-и Куриё, "Салим Констракшн"-и Итолиё, "Казахдорстрой"-и Қазоқистон, "Полат йул санаи"-и Туркия ва дигарон ширкат доранд, ки метавонанд дар ин тендер баранда шаванд.
Ба гуфтаи мсъулони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ки баргузоркунандаи ин музояда аст, натиҷаи ниҳоии ин музояда пас аз баррасии асноди фаннии ироакардаи муддаиён аз сӯи Бонки Осиёии Рушд эълон хоҳад шуд.
Роҳи Душанбе–Турсунзода 61,5 километрро ташкил дода, маблағи умумии ин барнома 186 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки аз он 120 миллион доллараш гранти Бонки Осиёии Рушд, 39 миллион доллараш cаҳми Тоҷикистон ва 27 миллион доллари амрикоӣ қарзи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Тавсеа аст.
Роҳи Душанбе–Турсунзода 61,5 километр буда, маблағи умумии ин тарҳ 186 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад...