Баста шудани дафтари Human Rights Watch ё Дидбони ҳуқуқи башар дар Тошканд ба 15 соли фаъолияти моломоли таъқибу фишори ин созмон дар Узбакистони худкома поён медиҳад.
Human Rights Watch мегӯяд, давлати Узбакистон дар тӯли солиён талош мекард, то тавассути надодани раводиди сафар ва муҷаввизи фаъолият ба кормандони ин созмон монеи фаъолияти онҳо бишавад.
"БЕТАҲАММУЛИИ ТОШКАНД"?
Дидбони ҳуқуқи башар мегӯяд, ки аз тасмими баста шудани дафтараш расман рӯзи 10-уми март дар ҷараён гузошта шуд.
Кеннет Рот, мудиромили ин созмон гуфт, давлати Узбакистон бо ихроҷи Human Rights Watch паёми рӯшан медиҳад, ки “пайгирии интиқодӣ аз вазъи ҳуқуқи башарашро таҳаммул нахоҳад кард.”
Аммо ӯ афзуда, ки баста шудани дафтари онҳо даҳони онҳоро нахоҳад баст ва Human Rights Watch дар бораи мавориди нақзи ҳуқуқ дар Узбакистон ҳамчунон гузориш хоҳад дод.
Вазорати адлияи Узбакистон дар моҳи декабр ба Стив Свердлов, мудири дафтари Human Rights Watch дар Тошканд ба ҳайси намояндаи ин созмон дар кишвар хатти муҷаввиз надод.
Мудири собиқи ин дафтар Андреа Берг ҳанӯз дар соли 2007 аз чунин ҳаққ маҳрум шуд. Намояндаи дигари Human Rights Watch Игор Воронтсов дар соли 2008 ба ин далел, ки шаҳрванди Русия аст ва “менталитет”-и мардуми узбакро намефаҳмад, низ нафари муносиб барои намояндагӣ аз Human Rights Watch эътироф нашуд ва ин гурӯҳ амалан аз ҳамон соли 2008 дар Узбакистон фаъолияти комил надошт.
ДАРҲОИ БАСТАИ "ЗОЛИМТАРИН РЕЖИМ"
Стив Свердлов аммо мегӯяд, Human Rights Watch бо вуҷуди ин ҳама фишорҳо, аз Узбакистон гузориш медод. Ӯ мегӯяд, Узбакистон дар аҳди Ислом Каримов, ки 22 сол боз бар ин кишвар ҳукумат меронад, ба яке аз золимтарин режимҳои дунё табдил ёфтааст: “Давлат бар ҷомеаи шаҳрвандӣ назорати тақрибан комил пайдо карда, дарҳои кишварро ба рӯи соири ҷаҳон қариб ба пуррагӣ бастааст. Чунин ҳисси инзивоъ бахусус дар Тошканд маҳсус аст. Ҳатто чунин эҳсос мешавад, ки Шумо гӯиё ба як халоъ ворид мешавед. Ин ҷоест, ки тоҷирон ва нозирони байналмилалӣ ками дар каманд. Ҷомеаи шаҳрвандии маҳаллӣ тақрибан ба пуррагӣ аз байн бурда шуд. Бахусус дар 6 соли охир.”
Абдураҳмон Ташанов, аз гурӯҳи ҳуқуқи башари “Эзгулик”, баста шудани дафтари Human Rights Watch дар Тошкандро як зоеаи бузург барои он фаъолони ангуштшуморе номид, ки бо вуҷуди фишору таъқиб ва ҳатто зиндонӣ шудан ба муборизаи худ барои эҳтироми ҳуқуқи инсон дар Узбакистон идома медиҳанд.
Вай афзуд, “аз лиҳози маънавӣ мо, албатта, ба гурӯҳҳои муҳими ҳомии ҳуқуқи башар, ба мисли Дидбони Ҳуқуқи Башар ва Авфи Байналмилалӣ такя мекунем. Мутаассифона, акнун яке аз ин ҳомиёни мо аз байн меравад. Дигар барои ҳомиёни ҳуқуқи башари Узбакистон такягоҳе боқӣ намемонад. Бо анҷоми ҳузури Human Rights Watch масъалаи ҳуқуқи башар дар Узбакистон ятим хоҳад монд.”
ҲОДИСАҲОИ АНДИҶОН, 2005
Тошканд дар пайи саркӯбии эътирозҳои Андиҷон дар моҳи майи соли 2005 зери мавҷи маҳкумияти байналмилалӣ қарор гирифт. Баъд аз он ҳаводис давлати Узбакистон фишор болои матбуоти хориҷӣ ва созмонҳои ғайридавлатии фаъол дар ин кишварро афзоиш дода, аз сабти номи онҳо даст кашид. Радиои Озодӣ ва ББС низ маҷбур шуданд, дафтарҳои худро дар Тошканд бубанданд.
Аммо дар баробари интиқод аз нақзи пайвастаи ҳуқуқи башар ва набуди ислоҳоти демократӣ, Ғарб аз нақши калидии Узбакистон дар амри ҳимоят аз нерӯҳои таҳти фармони НАТО дар Афғонистон низ фаромӯш намекунад.
Стив Свердлов, раҳбари дафтари ҳамакнун басташудаи Human Rights Watch дар Тошканд аммо аз ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумла аз Амрикову ИА даъват мекунад, иқдомоти Тошканд дар қиболи ин гурӯҳ ва дар маҷмӯъ нисбат ба масоили ҳуқуқи инсонро маҳкум кунанд.
Ба эътиқоди оқои Свердлов, онҳо бояд возеҳ кунанд, ки нақзи ӯҳдадориҳояш дар мавриди мурооти ҳуқуқи башар барои давлати Узбакистон бе пайомад нахоҳад монд.
Мутааассифона, акнун яке аз ин ҳомиёни мо аз байн меравад. Дигар барои ҳомиёни ҳуқуқи башари Узбакистон такягоҳе боқӣ намемонад. Бо анҷоми ҳузури Human Rights Watch масъалаи ҳуқуқи башар дар Узбакистон ятим хоҳад монд...