Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё истеъмолкунандаи тоҷик ҳуқуқи худро медонад?


15 март - рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар саросари ҷаҳон аст.

Ин дар ҳолест, ки мавзӯи ҳимоят аз ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар Тоҷикистон ба мавзӯи доғ дар ҷомеаи ин кишвар табдил ёфтааст. Зеро дар ҳоле, ки ниҳодҳои хизматрасон дар Тоҷикистон зиёд ба риояти ҳуқуқи истеъмолкунандагон таваҷҷӯҳ намекунанд, истеъмолкунандагон низ барои дифоъ аз ҳуқуқҳои худ талоши чашмгире надоранд.

15 МУРОҶИАТ ДАР ЯК СОЛ???


Гузориши созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар Тоҷикистон ҳокист, ки қисми ками истеъмолкунандагон барои дарёфти ҳаққу ҳуқуқи худ ба ин созмонҳо муроҷиат мекунанд. Дар ҳоле, ки ин созмонҳо иддао доранд, ки онҳо метавонанд ба ҳуқуқи истеъмолкунандагон расидагӣ кунанд.

Бино ба иттилои Оҷонси зидди инҳисории давлати Тоҷикистон, дар соли 2010 танҳо 15 нафар шаҳрванд дар робита ба нақзи ҳуқуқи худ ба унвони истеъмолкунанда ба ин ниҳоди давлатӣ муроҷиат кардааст. Ин дар ҳолест, ки ба таъкиди Баҳодур Ҳабибов, раиси Иттиҳодияи дифоъ аз ҳуқуқи истеъмолкунандагон, дар Тоҷикистон ҳамарӯза ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз сӯи фурӯшандаҳо, идораҳои давлатии хизматрасонӣ ва ғайридавлатӣ нақз мешавад.

ШАРМГИНӢ
Ё БЕҶУРЪАТӢ?

Аслия Азизова, сокини шаҳри Душанбе, аз ҷумлаи истеъмолкунандагоне дар шаҳри Душанбе аст, ки ба ин гуна ҳодиса рӯ ба рӯ шудааст. Ба гуфтаи вай, ҳеҷ як мағоза ва ё маркази савдо моли ба фурӯш рафтаи худро, ки нуқс дорад бозпас намегирад. Аслия мегӯяд, «аз мағозаи маҳаллаи собиқ бозори «Зарнисор» як баста тухми мурғ харидам. Хона омада хостам бирён кунам. Шикастам. Тухмҳо кӯҳна ва вайрон шуда буданд. Боз гардондам, аммо мағоза нагирифт. Берун назди дарахте гузоштаму хона омадам».

Аз хонум Аслия пурсидам, ки чаро нисбати ин ҳодиса ба ниҳоде шикоят накардааст. Вай дар посух чунин афзуд, «хислати мардуми тоҷик ҳамин аст. Шарм доштам, ки 30 дона тухми мурғро бардошта идора ба идора даводавӣ кунам».

Ба гуфтаи Иттиҳодияи дифоъ аз ҳуқуқи истеъмокунандагон, маҳз ин хислати мардуми тоҷик аст, ки фурӯшандаҳо мавқеи мардум ба унвони истеъмолкунандаро ба эътибор намегиранд. Ин вазъ мунҷар ба он шудааст, ки аксари фурӯшандаҳо дидаву дониста ҳуқуқи истеъмолкунандагонро поймол месозанд ва кафолати маҳсулоти худро бар дӯш намегиранд. Вазорату идораҳои давлатии хизматрасон низ ба ҳамин шева кор мекунанд.

Қудратулло Давлатов, сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар Оҷонси зидди инҳисории Тоҷикистон мегӯяд, шикояту муроҷиати мардум дар робита ба нақзи ҳуқуқи истеъмолкунанда бештар ба фурӯши гӯшту колоҳои ниёзи мардум дар бозору фурӯшгоҳҳо рабт дорад. Вай афзуд, «мардум дар бораи моли пастсифат ва хизматрасонии идораҳои давлатӣ шикоят мекунад. Проблема дар ин соҳа зиёд аст. Масалан, соли гузашта дар фурӯши гӯшт дар ҷойҳои ғайристандартӣ бидуни яхдон шикоят буд. Мо ин мушкилро дар бозори «Шоҳмансур» ҳал кардем. Умуман дар бораи нақзи ҳуқуқи истеъмолкунанда мушкилот зиёд аст, вале шикоят кам».

ИСТЕЪМОЛКУНАНДАРО МАЪРИФАТИ БОЛО МЕБОЯД


Дар ҳамин ҳол, Иттиҳодияи дифоъ аз ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар Тоҷикистон ба унвони мисол аз идораи «Водаканал» ва ё обу корези шаҳри Душанбе ном бурд, ки ҳар сол мудираш иваз мешава, дар ҳоле ба аксарияти сокинони биноҳои истиқоматии баландошёна пойтахт аз 8 то 10 соат об медиҳанд, вале барои 24 соат дар шабонарӯз пул меситонанд. Ин созмон ҳамчунин бо ишора ба ширкати «Барқи Тоҷик» гуфт, ин ширкат бидуни огаҳӣ барқро дар минтақаҳои шаҳр ва деҳот қатъ мекунанд ва ё ба далели шиддати зиёди барқ асбобҳои рӯзгор корношоям мешаванд, вале ҳеҷ кас хисороти онро ба дӯш намегирад. Аммо ниҳодҳои давлатӣ бар онанд, ки дар бораи нақзи ҳуқуқи истеъмолкунанда ба онҳо муроҷиате дастрас нашудааст.

Дар ҳар сурат соҳибназарон бар ин боваранд, ки бояд маърифати истеҳсолкунандаву ниҳодҳои хизматрасон ва истеъмолкунандагонро бояд боло бурд, то истеҳсолкунандаву бозору мағоза битавонад ба истеъмолкунанда ба таври бояду шояд ва қонунӣ хизмат расонад ва дар навбати худ истеъмолкунанда аз ҳуқуқҳои худ истифода карда тавонад.
XS
SM
MD
LG