Албатта, либоси хуб бидуни пойафзоли муносиб ҳеҷ аст. Аз ин рӯ, “Кристиан Диор” ба ҳаводорони худ пойафзоли пошнабаландро низ пешниҳод мекунад.
Ҳамчунин султонҳои мӯди ҷаҳон мегӯянд, рангҳои шод, сурху сафеду кабуду норинҷӣ аз вижагиҳои баҳори соли 2011 хоҳад буд. Ба гуфти дизайнерҳо, сару либоси соли равон нусхаи солҳои ҳафтодум хоҳад буд.
Тоҷикистон аз кишварҳоест, ки шаҳрвандонаш дар пайи мӯд нестанд ва таъсиси хонаҳои мӯд низ дар кишвар роиҷ нашудааст. Онҳое, ки ба либосҳои аврупоӣ тарҷеҳ медиҳанд, асосан аз мӯди роиҷ дар Русия нусха мебардоранд.
Бархе дигар бо истифода аз тарроҳони дохилӣ мекӯшанд, либоси худро ба замона мувофиқ созанд. Ба сурати умум, мӯди либосро дар Тоҷикистон на тарроҳони дохилӣ, балки тоҷирон муайян мекунанд.
Тоҷирони дӯконҳои вижа ва ё “бутикҳо” барои ин мавсим ҳанӯз аз фасли зимистон омадагӣ дида, аз кишварҳои Туркия, Чин, Қирғизистону Узбакистон ва дигар давлатҳои наздик ба бозор маҳсулот ворид кардаанд.