Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин ҷаласаи байнипарлумонии ИА ва Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як гурӯҳи вакилон барои ширкат дар нишасти байнипарлумонии Тоҷикистон ва ИА, озими Брюссел шудаанд.

Ин ҳайъат давоми ду рӯзи баргузории ин нишаст, бо ҳамтоёни худ дар Парлумони Иттиҳодияи Аврупо масоили мухталиф, аз ҷумла риояти ҳуқуқи башар ва равандҳои низоми демократӣ дар Тоҷикистон, масоили таъмини амнияти минтақа ва тақвияти ҳамкориҳои иқтисодиро мавриди арзёбӣ қарор хоҳанд дод.

Интизор меравад, дар ҳошияи ин нишаст ҳайъати парлумонии Тоҷикистон бо масъулони Паймони Нерӯ (Хартияи энергетикӣ) низ дидор ва мулоқот анҷом бидиҳанд.

ҲУҚУҚИ ИНСОН ВА МАСОИЛИ ИҚТИСОДӢ

Галия Рабиева, вакили Маҷлиси Намояндагон

Ин аввалин ҷаласаи кумитаи байнипарлумонии миёни парлумони Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистон аст, ки дар он ҳам масоили вобаста ба мурооти ҳуқуқи инсон ва ҳам масоили иқтисодиву амниятӣ ва низ идомаи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин Иттиҳодия ба баҳсу баррасӣ кашида мешавад.

Галия Рабиева, муовини раиси Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ ва раҳбари ин ҳайати эъзомӣ дар сӯҳбат бо радиои "Озодӣ" гуфт, бар пояи муқаррароти таъйиншуда дар ин нишаст нахуст ҷониби Тоҷикистон гузориши худро ироа хоҳад кард ва сипас миёни вакилони ҳарду тараф саволу ҷавоб ва баҳсу мунозира сурат мегирад.

Ҳамон тавре ки хонум Рабиева гуфт, онҳо дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон, равандҳои демократӣ ва мушкилоти он дар Тоҷикистон ва амнияти минтақа сӯҳбат хоҳанд кард.

Ин вакили Маҷлиси Намояндагон афзуд, дар ин нишаст ҳамчунин масоили кӯмакҳои Иттиҳодияи Аврупо ба Тоҷикистон, аз ҷумла дар амри таъмини истиқлолият, гузаштан ба шароити иқтисоди бозаргонӣ ва сармоягузорӣ дар бахши обу энержии Тоҷикистон, матраҳ хоҳанд шуд.

Ин нишаст дар пояи як санади ҳамкорӣ, ки миёни Тоҷиикстон ва Иттиҳодияи Аврупо дар соли 2004 дар Люксембург ба имзо расида ва аз оғози соли гузашта ба марҳилаи иҷро даромадааст, сурат мегирад...



МАҲДУДИЯТҲО, ШИКАНҶА ВА ИНТИХОБОТ

Аммо вакилони парлумони Тоҷикистон дар ин нишаст дар ҳоле аз масъалаи риояти ҳуқуқи башар дар ин кишвар сӯҳбат мекунанд, ки аз сӯи созмонҳои байналмилалӣ ва таҳлилгарон Тоҷикистон дар шумори кишварҳое зикр мешавад, ки ҳуқуқи башар ба таври пайваста нақз ё поймол мешавад.

Маҳдудият дар роҳи чопу нашри рӯзномаҳо ва анҷоми фароизи мазҳабӣ, вуҷуди мавориди шиканҷа ва фасод дар боздоштгоҳҳо ва бақия ниҳодҳои давлатӣ, баргузории интихоботҳои ғайришаффоф ва ноодилона аз иттиҳомоте ҳастанд, ки ҳамвора алайҳи Тоҷикистон садо медиҳанд.

Аз Галия Рабиева, роҳбари ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ин нишаст, пурсидем, ки оё омодаанд дар чунин мавориде, масалан, дар бораи ҳукми зиндони Муҳаммадрӯзӣ Искандаров бипурсанд, ҷавоби қонеъкунанда диҳанд.
Хонум Рабиева гуфт, ки он чи қонуни Тоҷикистон дар ин маврид пешбинӣ кардааст, дар такя ба он посух хоҳанд гуфт.

Нишасти аввалини кумитаи байнипарлумонии Парлумони Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон тайи ду рӯз дар Брюссел идома хоҳад кард. Ин нишаст дар пояи як санади ҳамкорӣ, ки миёни Тоҷиикстон ва ин иттиҳодя дар соли 2004 дар Люксембург ба имзо расида ва аз оғози соли гузашта ба марҳилаи иҷро даромадааст, сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG