Непотизм ва ё қавмгароӣ, ба истилоҳи мардумӣ, хешутаборчигӣ аст. Ҳоло сару садоҳои зиёдеро дар мавриди реша гирифтани қавмгароӣ дар Тоҷикистон мешунавем, ки мегӯянд, фарзандони раисҷумҳури кишвар дар мақомҳои давлатӣ таъйин шудаанд, писарони вазирон бо вуҷуди бетаҷрибагӣ вазифаҳои баландро доранд ва ғайра.
Вале кам шудааст, ки бигӯянд, непотизм паёмадҳои фалокатбор барои Тоҷикистон дошта метавонад. Непотизм, ки садҳо сиёсатмадорро беобрӯву шармсор кардааст, мисли ҷондори зарароварест, ки бачаҳои зиёд таваллуд мекунад.
БАЧАИ АВВАЛИ НЕПОТИЗМ
Яке аз бачаҳояш ба гуфтаи Константин Бондаренко, мудири созмони ғайриҳукуматии “Маркази бозори озод дар Тоҷикистон”, бад ва камҳосил шудани кори як корхона ва ё ширкат аст, чӣ хусусӣ бошад ва ё чӣ давлатӣ:
“Вақте раҳбар, кормандро бар асоси меъёри садоқат ба кор мегирад ва хешовандон умдатан ба раҳбар содиқанд, дар ин сурат раҳбар василаҳои идораи он фардро аз даст медиҳад. Хеш дар ин ҳолат дар шароити боимтиёзе қарор мегирад ва вафодориву садоқати худро болотар аз натиҷаи кори худ медонад. Барои ӯ муҳим нест, ки ҳосили кораш чӣ аст. Дар ин ҳолат ба таври мустақим кори ширкат зарар мебинад.”
БАЧАИ ДУВВУМ
Бачаи дуввуми непотизм, корхонаро ба тадриҷ аз дарунаш мехӯрад, зеро дар он коргаронро аз рӯи ҳунару малакаву савод ба кор нагирифтаанд: “Масъалаи ихтисос, савод дуввумдараҷа мешавад, зеро имкон надорад, ки шумо аз байни хешовандону наздикони худ теъдоди кофии афроди муносиб барои корро пайдо кунед, ки ба тамоми меъёрҳо ҷавобгӯ бошанд. Дигар ин, ки вақте коллективи корхона аз ҳисоби наздикон бузург мешавад, дар он шумо шароитеро намебинед, ки афроди гуногунандеша, маҳал ва фарҳангҳои мухталиф бо ҳам рақобати солим кунанд. Ин як коллективи якрангу якнавохт мешавад, чун аъзояш шояд аз як гурӯҳ ва ё деҳа омадаанд, андешарониашон якхел аст, фикри интиқодиро дар он намебинед ва ҳамингуна ин коллектив ба рукуд дучор мешавад. Шикасти ин муассиса ногузир аст. “
БАЧАИ САВВУМ
Бачаи саввуми непотизм, мардуми оддиро озор медиҳад, ки дар сурати пеш омадани коре бо умед ба назди як корманди давлатӣ мераванд, вале дар онҷо ба афроди камҳунаре дучор меоянд, ки баръакс саргардонашон мекунанд. Чунин шикоятҳоро дар Тоҷикистон худи шумо ҳам ҳар рӯз мешунавед.
Наҷиба Ширинбекова, мудири иҷроии созмони байналмилалии “Ҳуқуқ ва Беҳбудӣ” дар Душанбе мегӯяд: “Ӯ масалан мутахассис нест ва наметавонад ин ё он корро дуруст анҷом диҳад. Бахусус агар ӯ хизматчии давлатӣ бошад, наметавонад, вазифаҳоеро, ки ба ӯ додаанд дуруст иҷро кунад ва ба таври муносиб ба мардум хидмат расонад. Хизматҳоеро, ки давлат ба мардум кафолат додааст. “
БАЧАИ ЧАҲОРУМ
Бачаи чаҳоруми қавмгароӣ, қотили ҳунару пешрафти як инсон ва ё як ҷомеа аст. Константин Бондаренко, мудири созмони ғайриҳукуматии Маркази бозори озоди Тоҷикистон чунин намуна меорад: “Ман ба як ширкат барои кор меоям ва мебинам, ки ҳамаи мақомҳои муҳимро хешовандҳо ишғол кардаанд, аз ин рӯ дилгармии ман ба кор аз байн меравад, зеро ман медонам, ки ман дар онҷо ба ҳеҷ чиз ноил намешавам. Ҳадди аксар метавонам, мудири шӯъба шавам, зеро мақомҳои баланди дигарро ҳама хешҳо ишғол кардаанд. Ин шароит, дилгармӣ ва эътимоди маро аз байн мебарад, ман ба кори худ манфиатдор нестам. “
БАЧАИ ПАНҶУМ
Бачаи панҷуми қавмгароӣ, агар дар ниҳодҳои давлатӣ ривоҷ ёфта бошад, барои худи ҳукумат хатарнок аст.
Роберт Вешлер, мудири бахши пажӯҳиш дар созмони Сити Этикс, дар Амрико, ки масоили қоидаҳои рафтору амалкард дар ниҳодҳои давлатиро таҳқиқ мекунад, дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: “Непотизм дар зеҳни мардум ин тасавурро ҳосил мекунад, ки ҳукумат фақат барои хидмат ба афроди дохили он кор мекунад ва на барои мардум ва афроде, ки молиёт месупоранд. Мардум чунин эҳсос мекунанд, ки ҳукумат барои онҳо нест, балки фақат барои ҳамон афроди дохили ҳукумат аст ва ин дар воқеъ муносибати мардум ба ҳукуматро комилан тағйир медиҳад. Непотизм дар воқеъ дар миёни мардум эҳсоси бисёр бадро бармеангезад ва онҳоро аз ҳукумат хашмгин мекунад."
Мисли он, ки дар Қирғизистон ва Мисру Тунису дигар кишварҳои арабӣ кард. Дар ин кишварҳо, ҳукуматҳо иборат аз афроди як хонавода буданд ва ё аъзои хонаводаҳои раҳбарон тиҷоратҳои бузургу судоварро зери даст доштанд.
МОНЕИ РУШДИ ҶОМЕА
Парвиз Муллоҷонов коршиноси тоҷик мегӯяд, агар омили аслии сарнагун шудани ҳукуматҳову нооромиҳо дар он кишварҳо шиддати иҷтимоӣ ва гарон шудани нархҳо буд, аммо непотизм як ёвари он омил шуд.
Дар Тоҷикистон ҳам яке аз омилҳои онро ҳамон непотизм ва ё қавмгароӣ медонанд, ки дар замони Шӯравӣ ҳам реша гирифта буд. Бачаҳои газандаву зараровари ҷондори непотизмро ҳисоб кунем, ангуштони дасту по кифоят намекунанд ва ҳамаи онҳо дар маҷмӯъ ҷамъиятро ба ақиб мекашанд ва намегузоранд, то сатҳи зиндагии мардум беҳтар шавад. Наҷиба Ширинбекова аз созмони “Ҳуқуқ ва Беҳбудӣ” мегӯяд: “Непотизм дар маҷмӯъ монеи рушд дар тамоми арсаҳо мешавад, чӣ дар арсаи иқтисодӣ ва ё иҷтимоӣ.”

Бале тоҷикон, масали “аввал хеш баъд дарвеш доранд”, аммо ин байти Ҳофизи Шерозӣ ба масал табдил ёфтааст, ки гуфтааст, “Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам, Ҳар он чӣ кард ба ман, он ошно кард”.