Ёдгор Шарипов, муовини сардори раёсати маорифи шаҳри Душанбе гуфт, феълан тарҳи лоиҳаи мазкур ба вазорати маориф пешниҳод шудааст ва баъди розигии ин вазоратхона, шурӯъ аз соли нави хониш, мактабҳои шабона ба фаъолият оғоз мекунанд.
Тасмим бар пояи муроҷиати хонаводаҳо
Ба гуфтаи ҷаноби Шарифов, тасмими кушода шудани мактабҳои шабона бар пояи муроҷиати шаҳрвандони ҷавон ва хонаводаҳо сурат гирифтааст: «Ба мо муроҷиат мекунанд, ки дар куҷо хонанд. Онҳо бо сабабҳои гуногун баъди синфи нӯҳум таҳсил накардаанд, акнун бояд чи кор кунан? Ҳатто ҷавонҳо аз сафи артиш ҳам муроҷиа мекунанд»
Ба гуфти Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, мактабҳои шабона дар чаҳор навоҳии пойтахт кушода мешаванд ва таълим аз соати чаҳори баъди зӯҳр ба роҳ монда мешавад. Ва наврасон сарфи назар аз сину сол ба таълим ҷалб мегарданд.
Гулнора Бобоева сардори раёсати мазкур мегӯяд, ки наврасони сини мактабӣ, ки аз таълим дар мактаб бо сабабҳои мухталиф дур шудаанд, метавонанд дар басти шабона пурра ба таълим фаро гирифта шаванд.
Ба гуфти муаллифони ин пешниҳод, айни ҳол хароҷоти фаъолияти мактабҳои шабона ва теъдоди зарурии омӯзгорон мушаххас нашудааст. Аммо тасмими кушодани мактабҳо ҷиддӣ ва мушаххас аст. Барои қабул кардани хонандагон ба мактабҳои шабона озмун эълон карда мешавад ва довталабон бо назардошти он, ки қаблан то кадом синф омӯзиш дидаанд, таҳсилро идома хоҳанд дод.
50 ҳазор дур аз таҳсил
Вазорати маорифи Тоҷикистон ду ҳафта қабл теъдоди хонандагони аз мактаб дур мондаро ҳудуди 50 ҳазор нафар унвон эълон карда буд. Аммо раёсати шаҳри Душанбе мегӯяд, ки то ҳол дар мавриди хонандагони аз мактаб дур монда дар пойтахт омори дақиқ надоранд. Вале тадбирҳо ҷиҳати мушаххас кардани ин омор андешида шуда истодааст ва рӯзҳои наздик маълум хоҳад шуд.
Мактабҳои шабона ё ғоибона дар замони шӯравӣ ва ҳам баъди истиқлолият дар Тоҷикистон фаъолият доштанд.
Дилрабои 14-сола ният дорад, ки бо кушодани мактабҳои шабона таҳсилро идома диҳад. Дилрабо таҳсилро дар мактабҳои рӯзона ба сабаби вазъи бади иҷтимоӣ тарк кардааст ва ба мактаби шабона ҳам дар ҳоле хоҳад рафт, ки таҳсил дар он бепул бошад.
Саида Набиева пажӯҳишгари соҳаи маориф мегӯяд, ки таъсиси дубораи мактабҳои шабона иқдоми нек аст. Зеро, ки имрӯз даҳҳо тан аз наврасон бино ба вазъи бади иҷтимоӣ, рӯзона машғули кор ҳастанд. Ин наврасон метавонанд баъди кор, шабона ба таълим фаро гирифта шаванд: «Мактабҳои шабона вақтҳои охир фаъолияти хуб надоштанд, аммо мактабҳои ғоибона хуб буд. Дар мактабҳои шабона хонандагон барномаҳои таълимии мактабҳои рӯзонаро аз худ карда наметавонанд, аммо хуб аст, ки ҳуҷҷат мегиранд»
Роҳи нави ришваситонӣ?
Аммо таҳлилгари дигар Сафарбек Кабиров бар ин назар аст, ки барои ҷомеае, ки 60 дарсади аҳолиаш камбизоат ҳастанд ва 40 дарсади наврасон ба ноновари хона табдил шудаанд, иқдомҳои ҷузъи нақше бозида наметавонанд: «Дар Тоҷикистон ҳеҷ кас шаб ба мактаб намеравад, ин ҳам боз як роҳи ришваситонӣ аст. Бо ҳар роҳе набошад соҳиби номаи камол шаванд ва ба мактабҳои олӣ дохил шаванд»
Ёдгор Шарипов мегӯяд, ки дар мактабҳои шабона, ҷавонон сини 18- сола ҳам дар асоси муроҷиаташон қабул карда мешаванд. Зеро иддае аз ҷавонон, ки дар сафи хидмати ватан ҳастанд, ниёз ба савод омӯхтан ва ҳуҷҷат гирифтан доранд. Иддаи дигари ҷавонон низ мактабҳоро кайҳо тамом кардаанд, аммо ҳуҷҷати хатми мактаби миёнаро надоранд.