Ин сафорат дар баёнияе гуфтааст, “маълум шуд, ки сокинони Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷие, ки муқими Тоҷикистонанд, огоҳиномаи бардурӯғро роҷеъ ба соҳиб шудани раводиди муҳоҷират ё "грин-корт" тавассути почтаи электронӣ гирифтаанд."
Масъулони сафорати Амрико аз сокинони Тоҷикистон хоҳиш кардаанд, то ҳангоми истифода аз хадамоти созмону ширкатҳои шахсӣ барои гирифтани раводиди муҳоҷират ба Амрико худдорӣ варзанд.
Зеро ба гуфтаи онҳо, "теъдоди мактубҳо, сомонаҳо ва эълонҳои бардурӯғ, ки хадамоти худро барои гирифтани раводид пешкаш менамоянд, афзудаанд.
Сафорат гуфтааст, сомонаҳои тақаллубӣ худро сомонаҳои расмии Департаменти давлатии Амрико муаррифӣ карда ва барои пур кардани дархостномаи раводиди муҳоҷират ё "грин-корт" маблағ талаб мекунанд.
Дар ҳоле ки сомонаи расмии Вазорати умури хориҷии Амрико барои хонапурӣ кардани дархостнома маблағ намепурсад.
Ҳамасалола дар чаҳорчӯби барномаи “грин-корт” то 55 ҳазор ариза барои муҳоҷират ба Амрико қабул карда мешавад.
Аризаҳо ба таври электронӣ интихоб гардида, аризадиҳандагон аз сӯи Департаменти давлатии Амрико тавассути нома огоҳ карда мешаванд.
"Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ягон мушовири беруна ва ё хидмати шахсиро барои идора ва иҷрои барномаи "грин-корт" киро намекунад. Ҳамаи миёнаравон ва ё шахсони дигар, ки ба омода кардани ариза барои "грин-корт" хидмат мерасонанд, бидуни иҷозат ва ризоияти Амрико фаъолият мекунанд",-омадааст дар баёнияи сафорати Амрико дар Тоҷикистон.