Ҷаноби Сангмадов гуфт, рӯзи сешанбе, 8-уми март, мувоини раиси Донишгоҳ ва як маъмури пулис ӯро барои аксбардорӣ ҳангоми буридани дарахтон боздошт ва сипас ҳудуди 20 дақиқа мавриди бозпурсӣ қарор додаанд.
Вай афзуд, ҳанӯз ҳам афроди вобаста ба раҳбарияти Донишгоҳи шаҳри Кӯлоб ӯро барои кори хабарнигорияш таъқиб мекунанд.
Ба гуфтаи ин хабарнигори ҷавон дар Кӯлоб, натиҷаи бозпурсӣ собит кардааст, ки раҳбарияти донишгоҳ дар ин ҳодиса муқассиранд ва ӯ танҳо вазифаи хабарнигорияшро иҷро кардаасту тамом.
Баҳриддин Сангмадов мегӯяд, дар гузашта низ болои фаъолияти хабарнигории ӯ фишорҳо зиёд буда, вале ҳодисаи ахир, тарҳрезишуда ва ба хотири берун карданаш аз Донишгоҳ ва ҳамин тавр аз нашрияи "Анвори Дониш" анҷом шудааст.
Зеро ҷаноби Сангмадов мӯътақид аст, ки фаъолияти хабарнигорияш дар нашрияи "Пажвок" барои бархе аз доираҳои Донишгоҳ хушоянд нест.
Вай мегӯяд, бар асари бозпурсӣ ва озору азияти рӯзи 8-уми март зарари ҷисмонӣ ва маънавӣ гирифтааст. Ба ин далел ин хабарнигори ҷавон ҳушдор дод, ки "агар ин фишору асабвайронкуниҳо қатъ нашавад, ба додгоҳ ва ниҳодҳои болотари ҳуқуқи башар шикоят хоҳам бурд."
Ҳоло Баҳриддин Сангмадов, ба НАНСМИТ ё Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, ки созмони дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон аст, муроҷиат ва хостори кӯмаки ҳуқуқӣ шудааст.
Ин дар ҳолест, ки Нуралӣ Солеҳов, раиси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб амалкарди Баҳриддин Сангмадовро дар мавриди аксбардорӣ ғайриахлоқӣ номид ва гуфт, ки ин хабарнигор ҳамроҳи Орзу Ҳамидов, ҳамкасби дигари худ бидуни мувофиқа бо раҳбарияти донишгоҳ ба аксбардорӣ машғул шудаанд.
Ба қавли ҷаноби Солеҳов, ин хабарнигорон ҳамчунин бо масъулони донишгоҳ дағалона рафтор намудааанд. Аммо раиси Донишгоҳи давлатии Кулоб дар мавриди бозпурсӣ ва мавриди озор қарор гирифтани Баҳриддин Сангмадов изҳори беиттилоӣ кард.