Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастмузди ками занон нисбат ба мардон дар Аврупо


Иттиҳодияи Аврупо бо нашри гузорише, бисёре аз кишварҳои ин иттиҳодияро дар ҳиҷолат гузошт.

Бино ба омори тоза, ҳадди миёнаи даромади занон дар қаламрави Иттиҳодияи Аврупо назар ба даромади мардон ҳафтдаҳуним дар сад камтар аст ва ин тафовути амиқ 15 сол аст, идома дорад.

Вивиан Реддинг, Кумиссионери ҳуқуқи занон дар иттиҳодия мегӯяд, тафовути мазкур чунин маъно дорад, ки занон бояд ду моҳи изофӣ дар як сол кор кунанд, то баробари мардон пул ба даст оранд. Метю Нюман, сухангӯи Вивиан Реддинг, сабаби тафовути амиқи даромади занону мардон дар кишварҳои Иттиҳодияи Аврупоро, дар сохтори бозорӣ кории кишварҳои узв хонд.

Бисёре аз занон барои кор касбҳоеро, ки пули бештар доранд, интихоб намекунанд. Ин аз айёми ҷавониашон шурӯъ мешавад, ки занон бештар ба улуми иҷтимоӣ рӯ меоранд ва масалан омӯзгор мешаванд, ки музди кори баланде надорад. Онҳо муҳандис, мутахасиси компютер ва коргузорӣ намешаванд, ки музди кори зиёдтар доранд.

Тафовути даромади зану мард дар кишварҳои узв аз ҳам фарқ мекардааст, масалан дар Эстония ин фарқ 30 дар сад будааст, вале Итолиё метавонад, худситоӣ кунад, зеро фарқи даромади занон аз мардон дар ин кишвар танҳо 5 дар садро ташкил медодааст. Метю Нюман, мегӯяд, сабаби тафовути ками даромадҳо дар Итолиё ин аст, ки занон дар ин кишвар назар ба кишварҳои дигари Иттиҳодияи Урупо ба корҳои каммузд камтар ҷалб мешаванд.

Кумиссиёни Аврупо гуфт, ки барои расидагӣ ба ин мушкил маъракаҳоеро барои боло бурдани огаҳии ҷомеа аз ин масъала раҳандозӣ хоҳад кард. Аммо баъзе аз сиёсатмадорон хостори ислоҳоти қонунӣ барои раъфи ин мушкил ҳастанд. Ева Бритт Свенсон, раиси кумитаи ҳуқуқи занон дар парлумони Аврупо мегӯяд, натиҷаҳои гузориш нишон медиҳад, ки дастурҳои иттиҳодия барои тазмини пардохти музди баробари кор ба мардону занон натиҷа надодааст. Аз ин рӯ ба гуфтаи ӯ, Кумиссиёни Аврупо бояд қонуни наве барои ҳалли ин мушкил қабул кунад.

Қонун бояд ба шакле бошад, ки нагузорад, то нобаробарӣ дар пардохти музди кор идома кунад. Мо кори зиёде карда метавонем, мо инсонро ба моҳ фиристода метавонем. Ва бояд дастурҳое қабул кунем, дар амал натиҷа диҳанд.

Хонум Свенсон, мегӯяд ҳалли мушкили мазкурро бояд аз боло то поён ҷустӯҷу кард ва мисол овард, ки 97 дар сади мудирони ширкатҳои бузурги қаламрави Иттиҳодияи Аврупо занон ҳастанд. Ева Бритт Свенсон ба иттиҳодия тавсия дод, ки ба Норвегия пайравӣ кунад, ки узви Иттиҳодияи Аврупо нест, вале дар шӯрои мудирони тамоми ширкатҳо барои занон квота тақсим кардааст. Фаронсаву Испониё аввали ҳамин сол чунин карданд ва Белжик ҳам дар андешаи қабули як чунин қонун аст.
XS
SM
MD
LG