Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба Исломобод рафт


Раисҷумҳури Тоҷикистон дар раъси як ҳайати баландпояи ҳукуматӣ ба Исломобод, пойтахти Покистон рафт.

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатии президент оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири энергетика ва саноат Шералӣ Гул, вазири рушди иқтисод ва савдо Фаррух Ҳамралиев, вазири кишоварзӣ Қосимҷон Қосимов, вазири тандурустӣ Нусратулло Салимов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Амонҷон Эшонқулов ҳамроҳӣ мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон тайи ин сафари серӯза бо Осиф Алӣ Зардорӣ, раисҷумҳур ва Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири Покистон, дидор ва дар бораи таҳкими равобити дуҷониба ва ҳамкориҳои бештар гуфтугӯ мекунад.

Интизор меравад, ки дар ин мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар бахши энержӣ низ баррасӣ шавад.

ПАЙВАНДИ НАВИ ИСЛОМОБОДУ ДУШАНБЕ

Боздиди ҷаноби Раҳмон аз Покистон дар ҳоле сурат мегирад, ки соли 2009 Осиф Алӣ Зардорӣ, раисҷумҳури Покистон ва соли 2010 Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири ин кишвар аз Тоҷикистон боздид анҷом дода буданд.

Гузашта аз ин, дар охири моҳи феврал нишасти ҳайатҳои Тоҷикистону Покистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ки дар он масъалаи сохтмони хатти баландшиддати "CASA-1000" баррасӣ шуд.

Хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқ "CASA-1000" аз тарҳҳои бузурги минтақавист, ки бо кӯмаки созмонҳои бузурги молиявии ҷаҳонӣ, ба монанди Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки рушди Осиё бо ҳазинаи 680 миллион доллар сохта мешавад ва умдатан интиқоли барқи нерӯгоҳҳои "Қамбарота"-и Қирғизистон ва "Роғун"-и Тоҷикистон ба Афғонистон ва Покистонро дар назар дорад.

Ба гуфтаи мақомот, дар оғоз тариқи ин хатти баландшиддати 500 киловолта 1000 ва ниҳоятан 4000 мегават барқ ба Осиёи Ҷанубӣ, умдатан Покистон интиқол дода хоҳад шуд.

Покистон аз нахустин кишварҳое аст, ки дар оғози солҳои навадум истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф карда, сафорати худ дар Душанберо боз намудааст. Раҳмон Набиев, раисиҷумҳури нахустини интихобшудаи Тоҷикистон, низ дар аввалин сафарҳои хориҷии худ аз Покистон дидан намуд буд.

ТАШНАИ БАРҚИ ТОҶИКИСТОН

Покистон кишвари билқувваи истифодабарандаи барқи Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки аз шурӯи истиқлолияти Тоҷикистон чашми умед ба барқи Тоҷикистон, бахусус нерӯгоҳи Роғун дӯхтааст.

Соли 1990 ин кишвар барои ин тарҳ 500 миллион доллар ваъда дод, аммо баъд аз ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ва тағйири ҳукуматҳо дар ду кишвар мақомоти Покистон изҳор доштанд, ки то рӯшан шудани мавқеи Русия аз ширкат дар ин тарҳ худдорӣ хоҳанд кард.

Покистон бо ишора ба ин, ки ҳанӯз ташнаи барқи обии Тоҷикистон аст, кӯшидааст, ки дар ду соли гузашта ҳамкориҳои худ бо Душанберо таҳким бахшад.

Ҳамчунин, ҷониби Тоҷикистон талош кардааст, ки барои рехтани сармояи Покистон заминаҳоро фароҳам кунад. Соли 2009 вакилони мардумӣ дар парлумони Тоҷикистон созишнома миёни ҳукумати ин кишвар бо Покистон оид ба ташвиқ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузориҳоро ба тасвиб расонданд.

ҲАМКОРИҲОИ ИҚТИСОДӢ

Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, ҳамакнун барои вуруди сармояи Покистон ба ин кишвар садду монеа вуҷуд надорад, балки давлат шароити ҳифз ва ҳимояти ҳуқуқии ин сармояро таъмин мекунад. Таҳлилгарон мегӯянд, агар бандҳои созишнома танҳо дар рӯи коғаз намонанд, Покистон метавонад, ки дар роҳандозии корхонаҷоти тавлид ва коркарди пашму пӯст ва низ семент ба Тоҷикистон кӯмак намояд.

Тибқи иттилои расмӣ, ҷониби Тоҷикистон ба Покистон тарҳи сохтмони як корхонаи семент, таъсиси корхонаҳои муштарак дар заминаи конҳои оҳаксанги Кенкулсой ва Навобод дар Истаравшан, кони хоросанги "Шайдон"-и Ашт, коркарди нахи пахта дар Восеъ, Конибодом ва Хуҷанд ва ҷалби ширкати покистонии "OGDSL" барои коркарду истихроҷи нафту газро пешниҳод кардааст.

Бунёди роҳи иртиботии "Ишкошим - Читрол" тариқи дараи Вахон ва ба зудтарин фурсат шурӯъ шудани парвозҳо миёни Душанбе-Исломобод аз дербоз мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибайн қарор дорад.

Тибқи иттилои расмӣ, гардиши мол миёни Покистону Тоҷикистон соли гузашта 20 миллион долларро ташкил додааст. Дар ҳоли ҳозир аз Покистон ба Тоҷикистон мева, семент, либосворӣ ва дигар намудҳои маҳсулоти саноати сабук ва сохтмон ворид мешаванд.
XS
SM
MD
LG