Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаззофӣ аз эътирозҳо бехабар аст?


Муаммар Қаззофӣ бори дигар дар бенизомиҳои Либия шабакаи "Ал-Қоида" ва "дасти хориҷӣ"-ро айбдор кард.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, талошҳои нерӯҳои содиқ ба раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ барои дубора таҳти назорат қарор додани шаҳри Брега, воқеъ дар шарқи кишвар, дирӯз ноком анҷом ёфтанд.

Дар задухӯрдҳо дар ин шаҳри бандарӣ дастикам 10 нафар кушта шудаанд.

ҚАЗЗОФӢ: "ЯГОН ХЕЛ ЭЪТИРОЗ НАБУД!"

Муаммар Қаззофӣ дар назди ҷонибдорони худ дар маросиме бахшида ба 34-умин солгарди таъсиси ҷамоҳирияи Либия суханронӣ кард. Ӯ аз хабарҳо дар бораи эътирозҳо дар кишвар изҳори ҳайрат кард. Ба гуфтаи ӯ, "ҷаҳон

мегӯяд, ки гӯё тақрибан ҳазор тан аз эътирозгарон ҳангоми намоишҳои осоишта кушта шудаанд".

"Ягон хел намоиш набуд.-гуфт ӯ,- Дар ин ҷо расонаҳои хабарии ҷаҳонӣ ва сафирони хориҷӣ ҳузур доранд. Дар Бенғозӣ, Ал-Байда ва Дарно ягон хел намоиш набуд. Эътирозгарон ба намоиш набаромадаанд. Умуман ягон хел намоиш набуд".

Раҳбари Либия дар ташкили бенизомиҳо дар кишвар бори дигар шабакаи “Ал-Қоида”-ро айбдор намуд ва ҳамчунин гуфт, ки расонаҳои хориҷӣ миқёси нооромиҳоро бузург нишон медиҳанд.

Ӯ афзуд, ки бар асари бенизомиҳо ҳамагӣ 150 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Муаммар Қаззофӣ нерӯҳои хориҷиро низ муттаҳам намуд, ки ба гуфтаи ӯ, талоши тасарруф ва забти чоҳҳои нафти Либияро доранд. Ӯ гуфт, ки “ҷамоҳирия – ин демократияи воқеист" ва таъкид намуд, ки Либияро мардум идора мекунад.

Ба гуфтаи Қаззофӣ, баъд аз инқилоб қудратро ба дасти мардум додааст ва айни ҳол ӯ на сарвазир аст ва на раисиҷумҳур ва умуман ягон мақоме надорад, ки онро тарк намояд. “Чашмони онҳое, ки ба идора шудани Либия аз сӯи мардум шубҳа доранд, кӯр хоҳад шуд”, изҳор намуд Қаззофӣ.

Ҷонибдорони дар хиёбонҳои Триполӣ ҷамъомадаи Қаззофӣ ҳангоми суханронии ӯ, ки аз тариқи телевизион пахш мешуд, шиорҳои “Оллоҳ, Қаззофӣ, Либия, Қаҳрамони мардум” дармедоданд.

БАРРОЗУ: "ҚАЗЗОФӢ МУШКИЛИ АСЛИИ ЛИБИЯ АСТ!"

Дар ҳамин ҳол кишварҳои ғарбӣ фишорро болои режими Либия пурзӯртар мекунанд. Бар пояи хабарҳо, корвони киштиҳои низомии амрикоӣ аз канали Суэтс убур карда сӯи соҳилҳои Ливия ҳаракат мекунад.

Жозе Мануэл Баррозу
Фаронса низ эълом дошт, ки киштии низомии «Мистрал»-ро ба хотири кӯмак дар интиқоли паноҳандагон ба минтақаҳои амн ба соҳилҳои Либия мефиристад.

Ахиран Жозе Мануэл Баррозу, раиси Комиссиюни Аврупо, низ ба думболи дигар сиёсатмадорон хостори истеъфои Қаззофӣ шуд.

Ӯ изҳор намуд, то замоне, ки Муаммар Қаззофӣ дар саҳнаи сиёсист, дар Либия сулҳ барқарор нахоҳад шуд. Баррозу гуфт, ки "аъмоли ғайри қобили таҳаммули режими Либия дар ҳафтаи ахир рӯшан карданд, ки сарҳанг Қаззофӣ фақат як бахши мушкил аст ва на ҳалли он".

Раиси Комиссиюни Аврупо афзуд, барои Қаззофӣ "замоне фаро расидааст, ки биравад, Либияро ба мардум баргардонад ва ба нерӯҳои демократӣ барои таҳияи роҳи нави самти фардои кишвар имкон фароҳам намояд".

Вале суханронии ахир Муаммар Қаззофӣ бори дигар собит мекунад, ки ӯ аз раёсати Либия канор рафтанӣ нест. Қаззофӣ дирӯз бори дигар такрор намуд, ки то охирин марду зан барои Либия мубориза мебарад.

Раҳбари Либия мутмаин аст, ки ҳазорон сокинони кишвар омодаанд дар сурати шурӯъи амалиёти низомии кишварҳои ғарбӣ барои ватанашон ва шахсан барои ӯ ҷони худро нисор кунанд. Ва аммо, мегӯянд таҳлилгарон, ҳаводиси манотиқи гуногуни кишвар баёнгари он аст, ки фақат дар Триполӣ як мушт ҷонибдорони Қаззофӣ боқӣ мондаанду халос.
XS
SM
MD
LG