Шаҳбоз Бҳаттӣ, ки худ масеҳист, дар гузашта яке аз ҳадафҳои тундравони исломӣ дар Покистон будааст. Ба сӯи мошини Шаҳбоз Бҳаттӣ, ки баъд аз зӯҳри ҳамин рӯз аз манзилаш ба сӯи қароргоҳи ҳукумат дар Исломобод равон буд, афроди мусаллаҳ тир андохта ва аз ҷойи ҳодиса фирор кардаанд. Пештар аз ин ҳам дар Покистон бинобар мухолифат ба Қонуни куфргӯӣ, як мақоми баландпояи дигари ҳукуматиро кушта буданд.
Полиси Покистон мегӯяд, агарчӣ ҳамлаварон аз ҷойи ҳодиса фирор кардаанд, аммо талош барои дастгирии онҳо идома дорад. Дар як мусоҳиба бо рӯзномаи “Крисиан Пост” дар Амрико, Шаҳбоз Бҳаттӣ гуфта буд, ки Толибон барои мавзеъгириаш нисбат ба Қонуни куфргӯӣ ба ӯ таҳдид кардаанд. Толибон ҳам рӯзи чаҳоршанбе масъулияти қатли вазири Покистониро бар дӯш гирифтанд.
Сухангӯи Толибон Саҷҷод Муҳаммад гуфтааст, вазир як куфргӯ буд. Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири Покистон қатли Шаҳбоз Бҳаттиро маҳкум кард ва қавл дод, ки қотилонро ёфта ҷазо медиҳанд. Ватикан ва калисои англиканӣ ҳам қатли вазири масеҳии Покистонро башиддат маҳкум карданд.
Шаҳбоз Бҳаттӣ, дуввумин мақоми баландпояи ҳукумати Покистон аст, ки барои мухолифат ба қонуни баҳсбарангези куфргӯӣ дар ин кишвар кушта мешаванд. Бар асоси ин қонун, ҳар навъ бадгӯӣ нисбат ба дини ислом ва ҳазрати Муҳаммад ҷиноят маҳсуб мешавад ва ҷазои фарди гунаҳкор ҳам ҳукми қатл аст. Аммо ба гуфтаи фаъолони сиёсӣ, ибороти номафҳум дар қонуни мазкур сабаби сӯистифода аз он шудааст.
Рӯзи чаҳоруми январ, Салмон Таъсир, раиси Панҷоб, вилояти сераҳолитарини Покистонро, ки мухолифи сарсахти қонун буд, яке аз муҳофизонаш кушт. Ба эътиқоди рӯшанфикрон ва гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқ дар Покистон, қонуни мазкур нисбат ба аққалиятҳои мазҳабӣ, бахусус ҳинду ва масеҳиён табъизомез аст. Салмон Таъсир аз ҷумла хостори авфи Осия Бибии 45-сола, як модари масеҳии соҳиби панҷ фарзанд буд, ки ӯро додгоҳи Лоҳур моҳи ноябри соли гузашта ба марг маҳкум кард.
Кишоварзони як русто дар наздикии шаҳри Лоҳур, маркази вилояти Панҷоб ин занро ба куфргӯӣ муттаҳам мекарданд. Шаҳбоз Бҳаттӣ қатли Салмон Таъсирро башиддат маҳкум карда буд. Ориш Кумар, вакил аз қавми сикҳ, дар порлумони Покистон мегӯяд, қатли Шаҳбоз Бҳаттӣ эҳсоси ноамнӣ дар миёни мардуми ғайримусулмон дар Покистонро бештар мекунад:
“Мо эҳсоси маҳрумият дорем ва ҳеҷ чиз гуфта наметавонем. То ҷое ман медонам, Шаҳбоз Бҳаттӣ мисли Салмон Таъсир, раиси собиқи вилояти Панҷоб ба як далел кушта шуданд.”
Масеҳиён дар Покистон ду дарсади аҳолиро ташкил медиҳанд ва аз он нигаронанд, ки Қонуни куфргӯӣ дар Покистон барои ҳимояти онҳо ҳеҷ муқаррароте пешбинӣ накардааст.