Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теҳрон мухолифинро саркӯб кард


Тазоҳуроти мухолифини эронӣ бо талаби раҳоии Мирҳусейни Мусавӣ ва Меҳдии Каррубӣ аз сӯи мақомоти амниятӣ пароканда карда шуд.

Сомонаи интернетии мухолифи ҳукумат - “Калима” бо такя ба шоҳидони тазоҳуроти рӯзи сешанбе навиштааст, ки кормандони амният ва афроди пироҳани шаҳрвандӣ дар тан дар канори бинои донишгоҳи Теҳрон ва маҳбас бо тазоҳургарон вориди бархӯрд шуданд ва ба хотири пароканда кардани издиҳом аз гази ашковар ва калтакҳои барқӣ истифода бурданд.

"МУБОРАКУ БИНИ АЛӢ, НАВБАТИ САЙИД АЛӢ!"

Шоҳидони тазоҳурот ба Радиои Фардо гуфтаанд, ки дар хиёбонҳои Теҳрону дигар шаҳрҳои бузурги Эрон ҳазорон нафар хостори раҳоии раҳбарони мухолифин Мирҳусейни Мусавӣ ва Меҳдии Каррубӣ шуданд. Онҳо ҳамчунин боздошти даҳҳо тазоҳургаронро дар пойтахт таъйид карданд.

Гуфта мешавад, дар шаҳрҳои Машҳад ва Шероз ҳам миёни тазоҳургарон ва
Фотима Каррубӣ ва Заҳро Раҳнавард
нерӯҳои амниятӣ бархӯрд ба вуқӯъ пайвастааст. Дар ин шаҳрҳо низ як идда аз эътирозгарон дастгир шуданд.

Дар Теҳрон ҷонибдорони мухолифин шиорҳои “Марг ба диктаторҳо” ва “Мубораку Бини Алӣ, навбати Сайид Алӣ” дармедоданд. Манзур аз Сайид Алӣ - раҳбари рӯҳонии Эрон Хоманей мебошад. Сомонаи “Нидои сабзи озодӣ” навиштааст, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳамроҳшавии донишҷӯён ба тазоҳурот дарсҳо дар бархе аз факултаҳои донишгоҳи Теҳрон қатъ карда шуданд.

МУСАВИЮ КАРРУБӢ КУҶОЯНД?


Хабарнигори Радиои Фардо Мино Баҳормаст, ки ҳаводиси ахирро пайгирӣ мекунад, мегӯяд, Мирҳусейни Мусавӣ ва Меҳдии Каррубӣ баъд аз намоишҳои пуштибонӣ аз мардуми Мисру Тунис дар рӯзи 14 феврал таҳти ҳабси хонагӣ қарор доштанд ва аммо ду рӯз пеш аз манзилҳояшон берун бурда шуданд.

Ба гуфтаи хонум Баҳормаст, “сайтҳои “Калима” ва “Саҳомнюз”, ки марбут ба Мусавӣ ва Карубиянд, бо такя ба манобеъи мувассақ дар Теҳрон хабар доранд, ки ин ду нафар ҳамроҳ бо ҳамсаронашон Заҳро Раҳнавард ва Фотимаи Каррубӣ ба зиндони канори Теҳрон Ҳашматия мунтақил шудаанд”

Ва аммо Додситони Теҳрон Ғулом Ҳусейн Муҳсини Эҷаӣ дар сӯҳбат бо хабаргузории ИСНА иттилоъ дар бораи зиндонӣ шудани Мусавию Каррубиро "дурӯғпарокании бархе аз расонаҳои зиддиэронӣ" номидааст. Ба думболи ин бархе сомонаҳо суол гузоштаанд, ки агар раҳбарони мухолифин дар маҳбас нестанд, пас онҳо куҷоянд?

Духтари Мирҳусейни Мусавӣ дар мусоҳиба бо сомонаи “Калима” гуфтааст, хабари ҳабси раҳбарони мухолифинро фақат дар ҳоле метавон рад кард, ки онҳо ба манзил баргарданд ваё пайвандон имкони дидор бо онҳо бидуни ҳузури кормандони амниятиро пайдо кунанд.

Ҷон Карнӣ, сухангӯи Кохи Сафед, изҳор намуд, ки Вошингтон ҳабси раҳбарони мухолифини Эронро ғайри қобили қабул мехонад ва талаб дорад, ки онҳо озод карда шаванд.
XS
SM
MD
LG